ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

 ГУЗОРИШ

аз сӯҳбати мизи муддавар дар Хоруғ

барои созмонҳои ҷомеаи шахрвандӣ ба хотири

пешбурди талабот ба тарзи идоракунии солим дар Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таҳияи Бурибек Бурибеков,

роҳбари Маркази даcтгирии ҷомеаи шаҳрвандии «қалам»,

шаҳри Хоруғ

 

                   

 

 

     

 

Маҳал

Мизи мудаввар дар мачлисгоҳи Хазинаи Оғохон оид ба рушд (АКДН) 30 майи соли 2013 мувофики рӯзномаи таҳияшуда соати 10:00 оғоз гардида, соати 15:00 ба кори худ хотима бахшид.

 

 

РӮЗНОМА

 

09:30-10:00       Сабти номи ширкаткунандагон

 

10:00-10:20       Сухани ифтитоҳӣ. Шамсиддин Каримов, Бурибек Бурибеков

Мулоҳизаҳои меҳмонони мизи мудаввар

  • Намояндаи ҳукумати ВМКБ

 

10:20-10:45 Гузориш оид ба натиҷаҳои пурсиши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон

10:45-11: 00     Саволу ҷавоб

11:00-11: 45   узоришҳо оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаҳои БОР дар Бадахшон

  1. 1.Ноҳияи Роштқалъа. Гузориши Назарбек Мамадназаров, ҳамоҳангсози барномаҳои МДҷШ “қалам”
  2. 2.Ноҳияи Шуғнон. Гузориши Шаҳбоз Миралибеков, директори Тҷ “Нур”

11:45-12:00       Саволу ҷавоб

12:00-12:20       Як пиёла чой

12:20-12:25 Мақсад ва ҳадафҳои мубоҳисаҳо дар гурӯҳҳо. Бурибек Бурибеков, директори МДҷШ «қалам».

12:25-12:45 Омӯзиш ва табодули назар (таҳлили лоиҳаҳои алоҳида, натиҷаҳо, индикаторҳо ва нақши СғД дар раванди амалӣ сохтани онҳо).

Гурӯҳи1. Баранда: Шонаврӯз Афзалшоев, МДҷШ “қалам”

Гурӯҳи 2. Баранда: Назарбек Мамадназаров, МДҷШ “қалам”

12:45-13:15         Гузориши гурӯҳҳо (то 20 дақиқа барои ҳар гурӯҳ)

13:15-13:35            

13:35- 14:00       Хотима: муҳокима, натиҷагирӣ ва пешниҳодҳо

14:00-15:00         Нони чошт

 

Дар кори мизи мудаввар намояндагони созмонҳои ҷамъиятии маҳалливу байналмилалӣ, васоити ахбри омма, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат намуданд.

 

 

Рӯихати иштирокчиён

                            

№ п|п

Ному насаб

Ташкилот

1

Каримов Шамсиддин

Ассотсиасияи СғД Тоҷикистон

2

Орифшоев Исмоил

ҷонишини аввали Раиси ВМКБ

3

Буттабеков Диловар

Директории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

дар вилоят

4

Абдулалишоев Кишвар

Менеҷери кулли БҷИИК Бунёди Оғохон

5

Абдулофизов Накҳат

Сардори хадамоти Хазинаи Оғохон

оиди маориф дар Тоҷикистон

6

Ғарибшоев ғарибшо

Сардори Раёсати маорифи вилоят

7

Бурибеков Бурибек

МДҷШ қалам

8

Мамадназаров Назарбек

МДҷШ қалам

9

Афзалшоев Шонавруз

МДҷШ қалам

10

Раҳматшоев Гелос

Тҷ Мадина

11

Мамадшерзодшоев Умед

Тҷ «Мероси Аҷам»

12

Миралибеков Шаҳбоз

Тҷ Нур”, ноҳияи Шуғнон

13

Толибшоев Мусалло

Тҷ Хирад

14

Холиқназаров Манучеҳр

Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир»  

15

Хушназаров Абдуласейн

Тҷ «Падида»

16

Азизмамадов Марам

Тҷ «Волонтёр»

17

Булбулшоева Сабзбаҳор

Тҷ «Мадад»

18

Шоиков Шамсиддин

Тҷ «Маърифат»

19

Одилбеков қувватбек

Тҷ «Маркази экологии Помир»

20

Бердов Ёралӣ

Тҷ Де Памири

21

Худододов ҷамолиддин

Тҷ «Маркази «Нур»

22

Гавҳаров Мамадраим

Тҷ «Толибилм»

23

Ақназаров Худодод

Ташкилоти ҷамъиятии Кишоварз

24

Ҳокимбеков Умед

SUDVO “ Тавфиқ, ноҳияи Шуғнон

25

Бахтибеков Марод

SUDVO “ Сури, ноҳияи Шуғнон

26

Некқадамов Саидбек

SUDVO “ҷасорат, ноҳияи Роштқалъа

27

Алифбеков Пано

SUDVO “Хуршед, ноҳияи Роштқалъа

28

Сайфуллоева Олга

Проректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ

29

Хурсандова Аспармо

Ташкилоти ҷамъиятии Маҷруҳон

30

Музофиров Т

Ассосиатсияи ташкилотҳои ҷамъиятии «Маслиҳат»

31

Турсунов Муҳиддин

АМСғДТ

 

 

 

Гузориши муфассал аз рафти кори мизи мудаввар

Мизи мудавварро Бурибек Бурибеков роҳбари Маркази дастгирии чомеаи шаҳрвандии “қалам” бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд, ки он аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон (СғД) бо маблағгузории Барномаи ҳамкорӣ оид ба масоили идоракунии (БҳМИ) Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуд.

Чорабинӣ аз тарафи Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии “қалам” - шарики иҷрокунандаи лоиҳа дар ш. Хоруғмебошад, ташкил карда шуд.

Мизи мудаввари имрӯза, ҳар чанд дар кори он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии самти корашон гуногун даъват шудаанд, ба соҳаи маориф бахшида шуда, оиди амалигардонии лоиҳаҳои ба ин самти муҳим иҷттимоӣ равонашуда бахшида мешавад. Умедворам ки иштирокчиёни чорабинӣ дар муҳокимаи мавзӯи имрӯза фаъолона ширкат меварзанд.

Зимнан ӯ иштирокдорони мизи мудавварро муаррифӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Исмоил Орифшоев дод.

 

Исмоил Орифшоев иштирокдорони мизи мудавварро

хайра мақдам намуда, дар оғоз арз дошт, ки чорабинии мазкур барои иштирокдорони он як дарси нав, таҷрибаи нав хоҳад буд. Зеро аз таъсиси ҷумҳурии соҳибистиқлолиТоҷикистон ҳамагӣ 21 сол гузашта он ҷавонеро мемонад, ки нав ба зиндагии мустақилона қадам мениҳад. Мо ки дар замони шӯрави таълиму таҷриба омӯхтем ва замони нави гузариш аз системаи яккаҳизбӣ ва иқтисоди нақшавиро аз сар гузарондем, ба омӯзиш ва таҷрибаи кор дар давраи гузариш ба муносибатҳои нави сиёсӣ - бисёрҳизбӣ, таъсис ва рушди ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ бозорӣ ниёз ва зарурияти бештар дорем.

 

 

 

Ба қавли Сарвари давлат мо дар марҳилаи такомули ин муносибатҳо қарор дорем. Сохтану ба низом даровардани ин муносибатҳо дар ҳамаи самтҳои идоракунии давлат фаъолияти муназами тамоми қишрҳои ҷомеаро тақозо дорад. Мақомоти давлатӣ имруз тавону қудрати онро надорад, ки тамоми мушкилоти соҳаҳои гуногуни ҷомеаро дар танҳоӣ ҳаллу фасл намоянд. Дар ҳаллу фасли онҳо иштироки тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлтиву соҳибкорӣ хеле муҳим ва зарур аст.

Умедворам, ки мизи мудаввари имрӯза дар ин кор таҷрибаи нав ва натиҷабахш хоҳад буд.

 

Сипас Раиси Асотсисатсияи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов ба сухан баромада, баъд аз пазироии иштирокчиёни мизи мудаввар, қайд намуд, бо гузашти 20 соли истиқлолият, иститути ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давраи ташаккулёбист. Аз давраи таъсисёбии аввалин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва асссотсиатсияи ҷуиҳуриявӣ, мо мавқеъ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаро муайяни худро доро гаштем. Дар ин роҳ корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Дар ин давра барои ҳалли мушкилот ва ниёзҳои мардум маблағҳои зиёде дарёфт ва равона карда шуданд. Имруз низ маблағои кӯмаки хеле зиёданд. Вале оё онҳо то кадом андоза мақсаднок истифода мешаванд, саволест ки бояд посух ёбад.

Мақсад аз мизҳои мудаввар, ки чанде қабл дар Душанбеву, Хуҷанду Кӯлоб ва имрӯз дар Хоруғгузаронда мешаванд аз пусух додан ба ду савол бояд кӯмак расонанд:

  1. 1)Оё ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт саҳмгузор буда метавонад ва;
  2. 2)Оё ҷомеаи шаҳрвандӣ тавоноӣ ва зарфияти анҷоми ин корро дорад.

 

 

Гузориши Шамсиддин Каримов оид ба натиҷаҳои пурсиши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

Мақсад аз гузаронидани пурсиши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ:

  • Омӯзиши дараҷаи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таҳия ва амалисозии барнома ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ;
  • Мусоидат ба пешбурди талабот ба тарзи идоракунии солим- бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • Таҳкими нерӯ ва тавоноии СғД дар амалияи мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаҳо.

 

Пурсиш дар 6 минтақаи кишвар дар ҳамкорӣ бо ELCS ва МДҷШ дар Тоҷикистон анҷом дода шудааст:

 

  • Бадахшон «қалам» (Хоруғ)
  • Зарафшон – «Занони Шарқ» (Панҷакент)
  • Рашт«Оштии миллӣ» (ғарм»
  • Хатлон
  • Суғд           «Консортсиум-ташаббус» (Хуҷанд)
  • Душанбе ва НТМ – «Третий сектор» (Душанбе)

 

Дар пурсиш, аз рӯи методологияи миқдор, сифат ва саволҳои омехта, 165 нафар фаро гирифта шудаанд аз ҷумлаи: сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ВАО, СғД ва ғайра.

Пурсишнома аз 2 қисм ва 20 саволиборат буд.

 

Бозефтҳо:

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

  • сохторҳои хориҷӣ – 75 %
  • сохторҳои давлатӣ – 18 %

Таҷрибаи идоракунӣ (project management)

  • доранд - 90 %
  • надоранд – 3 %

 

Таҷрибаи назорат ва баҳодиҳӣ (M&E)

  • доранд - 80%
  • надоранд – 12 %

 

Иштирок дар M&E (СЧШ)

  • иштирок доранд – 46 %
  • иштирок надоранд – 54 %

Шаффофият (лоиҳаҳо, маблағҳо)

  • шаффоф аст – 47 %
  • шаффоф нест– 44 %

ҳисобдеҳ будан (лоиҳаҳо, маблағҳо)

  • ҳисобдеҳ аст – 49%
  • ҳисобдеҳ нест – 39 %

Натиҷаҳо:

       Мушкилиҳо

  • Камбуди таҷрибаи СғД дар назорат ва баҳодиҳӣ (Н&Б) ;
  • Дастрас набудани маълумот оид ба лоиҳаҳои рушд;
  • Набудани шаффофият дар истифодаи маблағҳои ҷамъиятӣ;
  • Дастрас набудани омор ва маълумоти боъэтимод;
  • Сарф шудани вақти зиёд барои гирифтани иҷозати мониторинг;
  • Камбуди ҳамкориҳо миёни худи СғД;
  • Камбуди фондҳо барои рушди устувор;
  • Паст будани дараҷаи иштироки сохторҳои маҳаллӣ (ҷамоат, маҳалҳо) дар таҳия ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо.

       Пешниҳодҳо:

  • Таъмини шаффофият ва ҳисобдеҳ будан;
  • Таъмини иштироки воқеии СҷШ дар Н&Б;
  • Таъмини дастрасӣ ба фондҳо ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ;
  • Таҳкими нерӯ ва тавоноии СҷШ дар бобати Н&Б;
  • Таҳияи курсҳои махсус барои СҷШ оид ба:

- таҳия ва пешбурди Н&Б;

- анҷоми тадқиқотҳои ихтисосӣ;

- навиштани грантҳои тадқиқотӣ;

- ҳамкориҳо бо маҳалла ва ҷамоат;

- кор бо будҷаи давлатӣ;

- дифоъ аз манфиатҳо;

  • Баланд бардоштани сатҳи боварии мардум ба давлат ва лоиҳаҳои ҷамъиятӣ (confidence building)

Баъд аз муаррифӣ кардани кор ва натиҷаҳои пурсиш бо иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид.

Давлат Худоназаров, корманди Бахш маорифи Хазинаи Оғохон – Оё дар ҷараёни пурсиш доир ба Бадахшон тадқиқоти алоҳида гузаронида шудааст?

Шамсиддин Каримов. Мо ҳамагӣ миёни 165 Тҷ ва сохторҳои давлативу соҳибкорӣ пурсиш гузаронидем. Албатта дар соҳаҳои гуногун. Вале алоҳида оид ба Бадахшон тадқиқот сурат нагирифт.

Бурибек Бурибеков дар илова ба ин ҷавоб изҳор дошт, ки махсус барои пурсиш бо чанд нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят семинар -машварат гузаронида шуда, бо қисмати дигар сӯҳбатҳои алоҳида баргузор гардиданд.

 

Сайфуллоева Олга – Оё натиҷаҳои пурсиш ба мақомоти дахлдор пешниҳод шудаанд ё не.

 

Шамсиддин Каримов. Натиҷаҳои пурсиш ва протоколҳои маҷлисҳои мизи мудаввар ба мақомоти дахлдор ва намояндагии Бонки ҷаҳони пешкаш карда мешаванд .

 

 

Гузоришҳо оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаҳои БОР дар Бадахшон

Пеш аз гузоришҳо Б. Бурибеков аз ҳадафҳои ии бахши мизи мудаввар мухтасар изҳори андеша намуда, аз ҷумла қайд кард, ки МДҷШ “қалам” кӯшиш намуд, 2 тарз ва муносибатро дар мавриди нозорат ва баҳодиҳӣ манзури иштирокчиён гардонад;

  1. 1.Гузаронидани назорат ва баҳодӣ баъди ба анҷом расондани лоиҳа ва мушкилоти бартарафсозии норасоиҳо дар мисоли ноҳияи Роштқалъа.
  2. 2.Ташкили назорат ва баҳодиҳӣ аз аввали банақшагирӣ, таҳия, амалисозӣ то анҷоми лоиҳадар мисоли ноҳияи Шуғнон.

 

Сипаси гузоришҳо оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаҳои БОР дар Бадахшон пешниҳод ва баррасӣ гардиданд.  

 

Сараввал гузориши Назарбек Мамадназаров, ҳамоҳангсози барномаҳои МДҷШ “қалам” оид ба “Мониторинг ва баходихии лоихахои Бонки Осиёии рушд (БОР) дар Бадахшон, нохияи Рошткалъа” шунида шуд.

қайд гардид, ки мақсади асосии амалигардонии барномаҳои БОР дар Тоҷикистон рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълими толибилмон ва омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳо буд.

- Барномаи дар ноҳияи Роштқалъа амалишаванда таъмири хурд, васеъкунӣ, таъмири пурраи биноҳои мактаб ҳои № № 10, 12, 26, 35, 39 ва бинои шӯъбаи маориф.

- Гузаронидани омузишхо( тренингхо) барои омузгорон ва волидайн бахри чалби онхо дар банакшадарорӣ , таъмир ва назорати сифати корҳои гузаронидашуда.

- Таъмини мактабҳо бо маводҳои омӯзиширо дар назар дошт.

Маблағи умумии барнома дар ноҳияи Роштқалъа 797 113 сомониро ташкил дода, мӯҳлати умумии амалигардонии барнома аз 4 марти соли 2006 то 12 августи 2008 муайян шуда буд.

Назорати рафти амаликунии барномаро Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (аз чумла шӯъбаи маориф), намояндаи БОР дар ноҳия, роҳбарони мактабҳо ва омӯзгорон, ассосиатсияҳо ва кумитаҳои волидайн ба ӯҳда доштанд.

МДҷШ “қалам”, чун аъзои Форуми Тҷ барои БОР ба гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии ин барнома ҷалб шуд.

МДҷШ “қалам” аз моҳи июни соли 2006 то моҳи августи соли 2008 шаш маротиба мониторинг гузаронида, ба намояндаи БОР дар ноҳия, шӯъбаи маорифи ноҳия, раёсати маорифи вилоят, Макомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Роштқалъа ва Форуми СғД назди БОР (Форум НПО для АБР, г. Бишкек) доири вазъияти таъмир ахборот пешниҳод менамуд.

Ба ахбороти мо оиди ҷой доштани камбудиҳо дар амалисозии лоиҳа нигоҳ накарда, роҳбарияти лоиҳа оиди бартараф намудани онҳо чораҳои амали намеандешид ва камбудиҳо дар кор такрор меёфтанд.  

Ба назардошти ин моҳи августи соли 2009 МДҷШ “қалам”, СғД “Тараққиёт” ш. Душанбе дар асоси мактубҳои роҳбарони мактабҳо, ба номи роҳбарияти БОР (Манила, Филиппин) мактуб тайер карда фиристоданд.

Мохи октябри соли 2009 комиссия муштарак дар хайати намояндагони вазоратҳои молия, маорифи ҷТ, намояндагони БОР дар Тоҷикистон, намоядагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, МДҷШ “қалам”, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа вазъияти корҳои дар мактабҳои ноҳияи анҷомдодаро аз назар гузарониданд.

Комиссия дар худи ноҳияи ҷамъомад гузаронидани нақшаи кории ислоҳи камбудиҳои роҳдодаро тартиб дод, ки дар он директорони мактабҳо ва раисони ассосиатсиҳои волидайн ширкат варзиданд.

Аз рӯи муқаррароти комиссия барои бартараф намудани норасоиҳо сохтмону барқарорсозии 6 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла бинои шӯъбаи маорифи ноҳия маблағи 45 432,42 сомони арзёби гардид.

Комиссия муддати сол се маротиба рафти ислоҳи камбудиҳоро санҷида, бори охирон моҳи октябри соли 2011 дар ноҳияи Роштқалъа натиҷаро ҷамъбаст кард. Дар ҷамъбасти кор намояндаи масъули БОР аз Манила Роберт Мэй иштирок карда, бо пешниҳоди ӯ охири моҳи октябр дар ш Душанбе, бо иштироки намояндагони СғД, ташкилотҳои байналмилалӣ, мизи мудаввар доир гардид.

Аз рӯи мушоҳидаи комиссия корҳои зерин анҷом дода шуданд:

  1. lМактаби 35, чамоати Сежд: Дар се синфхона фарш аз нав таъмир шуда, девори даруни ва беруни андова гардиданд. Барои ҳоҷатхона дар гузошта шуда, фарши он бо сементпӯш гардид. Барои ин корҳо аз буҷаи давлатӣ 7000 сомонӣ ҷудо гардид;                      
  2. lМактаби 39, ҷамоати Шошбувад: 6 дари сиинфохонаҳо аз нав гузошта шуданд, 8 тиреза иваз ва болопӯши даромадгоҳи мактаб таъмир шуд. қабати дуюм шишаи тирезахо гузошта шуда, 6 м2 фарш аз нав сохта шуд. Маблағи умумии таъмиру сохтмони мактаб, ки 11 ҳазор сомониро ташкил дод, аз буҷаи давлатӣ ҷудо гардид.
  3. lМактаби 26, маркази ноҳия: тирезахои мактаб аз нав таъмир шуда, дари даромадгоҳи мактаб иваз шуд. Фарши ду синфхона қисман иваз шуда, андова девори беруни мактаб аз нав карда шуд. Барои 33 тиреза петлиҳо гузошта шуданд. Дар маҷмӯъ барои анҷоми ин корҳо аз ҳисоби шӯъбаи маорифи ноҳия 7500 сомони масраф гардид.
  4. lМактаби 12, чамоати Тусён: фарши 4 синфхона таъмир шуда, аз беруни бино бо сокол ( таҳкурсии сементӣ) ва болои бино бо тол рупӯш карда шуданд. Ба миқдори 4 м2 тунука иваз шуда, ноқилҳои барқи ва розеткаҳо иваз шуданд. ҷамъ барои анҷоми ин корҳо 7176 сомони чудо шуда, тамоми корҳо бо қувваи омӯзгорону волидон ба анҷом расонида шуданд.
  5. lМактаби 10 , ҷамоати Тавдем; фаршҳои ду синфхона иваз шуда, ва 2 тиреза иваз гардиданд. ҳамаги ба 6700 сомонӣ корҳо иҷро шуданд.
  6. lШӯъбаи маориф: тунука болопӯш иваз шуда, девори нотамоми атроф ба итмом расонида шуд. Ноқилҳои барқӣ иваз шуданд, отмоска (соколи) паси бино аноҷом дода шуд. ҳамагӣ ба 7385 сомони корҳо иҷро шуданд.

Корҳои анҷомдодашуда дар ин биноҳо маблағи 46 752 сомониро ташкил доданд.

 

Саволҳо барои мулоҳиза:

  1. lБароичӣ дармарҳилаиаввал, киислоҳкарданикамбудиҳоосонтарбуд, инкоразтарафиСғДдарноҳиябуда, азҷумла SUDVO ва VO, Ассосиатсияиволидайниинмактабҳо, падарумодарон, омӯзгорон, рохбаронимактаббардоштанашуд.
  2. lБароичӣ Мақомотииҷроияимаҳаллииҳокимиятидавлатииноҳия, шӯъбаимаорифвараёсатимаорифновобастаазмуроҷиатҳоичандинкаратаиМДҷШқаламкорисохтмончиёнроҷиддӣ зериназоратнагирифтанд.
  3. lНамояндаиБОРдарноҳия, кибаҳрииҷроисифатнокибарномамасъулбуд, бароикадомфаъолияташмаошмегирифт
  4. lСабабчӣ буд, кихудисохтмончиён, роҳбариятионҳобапешниҳодҳоиТҷ «қалам» диққатнадоданд.

 

Ташкилоти ҷамъиятии «Калам» мониторингро бо супориши Форуми Тҷ, барои БОР ташкил карда буд, гузаронд. Лозим буд, ки худи БОР яке аз шартҳои додани гранту қарзҳои дарозмудатро маҳз аз гузаронидани мониторинг бо ҷалби ҷомеа ва Тҷ мемонд.

Намояндаи лоиҳаи БОР дар ВМКБ низ он қадар аз болои сифатнок иҷро шудани кор ва самаранок истифода шудани маблағҳои назорат накард.

Намояндае, ки БОР дар Бадахшон таъин кард, худ дар бораи амалишавии ин барнома тасавуроти хубе надошт.

Фаъолияти ассосиатсияи волидайн, муаллимон, роҳбарони мактаб дар масъалаи назорати кори сохтмончиён суст буд.

 

Ба гуфти роҳбарони мактаб ва намояндаи БОР барнома аз се қисм иборат буд:

  1. l- қисми омӯзишӣ, тренингҳо доир ба баланд бардоштани фаъолияти кумитаи волидайн ва ҷомеа дар банақшадарорӣ иҷро ва назорати рафти амалишавии ин барнома.
  2. l- қисми дуюми барнома таъмини хонандагон бо маводхои таълимӣ
  3. l- таъмири   мактабҳо

Онҳо бештар ду қисми аввалро назорат карданд ва иҷрои ин қисмҳо сифатнок буд.

 

Барои чи натиҷаҳои ниҳоӣ хуб шуданд. Пеш аз ҳама ин мавқеъгирии БОР, ки масъаларо хеле қатъӣ гузошт. Баъдан, мавқеъ ва нигоҳи ҳамаи ҷонибҳо ба масъала, яъне гузаштан аз мавқеи ҳамдигарайбдоркунӣ ба мавқеи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар ҳалли ин мушкилот.

 

Савол;

Чаро ҷуброни корҳои аз нав барқароркуниву сохтмонӣ на аз ҳисоби пудратчӣ балки мақомоти ҳокимияти маҳалли анҷом дода шуданд?

 

ҷавоб:

Намояндаи Вазорати маориф кушиш карданд, ки ҷуброн аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ шаванд. Зеро маблағҳои ҷудошуда ҳама сарф гардиданд. Дар вақти мониторинг ҳам пудратчиён баён доштанд, ки маблағҳои ҷудошуда ҳамин қадар буданд ва барои анҷоми баъзе корҳо тамоман пешбинӣ нашуданд.

 

Саволи Ш. Каримов.

Индикаторҳои баҳодиҳи чӣ гуна муайян карда шуданд?

 

ҷавоб:

Аз рӯи чӣ қадар маблағҷудо шуд, чӣ гуна сарф гардид,, сифатнокиву самараи онҳо аз барномаи Лоиҳа чӣ андоза аст? Индикаторҳои махсус муқарар нашуда буданд. Инро бояд Бҷ минбаъд ба инобат гирад.

 

Саволи М. Мамадсаидов

Оё дар ду соли амалисозии Лоиҳа мониторинг гузаронида шуд?

 

ҷавоб. Албатта. Вале тавре гуфтам, ба натиҷаи онҳо масъулини иҷрои лоиҳа сари вақт эътиборр надоданд. То замоне ки мо ба маркази маблағгузории Лоиҳа муроҷиат нанамудем.

 

Саволи ғ. қурбонов

Чаро дар ин баҳодиҳӣ Лоиҳа рафт ва натиҷаи қисми мӯзиши ва тайёр намудани маводҳои таълими ва аёни ба назар гирифта нашудаанд.

 

ҷавоб. Ба назари мо дар ин қисматҳои лоиҳа аз камбудиҳо дида муваффақиятҳо бештар буданд. ҳазамон бояд қайд намоям, ки агар давраҳои омӯзишии аъзоёни ассотсиатсияҳои волидайн ва омӯзгорон натиҷабахш мебуданд, камбудиҳо дар қисми сохтмону таъмирро онҳо худашон назорат ва ба ислоҳкунии онҳо мусоидат мекарданд.

 

Ш. Каримов. Мақсад аз мониторинг, ба андешаи ман, ин роҳ надодан ба камбуду норасогиҳо дар амалисозии Лоиҳа буд. Яъне то он даме, ки камбудиҳо ислоҳ нашаванд, масъулин бояд ба қабули санадҳои корҳои анҷомдодашуда имзо нагузоранд.

 

 

Гузориш роҳбари Тҷ «Нур» ноҳияи Шуғнон Шаҳбоз Миралибеков оид ба афзоиши талабот ба манфиатбахшии роҳбарият ба лоиҳаҳо ва барномаҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ташкилоти ҷамъиятии “Нур”, иттилоъ дод роҳбари он, соли 2001 таъсис ёфта, мақсад аз таъсис додани он мусоидат намудан амалисозии лоиҳа ва барномаҳои ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии аҳоли равонагардида, тарғиби тарзи ҳаёти солим пешгирии нашъамандӣ ва касалии Норасогии масънияти бадан (ВИЧ/|СПИД ва фаъолиятҳои дигари эҳсонкорӣ мебошад.

Айни ҳол Тҷ “Нур” дар ҳамкори бо MSDSP, АГОғА, СОMMUNDO барномаи рушди мантиқи кӯҳистон, бо ташкилотҳои байналмилалии SDC. ва Фокус барномаи Экология ҳолатҳои фавқулодда, сафорати Амрико, фонди Кристенсен ва АКС лоиҳаи Кӯдакон ва ҷавонон ва дар ҳамкорӣ бо ГФ CARHAP, OSI, OO «Волонтер»-OXFAM-NOVIB барномаи Тандурустиро амалӣ намуда истодааст.

Барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ ташкилот бо тамоми сохторҳои дахлдори давлативу ҷамъиятӣ ҳамкори дорад. Барои ин қабл аз ҳама мо дар оғози ҳар лоиҳа ва барнома онро ба таври расмӣ ва бо иштироки васеъи намояндагони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва истифодабарандогони онҳо муррифӣ (презентатсия) менамоем.

Дар ҷараёни амалисозӣ ва роҳбарӣ ба онҳо кӯшиш мекунем, ки бештар худи истифодабарангони онҳоро ҷалб намоем. ҳамзамон ба таври мунтазам иҷрои онҳоро санҷида баҳогузорӣ менамоем. Дар ин кор низ кӯшиш мекунем, ки намояндагони сохторҳо ва ташкилотҳои холисро ҷалб намем. Зеро ин имконият медиҳад ки манфиатбахшии амаламон беғаразона баҳогузорӣ шуда барои минбаъд манфиатбахштар амалӣ сохтани максадҳоямон чораҳои муасиртар андешем.

Бештари фаъолияҳоямон ба омӯзиш ва таълими истифодабарандагони лоиҳаҳо ва барномаҳо нигаронида шудааст. Айни ҳол ташкилот барои истифодабарандони лоиҳаҳо ва барномаҳои худ давраҳои омӯзишии тарзи ҳаёти солим, маҳоратҳои кор бо технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ доир намуда истодааст. Дар толори варзишии аз рӯи барномаи махсус бунёдгардида ба ин мақсад таълиму тармими намудҳои гуногуни варзишӣ ба роҳ гузошта шудааснд.

Хулоса, амалисозии муваффақонаи лоиҳаҳоро шаффофият ва ҳамкории муназзами ҷонибҳои гуногуни манфиатдор ва санҷишу баҳогузории ментазами корҳои анҷомдода таъмин карда метавонанд.

 

Саволҳо аз рӯи гузориши роҳбари Тҷ “Нур” аслан сари зарурияти гузаронидани мониторинг ба миён омаданд.

 

қайд гардид, ки мониторинг омили муҳими санҷиши манфиатбахшии амалҳо аз рӯи иҷрои мақсад ва вазифаҳои лоиҳа ё барнома мебошанд. Агарчи онҳо дар рафти иҷрои лоиҳа ё барнома, дар дохили ташкилот, аз ҷониби роҳбарият ва дигар масъулинашон мунтазам гузаронида шаванд ҳам, беҳтар мебуд, ки барои гузаронидани онҳо коршиносони беруна ҷалб карда мешуданд. Зеро баҳодиҳӣ ба фаъолияти худ ҳанӯз маънои пурраи мақсаднок ва манфиатбахш роҳандози шудани фаъолиятҳоро дода наметавонад. Баҳои ҳақиқиро шахсони ғайр дода метавонанд.

Роҳбарияти Бҷ-ро лозим аст, ки дар мавриди қабул ва маблағгузории барномаи рушд барои мақсаднок ва манфиатбахш иҷро намудани онҳо гузаронидани мониторинг ва индикаторҳои гузаронидани онро, бо иштироки сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар гирад.  

 

    

 

Кор дар гурӯҳҳо

Кор дар гурӯҳҳо дар атрофи гузоришоти МДҷШ “қалам” ва Тҷ “Нур” сурат гирифт.

 

Гурӯҳи1.

Дар рафти кор дар гурӯҳ иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро оиди зарурияти ҳамкории сохторҳои ҷомеаи шаҳрванди ва Бҷ дар мақсаднок ва манфиатбахш амали намудани барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар фазои озод баён намуданд.

Барои ташаккул ва таҳкими муносибатҳои байни СҷШ ва Бҷ иштирокчиёни гурӯҳ дар назди Бҷ масъалагузорӣ намудан:

-               Муҳимтарин омили иҷрои мақсаднок ва манфиатбахши ҳар барнома шаффофият аст. Лоиҳаҳо ва барномаҳо бояд, ки барои истифодабарандагони онҳо муаррифӣ шаванд, рафти иҷро ва натиҷаи онҳо тавассути ВАО инъикос гарданд;

-               Зина ба зина ва мақсаднок иҷро гардидани чорабиниҳо дар доираи лоиҳа ё барнома санҷиш ва баҳодиҳии мунтазам ва натиҷабахшро тақозо дорад.

 

Барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва зарурияти иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии манфиатбахши лоиҳа ё барномаҳо Бҷ пешниҳодҳо ба миён омаданд:

 

Пешниходот:

-               Ташкили давраҳои омӯзишӣ барои ташкилотҳои ҷавон ва навтаъсис;

-               ҷалб кардани ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо Марказхои Татбиқи Лоиҳаҳо;

-               Дар оғози амалисозии лоиҳаҳо муайян намудани индикорҳои назорат аз иҷрои мақсаднок ва натиҷабахши лоиҳаҳо;

-               Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи Миллии Созмонҳои ғайридавлатӣ таъсиси гурӯҳи корӣ ва ворид намудани намояндагони ташкилотҳои ҷаъиятӣ ба он дар монитоинг ва баҳодиҳии лоиҳаҳои амалишаванда;

-               таъмини хисоботи пурра ва шаффофияти барномаю лоиҳаҳо ва иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз пешбурдҳо ва натиҷаҳо.

 

Гурӯҳи 2.   .

 

Иштирокчиёни ин гурӯх дар рафти мубоҳиса ба хулоса омаданд, ки:

 

- Лоиҳаву барномаҳои амалишаванда бояд ҳатман барои истифодабарандагон ва ҳамкорон муаррифӣ карда шавад – мақсад, давомнокӣ, нишондиҳандаҳо, усувории лоиҳа, ҳамзамон тавассути воситаҳои ахбор оиди оғози лоиҳа, рафти амалисозии ва анҷоми он хабару гузоришҳо дода шаванд.    

Пешниходот:

-               муаррифӣ намудани лоиҳа барои ҷомеа

-               таъмини ширкати васеи СҷШ дар амалисозии лоиҳа

-               ба нақшагирии мониторинг ва баҳодиҳӣ дар лоиҳа

-               ташкили омӯзиши намояндагони СҷШ ва сохторҳои давлатӣ оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ

-               ворид намудани намояндагони СҷШ – намояндагони гуногунсоҳа, ба гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани мониториг ва баходиҳӣ

-               ташкили сафарҳои омӯзишӣ- табодули таҷриба

-               тренингҳо барои СҷШ оид ба тавонмандсозӣ (Н&Б, ҳисобот, таҳияи лоиҳа, малакаҳои таҳлилӣ ва ғайра);

-               таъмини таҷҳизот, нақлиёт ва мебел;

Дар анҷоми кори мизи мудаввар Шамсиддин Каримов иштирокчиёнро бо тартиби кор дар системаи ECONSULTANT2, ки аз ҷониби Тҷ “Зеркало” омода шудааст, ба таври соддаву фаҳмо муаррифӣ намуд. Аз ҷумла аз хусуси ворид шудан ба система, сабт кардани ном ва сурога, рафти кор дар система, пешниҳоди ариза барои лоиха, мушкилихое, ки дар рафти кор метавонанд пайдо шаванд ва роҳҳоои ҳалли онхо, пайдо кардани ҷавоб ба саволҳо ва нофаҳмиҳо.

 

Дар охири кори мизи мудаввар Шамсиддин Каримов бори дигар ба ширкаткунандагон барои иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ баён кард ва изҳори боварӣ намуд, таҳлилу пешниҳодҳои онҳо ба раванди амалӣ сохтани барномаву лоиҳаҳои ҷамъиятӣ ва таҳкиму тақвияти нерӯ ва тавонмандии созмонҳои ғайридавлатӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

30 майи соли 2013

 

 

 

 

 

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном