ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

 ГУЗОРИШ

оид ба сӯҳбати мизи муддавар дар Хуҷанд

барои созмонхои чомеаи шахрвандӣ ба хотири

пешбурди талабот ба тарзи идоракунии пурсамар дарТоҷикистон

28 марти соли 2013

 

 

 

 

 

 

 

Таҳияи

Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии

«Консортсиуми Ташаббус»

 

 

 

 

 

Гузориши муфассал аз рафти кори мизи мудаввар

 

Мизи мудавварро Атобоева Д.А. – сардори Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ «Консортсиуми Ташаббус» бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Атобоева Д. ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни мизи мудаварро хайра мақдам гуфта мақсади гузаронидани вохӯрии зеринро баррасӣ намуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд Ният ҳаёт дар баромади худ зарурияти фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро дар замони муосир қайд намуд: «ҳар як лоиҳа ба хотири пурра намудани фазои холии иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро дар бар мегирад. Вазифаи мо эътирофи қонун ва адои қарзи худ дар назди ҷомеъа мебошад.» Боз ӯ зикр намуд, ки таклифу пешниҳодҳое, ки дар имрӯза вохурӣ ба миён меоянд, аз тарафи мақомоти иҷроия бо аҳамияти хоса ба инобат гирифта мешаванд.

 

Атобоева Д.А. барои иштирок ва суханҳои пурмӯҳтаво ба Ният ҳаёт изҳори сипос намуда қайд намуд, ки худи ташкил ёфтани шӯрои машваратӣ бо дастгирии раиси вилоят ин аллакай муваффақияти калон дар самти тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Шамсиддин Каримов.- Раиси Ассосиатсияи мили созмонҳои ғайридавлатт Тоҷикистон ба сухан баромада меҳмонони имрӯзаи вохӯриро муаррифӣ намуд. Инҳо доктор, профессор Муҳаммад ҷовид Раҳмонзай, намояндаи созмони ELSC ва Фарангис Зиёева - намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Баъд аз сухани муқаддимавӣ Ш.Каримов бо гузориши аввалин оид ба муаррифии натиҷаҳои пурсиши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад намуд.

Гузориш оид ба натиҷаҳои пурсиши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ:

 

Мақсад аз гузаронидани пурсиши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ

  • Омӯзиши дараҷаи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таҳия ва амалӣ сохтани барнома ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ, баррасии ҳолат ва раванди амалӣ сохтани барномаву лоиҳаҳое, ки аз тарафи Бонки Чаҳонӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, муайян сохтани дараҷа ва сифати иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин равандҳо, таҳкими нерӯ ва тавоноии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини назорати ҷамъиятӣ ва таҳияи тавсияҳо барои муносиб намудани механизмҳои ҳамкорӣ, таҳким ва тақвияти нақш ва мақоми ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа.
  • Мусоидат ба пешбурди талабот ба тарзи давлатдории солим/идоракунии босифат бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ. Пурсиш дар 6 минтақаи кишвар дар ҳамкорӣ бо ELCS ва МДҷШ дар Тоҷикистон анҷом дода шудааст:

 

  • Бадахшон«қалам» (Хоруғ)
  • Зарафшон – «Занони Шарқ» (Панҷакент)
  • Рашт«Оштии миллӣ» (ғарм)
  • Хатлон
  • Суғд«Консортсиум-ташаббус» (Хуҷанд)
  • Душанбе ва НТҷ– «Третий сектор» (Душанбе)

 

                   Дар пурсиш 165 ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд: сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ВАО, СҒД ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳвандӣ.

 

                               Пурсишнома аз 2 қисм ва 20 саволиборат буд.

Бозёфтҳо:

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

  • сохторҳои хориҷӣ – 75 %
  • сохторҳои давлатӣ – 18 %

Таҷрибаи идоракунӣ (project management)

  • доранд - 90 %
  • надоранд – 3 %

 

Таҷрибаи назорат ва баҳодихӣ (M&E)

  • доранд - 80%
  • надоранд – 12 %

 

Иштирок дар M&E (СҷШ)

  • иштирок доранд – 46 %
  • иштирок надоранд – 54 %

Шаффофият (лоиҳаҳо, маблағҳо)

  • шаффоф аст – 47 %
  • шаффоф нест– 44 %

ҳисобдеҳ будан (лоиҳаҳо, маблағҳо)

  • ҳисобдеҳ аст – 49%
    • ҳисобдеҳ нест – 39 %

       Мушкилиҳо

  • Камбудии таҷрибаи Н&Б дар СҒД;
  • Дастрас набудани маълумот оид ба лоиҳаҳои рушд;
  • Набудани шаффофият дар истифодаи маблағҳои ҷамъиятӣ;
  • Дастрас набудани омор ва маълумоти боъэтимод;
  • Сарф шудани вақти зиёд барои гирифтани иҷозати мониторинг;
  • Камбудии ҳамкориҳо миёни худи СҒД;
  • Камбудии фондхо барои рушди устувор;
  • Паст будани дараҷаи иштироки сохторҳои маҳаллӣ (ҷамоат, маҳаллҳо) дар таҳия ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо.

     Пешниҳодҳо:

  • Таъмини шаффофият ва ҳисобдеҳ будан;
  • Таъмини иштироки воқеии СҶШ дар Н&Б;
  • Таъмини дастрасӣ ба фондҳо ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ;
  • Таҳкими неърӯ ва тавоноии СҷШ дар бобати Н&Б;
  • Таҳияи курсҳои махсус барои СҷШ оид ба таҳия ва пешбурди Н&Б;
  • Анҷоми тадқиқотҳои ихтисосӣ;
  • Навиштани грантҳои тадқиқотӣ;
  • ҳамкориҳо бо маҳалла ва ҷамоат;
  • Кор бо буҷаи давлатӣ;
  • Дифоъ аз манфиатҳо;
  • Баланд бардоштани сатҳи боварии мардум ба давлат ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ (confidence building)

 

Баъди итмоми гузориш иштирокчиён оиди натиҷаҳои пурсиш ибрози ақида намуданд:

Шуҷоат ҳасанова (СҒД «Хуршеди зиндагӣ»): Хуб мешуд ин пурсиш теъдоди зиёди аҳолиро дар бар мегирифт. Ба фикри ман, фоизи ками аҳолӣ дар пурсиш иштирок намуданд. Ин теъдод барои дарёфти проблемаҳо нокифоя мебошад.  

Муяссара Бобохонова (Ассосиатсияи «Зан ва ҷомеъа»): дар гузориши Шумо фоизи сохторҳои давлатӣ 18% ва СҒД – 70% нишон дода шудааст. Инҳо мушаххас кадом сохторҳои давлатӣ мебошанд? Бисёр СҒД барои устуворӣ саъю кӯшиш доранд, лекин дар гузориши Шумо инъикос наёфтаанд. Сабабашро шарҳ медодед.

Султонова Маҳбуба (СҒД «Насл»): Мафҳуми «харочотҳои ҳисобнашаванда» барои ман нофаҳмо мебошад. ҷавобҳои шумо бо чӣ исбот шудаанд?

Тошматов Абдуҷалил (МИЛ): Чанд нафар аз кормандон таҷриба доранд? Ин савол ба ҷомеаи деҳот тааллуқ дорад ё не?

Маниҷа Обидова (СҒД «ИНИС»): ягон нафар аз намояндагони буҷаи давлатӣ иштирок доштанд ё не?

Султонова Маҳбуба: Иштироки намояндагони маҳалла ва дар умум аҳолӣ бисёр кам аст. Лоиҳа барои аҳолӣ равона карда шудааст. Сабабашро шарҳ медодед.

Маҳмудов Мансур (СҒД «Саид»): Ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои бартараф намудани камбудиҳо бояд чӣ кор кунанд?

Ният ҳаёт (МИХД-и вилояти Суғд): Дар байни 165 нафар пурсидашудагон сатҳи маълумотнокӣ ба назар гирифта шудааст ё не?

Назаров Абдушукур (СҒД «Маркази тайёрии кормандони маҳаллӣ»): Кам будани фондҳо. Онҳо чанд фоизро ташкил мекунанд. Ташкилотҳои Байналхалкӣ низ дар пурсиш иштирок варзиданд ё не? Дар баромади Шумо зикр шуд, ки 90 % таҷрибаи идоракунӣ доранд. Чӣ хел инро исбот мекунед. Оё дар ҳақиқат ҳамин хел аст?

Бобохонова Муяссара: Ба фикри ман барои ин боз як мониторинг гузаронидан лозим аст.

Назаров А: Ман як пешниҳод дорам. ҳамин гуна ташкилотҳои ҳисобдиҳанда ҳоло 12 ададро ташкил медиҳанд. қонун дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ ҳаст. Дар ҷумҳурии қазоқистон 10% буҷаи давлатӣ барои СҒД равона карда шудааст. Чӣ мешуд, ки мо низ бо ҳамин иқдом ба ҳукумати ҷумҳурӣ бароем.

Орзу ғаниева (СҒД «Маркази таълимии кӯдакон»): Сарчашмаи давлатӣ 18 % нишон дода шудааст. ҷамъбаст аз тарафи кӣ карда шудааст?

Ба ҳамаи саволҳои додашуда Каримов Ш. ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд. Аз ҷумла:

  • Дар ҳақиқат иштироки 165 нафар ниҳоят кам аст. Сабаб дар он аст, ки дар лоиҳа инро ба назар нагирифта будем. Фаъолият бояд дар моҳи ноябр оғоз меёфт, лекин мо онро моҳи феврал сар кардем. Мӯҳлат ниҳоят кам буд. Албатта, маҳдудият ҳаст ва мо инро дар оянда ба назар мегирем.
  • Сарчашмаҳо гуногун буданд. Асосан ин сектори давлатӣ, хусусӣ, соҳибкорӣ, ҳаққи аъзогӣ ва корҳои хайрия. Мутаассифона, танҳо ташкилотҳои хориҷӣ амал карданд. Дигар сарчашмахо низ вуҷуд доранд, лекин бисёр кам. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ин система ба як низоми муайян надаромадааст. Лекин, дар алоҳидагӣ дар шаҳру деҳот вуҷуд дорад. Ташкилотҳои ғайридавлатии устувор низ фаъолият мебаранд.
  • Хизматрасониҳо чаро қабул нашуданд? Бояд барои инкишоф ёфтан бисёр кор кардан лозим аст. Давлат аз ин истифода мебарад. Аммо инро аз сабаби аз доираи мавзӯъ дур буданаш ба лоиҳа дохил накардем.
  • Аксарият гуфтанд, ки мо ҳисобдеҳ ҳастем. Яъне, ташкилоти ҷамъиятии фаъол ҳастанд, ки бо давлат ҳамкории зич доранд. Лекин , фоизи онхо нишон дода нашудааст.
  • Тарзи пурсиш ҳамин аст, ки муҳосиб ҳақ дорад худашро муаррифӣ накунад. Мо он ташкилотҳои ғайридавлатиро пурсиш кардем, ки онҳо устуворанд ва бо давлат ҳамкорӣ доранд.
  • Дар пурсиш ҳақиқатан фисади маҳалла ва ҷамоат кам аст. Мо фақат бо ташкилотҳо кор кардем. Айни ҳол дар Хатлон коргузориро ба пуррагӣ нишон дода истодаем ва аз мақомоти давлатӣ 2 нафарро бо мақсади хубтар шудани муносибат нисбати ташкилотҳои ғайридавлатӣ таклиф намудем.
  • Нисбати иштироки маҳалла дар пурсиш. Мо инро дар оянда албатта ба назар мегирем.
  • Мо ҳуқуқи тафтиш карданро надорем. Барои маълумоти иштироккунандагон мерасонам, ки дар давлати Полша то 70 % буҷаи давлатӣ барои СҒД масраф мешавад. Мо айни ҳол 6 созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дорем. Онҳо ин пурсишҳоро гузаронидаанд.

Баъд аз саволу ҷавоб Атобоева Д.А. суханро ба доктор Муҳаммад ҷовид Раҳмонзай дод. Дар баромади худ вай қайд кард, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз сарчашмаҳои дохилии даромад истифода баранд, ғайр аз ин, созмонҳо бояд дар ҳамдастӣ фаъолият баранд, на дар алоҳидагӣ.

 

Баъди танаффус кори Мизи Мудаввар давом ёфт. Гузориши Тошматов А.А., Раиси Маркази Идоракунии Лоиҳа дар мавзӯи « Саҳми лоиҳаи сиҳатии оммаи маҳаллӣ ва базавӣ дар баргузории ислоҳот» шунида шуд. Зимни маърӯза Тошматов А.А. дар бораи ҳолати имрузаи хизмати сиҳатии омма иттилоот дода, имкониятҳои ислоҳотиро, аз ҷумла, беҳтар намудани хизмати тиббӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ барои аҳолӣ зикр намуд.

Пас аз итмоми гузориш саволу ҷавоб ба миён омад.

Бобохонова М: Мутахассисони оилавӣ. Онҳо киҳо мебошанд?

Султонова М: барои сохтани ҳаммомхонаҳо низ маблағ ҷудо шуда буд ё не? Фаъолият дар деҳот чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Баркарорсозии муассисаҳои тибби оё гузаронида шуд ва таъминоти онҳо бо об чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

Татяна Хатюхина: (Марказ оид ба ҳуқуқи инсон): Оё лоиҳа пизишкҳое, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ фаъолият мебаранд дар бар мегирад ё не? Оё шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ҳастанд, дар алоҳидагӣ маблағгузорӣ карда мешаванд?

Назаров А: Масъалаи маблағгузории шахсӣ бо кадом роҳ ҳал карда мешавад?

Каримов Ш: Муҳтарам Тошматов А. Шумо метавонед ба он саволҳое, ки ба фикри шумо зарурияти ба онхо ҷавоб гардонидан нест, посух надиҳед.

Тошматов А.А: Ман ба ҳамаи саволҳо ҷавоб пешниҳод менамоям.

  • Маблағгузорӣ аз солҳои пеш дар муассисаҳои тиббӣ аз рӯи кат ва шумораи муроҷиаткунандагон   ба назар гирифта шудааст. Албатта, ин на он қадар дуруст мебошад ва мо ҳоло ҳаракат карда истодаем, ки маблағгузорӣ барои ҳар як нафари аҳолӣ рост ояд.
  • Он муассисаҳои тиббие, ки мо аз рӯйи лоиҳа сохта ба истифода додем, бо об, ташноб ва воситаи гармидиҳӣ бо пуррагӣ таъмин мебошанд.
  • Оиди табибоне, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ фаъолият мебаранд ва шахсоне, ки дар он ҷо адои ҷазо доранд. Боиси таассуф аст, ки дар лоиҳа чунин шахсон ба назар гирифта нашудаанд, лекин шумо метавонед лоиҳаҳо дар ин раванд пешниҳод намоед.

Бобохонова М: Бонки Чахонӣ оиди васеъ намудани фаъолият дар дигар нохия ва деҳот ягон нақша дорад?

  • Ин вобаста аз ҷамъбасти фаъолият аст. Агар мо тавонем аз иҷрои ҳамаи вазифаҳо бароем, мумкин аст доираи фаъолият васеъ гардад. Мо тендер эълон мекунем.

Султонова М: Оиди тендери эълоншуда. Барои чӣ мо бехабар ва аз он огоҳӣ надорем?

Фарангиз Зиёева (Бонки ҷахонӣ):Дар торномаи « Госкоминвест» шумо метавонед эълонҳои моро оиди тендер дастрас намоед.

Баъд аз ба итмом расидани саволу ҷавоб намояндаи « АНТИ» Зоҳидов Фаррух бо гузориши худ «Таҷрибаи АНТИ оиди мониторинги лоиҳаи сиҳатии оммаи маҳаллӣ ва базавӣ бо маблағгузории БЧ» баромад намуд. Дар баромади худ Зоҳидов Фаррух аз тачрибаҳои мусбии амалӣ гаштани лоиҳа, камбудиҳо ва пешниҳодҳо сухан кард.

Саволҳо:

Шоҳида Тулиева: (ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон): Ман дар гузориши Шумо хулосаро надида истодам.

Каримов Ш: Шумо чӣ гуна индикаторҳои мониторингро муайян кардед?

Султонова М: Ман мехостам фаҳмам, ки чӣ хел ва чӣ гуна мутахассисон ба ин кор ҷалб карда шуданд?

Хатюхина Татяна: Маълумотҳоро оиди бемориҳо ба Шумо сардухтурон пешниҳод намуданд ва оё мамоният дар ин самт дида намешуд?

 

ҷавобҳо:

  • Хулосаҳо албатта танҳо барои Бонки ҷахонӣ пешниҳод карда шуданд.
  • Интикаторҳоро мо дар вақти мониторинг пайдо кардем. Дар вақти ба даст овардани маълумотҳо корманди мо – мутахассиси ITҳамаи онҳоро ба Бонки ҷахонӣ ирсол менамояд ва ҳамин тариқа индикаторҳо пайдо мешаванд.
  • Мутахассисонро бошад вобаста аз беморон интихоб карда мешавад.
  • Аз соли 2006 дар ҷумхурии мо реформаи соҳаи тандурустӣ гузаронида шуда истодааст. Барои пешрафти фаъолият мо дар даст иҷозатномаи Вазорати тандурустиро дорем ва ин боиси он гардид, ки мо бе ягон душворӣ кор барем.
  • Дар ноҳияҳо бо мо мутахассисон барои гузаронидани мониторинг ҳамкорӣ намуданд. Албатта, дар аввал барои онҳо тренингҳои омузишӣ гузаронида шуданд.

Баъд аз интиҳои саволу ҷавоб гузориши Фарангиз Зиёева гӯш карда шуд. Вай дар бораи барномаи   электронии консалтингии Е-CONSULTANT-2маълумот дод. Ин барнома имкон медихад, ки ташкилотҳо ва шахсони алоҳида дар қайди Бонки ҷахонӣ бошанд ва дар муомилоти харид иштирок намоянд.  

 

Баъд аз гузориш ба саволҳои ба миён омада Зиёева Ф. чавоб пешниҳод намуд.

Савол:

Обидова Маниҷа: (Ассосиатсияи ҳуқушиносони ҷавон «ИНИС»): ҳангоми пур кардани варақаҳои дархостӣ агар саволҳо ба миён оянд, мо метавонем ба ягон шахси мутассаддӣ занг занем?

Зиёева Ф: Албатта, мо метавонем барои шумо маълумоти пурра дихем, лекин ба ҷои шумо дархостро пур карда наметавонем.

Тулиева Ш : Дар тендер метавонанд ташкилотҳои тиҷоратӣ ширкат варзанд?

Зиёева Ф: Албатта, метавонанд.

Ганиева О: СҒД «АНТИ» аз куҷо маълумоти тендерро пайдо намуданд?

То ин муддат СҒД оиди ин барнома маълумот надоштанд. Айни ҳол, корманди Бонки ҷахонӣ Алиева Нигина ҳамчун мутахассиси кор бо СҒД ба ҳисоб меравад. Вакте, ки АНТИ дархост дод, вай ба онҳо барномаи Е-CONSULTANT– 2-ро муаррифӣ намуд ва онҳо дар тендер иштирок намуданд.

Шарипова Аниса (СҒД Саодат): Айни замон дар варақаи Фейсбук дархост мавчуд аст?

Зиёева Ф: Не, рӯзҳои наздик тендер ба охир расид. Лекин, ман метавонам ташкилоти шуморо ба рӯйихат ворид созам ва шумо дар тендерҳои оянда бемамоният иштирок варзед.

Бобохонова М: ҳангоми иҷроиши бақайдгирӣ, нохост шабакаи интернетӣ боз дошта шавад, мо баъд метавонем корро давом диҳем?

Каримов Ш: Албатта не. Амали бақайдгириро Шумо бояд аз нав оғоз намоед.

Кор дар гуруҳҳои хурд: Омӯзиш ва табодули назар (таҳлили лоиҳаҳои алоҳида):

 

Баъд аз танаффуси нисфирузӣ иштирокчиён кори худро давом доданд. Онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда дар асоси лоиҳа ва таҷрибаи «АНТИ» муаммоҳои ҷойдошта, роҳи ҳалли онҳо, ҳамкори бо сохторҳои давлатӣ, механизми баҳодихӣ ва дигар нишондиҳандаҳоро (критерий) муайян намуданд.

 

Гурӯҳи кории якумро Тулиева Шоҳида муаррифӣ намуд:

Гуруҳ ҷиҳатҳои мусбӣ, манфӣ, хатарҳои ҷойдоштаи фаъолиятро нишон дода дар баробари ин пешниҳодҳои худро гуфта гузашт.

Хатарҳо:

  • Пурра истифода нашудани иқтидор, имконот ва захираҳои СҒД
  • Мунтазам иваз шудани хизматчиёни давлатӣ - боиси аз даст додани алоқаҳои зарурӣ.
  • Маҳдуд шудани барномаҳо ва аз байн рафтани донорҳо.

Имкониятҳо:

  • Вазъи мураттаби сиёсии кишвар
  • Шароити фароҳам барои фаъолияти СҒД
  • Грантҳои нав
  • Шароити мусоид барои ҳамкорӣ бо шарикон ( СҒД, ҳукумат)

ҷиҳатҳои мусбӣ:

  • Дастгирӣ аз тарафи донорҳо
  • қонун дар бораи «Фармоиши иҷтимоӣ»
  • ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ
  • Мавҷудияти захираҳои ичтимоӣ (захираи инсонӣ, интелектуалӣ, иттилоотӣ, таҷриба ва малака)
  • Грантҳои президентӣ ва раиси вилоят
  • Базаи қонунбарорӣ
  • Дастгирии навовариҳои СҒД аз тарафи мақомотҳои давлатӣ

ҷиҳатҳои манфӣ:

  • Андоз
  • Норасогии маблағ
  • Монеаҳо ҳангоми бастани шартномаҳои тарафайн оиди ҳамкорӣ
  • Сатҳи пасти маълумотнокии СҒД оиди маблағгузорӣ.
  • Маҳдудият ба ВАО
  • Фаъолияти сусти ҳисоботдиҳанда (аз руи талаботи донорҳо)
  • Набудани ҳавасмандкунӣ дар байни СҒД

Пешниҳодҳо:

  • Ташкил намудани вохӯрӣ бо раиси вилоят оиди маблағгузории СҒД аз тарафи буҷаи давлатӣ
  • Ташкил намудани вохӯрӣ, мизи мудаввар, конференсияҳо бо сектори шахсӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи қонун дар бораи Эҳсонкорӣ.
  • Чунин вохуриҳо бо ВАО
  • Мусоидат нисбати масъалаи андоз
  • ҷалби ҳарчи бештари ахолӣ оиди фаъолияти СҒД
  • Гузаронидани вохӯриҳо бо донорон ва вусъат додани инкишофи устувори институтсионалӣ
  • Дар микёси вилоят вусъат додани ҳамкорӣ бо шӯрои ҷамъиятӣ.

 

Ба гурӯҳ чунин саволҳо дода шуд:

ҳабибов Фарҳод (СҒД «Ташаббуси рушди деҳот»): андозҳои супоридашавандаи СҒД –ро шумо ба андозҳои ташкилотҳои тичоратӣ баробар кардед. Барои чӣ?

ҷавоб: Супоридани андози иҷтимоии 25 % барои кормандон бисёр гарон аст.

Каримов Ш: Дар ҳақиқат дуруст аст. Мо ин масъаларо дар сатҳи мақомотҳои дахлдор дар рӯзҳои наздик ҳал хохем кард.

ҳабибов Фарҳод: маҳдудияти муроҷиат ба ВАО. Инро шарҳ дихед.

ҷавоб:

Кормандони ВАО – и давлатӣ бе маблағ ҳамкорӣ кардан намехоҳанд. Лекин, ба ҳама маълум аст, ки СҒД бучаи на он қадар бой доранд. Дар ҳамин маврид мушкилӣ ба миён меояд.

Гузориши гурӯҳи дуюм шунида шуд:

 

ҷиҳатҳои мусбӣ:

  • Мавҷуд будани манбаи иттилоот
  • Маълумотнокии аҳолӣ ва ҷалби он
  • ҳалли масъала аз тарафи ҷомеа
  • Мониторинги мақомотҳои қонунбарорӣ
  • Маблаггузорӣ аз тарафи буҷаи давлатӣ
  • Беҳтар намудани ҳамкории тарафайн бо сохторҳои давлатӣ
  • Тағир додани рафтор ва муносибат нисбати муаммоҳо

ҷиҳатҳои манфӣ:

  • Устувор набудани СҒД
  • Зертобеъ будани СҒД
  • Сатҳи пасти ҳамкорӣ дар байни СҒД
  • Монеаҳои маъмурӣ
  • Нокифоя будани захираҳо
  • Аз тарафи донорҳо ба назар нагирифтани талаботи ҷомеа дар ҷумхурӣ
  • Кифоя набудани иҷроиши қонунҳо
  • Мӯҳтоҷии СҒД ба маблағгузории донорҳо.

Пешниҳодҳо:

  • Дарёфти усулҳои нави устувории СҒД
  • Беҳтар намудани фаъолият
  • Беҳтар намудани ҳамкории тарафайн байни худи СҒД
  • Риоя намудани қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Таҷрибаомузӣ аз СҒД – и устувор
  • ҷалби харчи бештари донорҳо

Намояндаи гурӯҳ ғаниева Орзу ба саволҳо ҷавоб дод.

Саволҳо:

Султонова М: Шумо дар баромади худ қайд намудед, ки бояд фаъолияти мақомоти қонунбарорӣ мониторинг карда шавад. Шумо иҷрои онро чӣ гуна мебинед?

ҷавоб:

Мо танҳо фикру ақидаҳои худро ба онҳо пешниҳод менамоем. Таҷрибаи « Марказ оид ба ҳуқуқи инсон»-ро ба назар гирифтем. Онҳо бо таклифу пешниҳоди худ оид ба шиканҷа (питки) ба қонун ислоҳот дароварданианд.

 

ҳамин тариқа, мизи мудаввар кори худро анҷом дод. Ба ҳамаи иштирокчиён Каримов Ш., Раиси АМСҒДЧТ ва Атобоева Д., Директори СҒД Консортсиуми Ташаббус арзи сипоси худро изҳор намуда, барои фаъолияти ояндаашон бурдбориҳо таманно намуданд.

 

*****

 

 

 

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном