СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод
22/02/2010 22:20:05
Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки соли равон қабул гардида буд, бояд 189 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ сохта шаванд. Ҷиҳати таъмини иҷрои супоришу дастурҳои сарвари давлат бобати сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар ноҳияи Файзобод ҳам дирӯз нахустин нерӯгоҳи хурди обии барқӣ «Чашмасор» сохта мавриди баҳра бардории сокинони деҳаи Бунгакиён қарор гирифт. Нерӯгоҳи хурди обии барқии «Чашмасор» аз зумраи панҷоҳ нерӯгоҳи хурди обии барқест, ки соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар ба истифода дода мешаванд.
Тавононии нерӯгоҳ 40 киловат соат буда имкон медиҳад, ки сокинони деҳа ҳамарӯза пурра бо рӯшноӣ таъмин гардида аз тамошои телевизор баҳра бардоранд. Нерӯгоҳ бо ташаббуси мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва ташкилоти ҷамъиятии «Бинокор» (раис Фатоҳ Насриддинов) ва дастгирии молиявии Фонди наҷоти Арал ва Ширкати «Барқи тоҷик» сохта шуд.
«Фонди наҷоти Арал ба ин мақсад зиёда аз сӣ ҳазор сомонӣ ва ширкати «Барқи тоҷик» баробари 7 ҳазор сомонӣ инчунин ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ба сохтмон масолеҳ ҷудо кард», - иброз дошт раиси ташкилоти ҷамъиятии «Бинокор» Насриддинов Ф.
Дар маросими ба истифода дода шудани нерӯгоҳ, ки бо иштироки меҳмонону сокинони деҳа сурат гирифт. Муовини раиси ноҳияи Файзобод Шамсулло Абдуназаров ба истифода дода шудани нерӯгоҳи обии барқии «Чашмасор»-ро қадами ҷиддӣ дар роҳи истиқлолияти энергетикии кишвар маънидод намуда қайд кард, ки дар оянда низ сохтмони чунин нерӯгоҳҳои хурд дар ноҳия дар назар аст.
Раиси Фонди Арал Бегмурод Маҳмадиев, муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Нормуҳаммад Холназаров ва директори маркази «Идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» Салоҳиддин Мирзоев, ки дар ҷаъомад ширкат доштанд изҳори қаноатмандӣ аз иштироки фаъолонаи сокинони деҳа дар бунёди ин нерӯгоҳ намуданд.
Раиси деҳаи Бунгакиён Иззатулло Мирзоев барои чунин дастгирӣ ва кӯмак дар бунёди нерӯгоҳои хурди обии барқӣ ба ташкилотҳои мададгор ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз номи сокинони деҳа изҳори миннатдорӣ намуд.
Ба истифода дода шудани нерӯгоҳи хурди обии барқии «Чашмасор» қадами ҷиддиест дар таъминоти аҳолии навоҳии кӯҳистон бо барқ ва иҷрои дастурҳои Паёми имсолаи сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар.
Фатоҳ Насриддинов,
директори СҒД «Бинокор»