ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

 

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)

БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

 

 

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии расман бақайдгирифташуда иборат аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати адлия, то моҳи октябри соли 2012 дар кишвар 2600 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба охири соли 2011 ба сад адад бештар аст. Тахминан, 1000-тои онҳо фаъоланд. Ҳамчунин, 1400 ташкилоти деҳотии ба таври расмӣ бақайдгирифташуда (ТД), 105 иттифоқи ичтимоии рушди ТД (ИИРТД), ёздаҳ ассотсиатсияи ИИРТД (AИИРТД), беш аз ҳафтод Ассотсиатсияи

 

истифодабарандагони об (АИО) ва беш аз 2600 гурӯҳи хазинавии дар сатҳи ҷамоат таъсисёфта , ки аз тарафи Фонди Рушди Оғохон (AKF) дастгирӣ меёбанд, вуҷуд доранд.

Устувории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 2012 каме бадтар шудааст. Фазои ҳуқуқӣ бисёр мураккаб боқӣ мемонад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз мавҷудияти монеаҳои бюрократӣ ва зиёдшавии фасод дар ҷараёни бақайдгирӣ шикоят мекунанд.

 

Сарчашмаҳои маблағгузории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳдуданд. Бисёр созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пурра аз грантҳои маблағгузорони байналмилалӣ вобастаанд. Баъзе созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои алоқаи мобилии маҳаллӣ каме маблағгузор ӣ мегарданд.

 

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти худро аз расондани хизматҳо то ба мониторинги хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ва ҳавасмандкунии ҳисоботдиҳиву шаффофияти идоракунӣ, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ васеъ намудаанд. Ташкилотҳои калон ва коалитсияҳо аз имкониятҳои дифоӣ ва пешбарии манфиатҳо бештар бархӯрдоранд, нисбат ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии хурдтар ва деҳотӣ, ки восита, захира ва имкониятҳои заруриро надоранд.

 

Маҳаллаҳо дар деҳот дар бораи нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷамъият тасаввур оти норавшан доранд. Дар минтақаҳои шаҳрӣ, ба хотири набудани шаффофияти фаъолият ва ҳисоботдиҳӣ, мардум созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ҳамчун созмонҳои вобаста аз грант ва аз тарафи маблағгузорон идорашаванда, қабул менамоянд. Корхонаҳои хусусӣ, маъмулан, афзалияти ҳамкориро бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ намефаҳманд.

 

ФАЗОИ ҲУҚУҚӢ: 5.0

Аксарияти СҶШ ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамоно мушкилотро бо бақайдгирӣ дар Вазорати адлия ва шӯъбаҳои минтақавии он доранд. Мувофиқи қонун, ҷараёни бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд як моҳро дар бар гирад, аммо дар асл, ин раванд мӯҳлати зиёдтарро мегирад. Дар сурати тағйироти ҳатто ягон ҷузъи оиннома, ба монанди тағйири суроға, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба монеаҳои бюрократӣ, зиёдшавии фасод ва маҳдудкун ӣ аз тарафаи Вазорати адлия ҳангоми бақайдгирӣ шикоят мекунанд. Масалан, идораи CounterpartInternational дар Тоҷикистон натавонист аз тариқи равзанаи ягона ба қайд гирифта шавад ва ба вай лозим омад, ки аз чандин монеаи бюрократӣ гузарад, аз ҷумла, бо саб аби набудани ин ё он ҳуҷҷат ё нодуруст ба расмият даровардани он, се маротиба раддияи Вазорати адлияро гирифтааст. Баъд аз се моҳ, ниҳоят ба Каунтерпарт муяссар гардидааст, ки ба қайд гирифта шавад.

Бақайдгирии дигар шаклҳои СҶШ, аз ҷумла хазинаҳои ҷамъия тӣ, нисбатан содда аст ва метавонад ба воситаи равзанаи ягонае, ки ҳокимияти андозситонӣ дар соли 2010 таъсис додааст, анҷом дода шавад. Бо вуҷуди ин, шахсоне, ки мехоҳанд бунёди ҷамъиятиеро ба қайд гиранд, бояд аввал бо Кумитаи андоз маслиҳат кунанд ва он, одатан, онҳоро ба Вазорати адлия мефиристад, то ки ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гиранд.

Дар сурати ба қонун мувофиқат накардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ онҳо метавонанд гирифтори ҷазо гарданд ва бинобар ин, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар масъалаи риояти қонун бодиққат фаъолияти онҳоро назорат ва тафтиш мекунанд. Дар давоми нимсолаи дуюми 2012, тафтиши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии фаъол, дар навбати аввал созмонҳое, ки дар соҳаҳои ҳуқуқи башар ва воситаҳои ахбори омма кор мекунанд, зиёд шудааст. Масалан, аз Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ ва техникӣ (АНТИ) дар бораи иштироки онҳо дар муҳокимаҳои ҷамъиятии минтақавӣ бо Ҳизби наҳзати ислом пурсида шуд.

Гарчанде ки фаъолияти сиёсӣ аз рӯи қонун манъ карда нашудааст, дар а мал, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муколамаҳои оммавӣ оид ба масоили сиёсӣ ё танқиди ҳукумат чӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чӣ дар сатҳи миллӣ барканор шудаанд. Масалан, суди ш.Хуҷанд қарор баровард, ки Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон (Ампаро), гурӯҳи маҳаллии баёнгари ҳуқуқ, ки ҳолатҳои истифодаи шиканҷаро таҳқиқ намуда, аз ҳуқуқи ба сафи артиш даъватшудагон ва дигар гурӯҳҳои озордида ҳимоят мекард, баста шавад. Вайронкуниҳои имконпазир аз бақайд нагирифтани суроғаи нави ташкилот, фаъолият дар як қатор минтақаҳ о бе кушодани намояндагиҳои минтақавӣ, фаъолияти сомонаи ғайриқонунӣ ва гузаронидани машғулиятҳо бо ба хизмати ҳарбӣдаъватшудагон бе иҷозатнома (литсензия) иборат мебошанд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи башар парвандаи мазкурро тобиши сиёсидошта ва бемоҳият мешуморанд.

 

Кодекси андози навро Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро моҳи сентябри соли 2012 имзо намуд, он аз 1 январи соли 2013 ба ҳукми қонун медарояд. Дар тафсири пештараи Кодекси андоз қоидае вуҷуд дошт, ки мувофиқи он СҶШ андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро дар асоси маоши моҳонаи миёна (ки он аз тарафи ҳукумат дар заминаи маълумоти минтақаҳои гуногун давра ба давра муайян карда мешуд) ё маоши воқеӣ, агар он баландтар бошад, ҳисоб мекард. Кодекси андози нав истифодабарии маоши моҳонаи миёнаро, ки маъмулан аз маоши воқеии СҶШ баландтар буд, манъ мекунад ва ба ин васила, андози қисми зиёди созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро кам мекунад.

Дар аввали октябр Вазорати маориф дастури наверо баровард, ки мувофиқи он иштироки донишҷӯёнро дар чорабиниҳое, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалии ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил ё маблағгузорӣ мегарданд, манъ мекунад. Барои мисол, Вазорати маориф Хадамоти Германия оид ба мубодилаи т аҳсилиро маҷбур кард, ки мулоқоташро бо донишҷӯён дар бораи санҷиши дониши забон мавқуф гузорад. СҶШ тахмин мекунанд, ки мақомоти давлатӣ аз ба сиёсат ҷалб гардидани ҷавонон тавассути барномаҳои мазкур, ки ба бунёди демократия ва инкишофи малакаҳои роҳбарӣ равона гардидаанд, метарсад. Муассисаҳои маориф арз менамоянд, ки онҳо ин тадбирро на барои кам кардани таъсири хориҷа андешидаанд, балки аз хавотирӣ аз гурӯҳҳои номуайяни хориҷӣ, ки дар байни ҷавонон ақидаҳои мазҳабӣ ва моҷароҷӯёнаро паҳн менамоянд.

 

Дар соли 2012 Вазорати меҳнат ниҳоди сеюм, баъд аз Кумитаи ҷавонон ва Кумитаи занон, гардид, ки бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тартиботи заруриро барои бастани шартнома, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ”, анҷом медиҳад.

Аксарияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумоти кофиро дар бораи масъулияти ҳуқуқии худ надоранд, аммо онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқиро аз шабакаи беш аз ҳаштоднафараи ҳуқуқшиносон дар Душанбе, Кӯлоб, Рашт, Хуҷанд ва Хоруғ гирифта метавонанд.

 

ИМКОНИЯТҲОИ ТАШКИЛОТӢ: 4.5

Аксарияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рисолати/вазифаҳои мушаххаси худро доранд. Аммо ба хотири вобастагии зиёд аз маблағи маблағгузорон, бисёри созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба лоиҳаҳо равона гардидаанд ва ба нақшагирии стратегӣ диққати кам меди ҳанд . Танҳо якчанд созмони ҷомеаи шаҳрвандии хубинкишофёфта нақшаҳои стратегии бисёрсоларо таҳия мекунанд, дигарон бошанд, танҳо нақшаҳои соланаро тартиб медиҳанд. Танҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии пешрафта ва ботаҷриба кӯшиш мекунанд, ки аз ҳисоби баҳрама ндони лоиҳа мизоҷони худро зиёд кунанд.

Бисёрии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сохтори ташкилотии мушаххас доранд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маъмулан аз тарафи мақомоти иҷрокунанда идора мешаванд, ки одатан аз тарафи як ё якчанд шахсияти тавоно роҳбарӣ мег арданд. Аксарияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ раёсати директоронро дар рӯи қоғаз доранд, аммо онҳо аксаран нофаъоланд. Иттиҳодияҳои соҳибкорон, коалитсияҳои СҶШ ва ассотсиатсияҳои шахсони ҳуқуқӣ, аз тарафи дигар, фаъолона мақомоти роҳбарикунандаи худро ба идоракунӣ ҷалб менамоянд.

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ на ҳама вақт барои доштани кормандони доимии барномавӣ маблағи кофӣ доранд ва бинобар ин, аксаран кормандонро дар асоси шартнома барои лоиҳаҳои муайян ба кор мегиранд. Қариб ҳамаи созмонҳои ҷомеаи шаҳр вандӣ ду ё се корманди доимии маъмурӣ, аз ҷумла муҳосибони касбиро доранд. Аксарияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷрибаи истифодаи шартномаҳо, муайяннамоии ӯҳдадориҳои корӣ ва низоми пардохткуниро доранд, аммо таҳияи сиёсати кадрӣ хеле кам аст. СҶШ-ҳо мута хассисони касбии компютер ва ҳуқуқшиносонро дар асоси шартнома, дар вақтҳои зарурӣ ба кор мегиранд. Дар соли 2012 Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон ( TNNGOA) татбиқи Барномаи бунёди нерӯи институтсионалиро барои беҳтар намудани ҳу ҷҷатгузории ҳуқуқӣ ва иқт идори ташкилотии сӣ адад СҶШ дар вилояти Хатлон оғоз намуд.

Фаъолияти ихтиёрӣ дар байни ҷавонон бо сабаби ҳолати вазнини иқтисодӣ дар кишвар маҳдуд аст. Донишҷӯёни маълумотдор дар минтақаҳои шаҳрӣ манфиатҳои фаъолияти ихтиёриро бештар мефаҳманд ва дар маъракаҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Дастури ба наздикӣ ба табъ расидаи Вазорати маориф дар бораи иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳое, ки аз тарафи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии байналмилалӣ ташкил шудаанд, боиси баҳсҳои шадиди СҶШ-ҳо оид ба ҷалб намудани ҷавонон ба лоиҳаҳои ояндаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Корҳои ихтиёрӣ дар байни мардуми қишрҳои гуногун бештар дар деҳот инкишоф ёфтааст, ки одамон мунтазам қувваи кориро барои лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зерсохторӣ пешниҳод менамоянд.

Мушкилоти молиявӣ ва сиёсати маблағгузорон барои навкунии захираҳои техникии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият намедиҳанд. Аксарияти СҶШ -ҳо дар идораҳои худ аз компютерҳои кӯҳнаи рӯимизӣ истифода мебаранд, ҳол он ки фаъолони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонистанд ноутбук ва флешдискҳоро истифода баранд, то ки зудҳаракат бошанд. Аксарияти

СҶШ-ҳо имконияти истифодабарии барномаҳои компютерии литсензиониро надоранд. Истифодаи интернет дар минтақаҳои шаҳрӣ имконпазир аст, аммо ҳанӯз ҳам, дар деҳот, ки қатъшавии барқ зиёд аст, кам ба назар мерасад.

 

ИМКОНОТИ МОЛИЯВӢ : 5.6

Қобилияти молиявӣ монеаи асосии рушди СҶШ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сарчашмаҳои маблағгузории СҶШ аз гуногунӣ дур аст ва бисёрии СҶШ-ҳо пурра аз грантҳои байналмилалӣ вобастаанд. Баъзе гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бархӯрдори маблағгузории маҳдуди маҳаллӣ ба шарофати кӯшиши хайрияи якчанд бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои телефони мобилӣ, ба монанди Агроинвестбонк, Бонки Эсхата, Ориёнбонк ва Tcell, мебошанд. Мувофиқи пурсише, ки аз тарафи TNNGOA дар охири соли 2012 дар байни 165 ташкилот гузаронида шудааст, 75 фоизи маблағгузорӣ ба донорҳои байналмилалӣ, 18 фоиз ба ҳукумат ва 7 фоиз ба соҳибкорон ва хайрияҳои ихтиёрӣ рост меояд.

Танҳо якчанд СҶШ, ба монанди Фидокор, Зеркало, Фонди Евразия, Панорама ва Рушди Дехот, стратегияи самаранокро барои ҷамъоварии маблағҳо ба хотири таъмини дастгирии дарозмуддат истифода бурдаанд. Онҳо кормандони ботаҷрибаи барномавӣ ва кормандони ёридиҳандаи англисидонро доранд, ки барои навиштани лоиҳаҳои пурқувват қодиранд. Асосан, танҳо ас сотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои касбӣ барномаҳои дастгирии аъзоён ва барномаҳои рушди хайриявиро доранд.

Даромади коркарда тахминан 5 фоизро аз даромади солонаи соҳа ташкил медиҳад, чунки бозори хизматҳои пулакӣ хуб инкишоф наёфтааст. Фаъолияти даромадноки созмонҳои ҷомеаи аҳрвандӣ бо гузаронидани омӯзишҳо ва додани машваратҳо маҳдуд гардидааст. Хизматҳои СҶШ, ба сабаби баланд будани сатҳи камбизоатӣ дар байни баҳрамандон, ба таври умум, аз назари молиявӣ устувор нестанд. Бисёрии созмонҳои ҷомеа и шаҳрвандӣ барои машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ шубҳа мекунанд, азбаски бо идоракунии молиявии ҷудогона ва механизми андозсупории ношинос дучор мешаванд.

Маблағгузории давлатӣ ҳамон лоиҳаҳои хурди ба манфиатҳои занон ва ҷавонон равона гардидаро дар бар мегирад. Дар соли 2012 дастгирии давлат мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ” $230 000 ташкил намуд, ба монанди солҳои 2010 ва 2011. Харидҳои хизматҳои иҷтимоии давлатӣ шаффоф нестанд ва ба таъсиси СҒД-ҳои ҳукуматӣ ( GONGO-ҳо) мусоидат мекунанд.

Миқдори ками СҶШ-ҳо низоми идораи молиявиро доранд, гарчанде ки майли донорҳои байналмилалӣ аз муомилоти нақдӣ ба низоми бонкӣ заруратро ба беҳтаргардии идораи молиявӣ зиёд мекунад. Аудити молиявӣ қиммат аст ва барои ҳамин ҳам, кам ба назар мерасад. Баъзе СҶШ -ҳои пешрафта дар сомонаҳо ҳисоботи солонаи худро нашр мекунанд, аммо маълумоти молиявиро дохил намекунанд.

 

ДИФОИ МАНФИАТҲО: 4.8

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи шӯроҳои ҷамъиятӣ бо сиёсатмадорон дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ алоқ аи мустақим доранд. Бо вуҷуди ин, ин шӯроҳо зоҳириянд ва ба СҶШ-ҳо имконият намедиҳанд, ки ба раванди қабули қарор воқеан таъсир расонанд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлат ӣ то рафт зиёдтар дар муколамаҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд. Масалан, раиси шаҳри Душанбе тавассути шабакаи иҷтимоӣ, сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти шаҳр ва муколамаҳои ошкоро, ки худи шаҳрдор гузаронд, аксуламалро оид ба сифати хизматҳои ҷамъиятӣ талаб менамояд. Аммо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чунин механизми алоқаи ду тарафа фаъолона иштирок накарданд.

Ташкилот ва коалитсияҳои калон иқ тидор ва имконияти дифоъ ва пешбурди манфиатҳоро бештар дороянд, нисбат ба СҶШ -ҳои хурд ва деҳавӣ, ки восита, захира ва ё имкониятҳои заруриро барои чунин бархӯрдорӣ надоранд. Дар байни созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии дар минтақаҳо вуҷуддошта ва дар пойтахтбуда фосилаи назаррас дар алоқа вуҷуд дорад. СҶШ-ҳои ш.Душанбе ба фаъолияти таблиғу ҳимоят ҷалб гардидаанд, аммо, одатан, онҳо дар бораи масоили деҳоти Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоранд ё ба ҳалли онҳо ҷалб нашудаанд. Бинобар ин, манфиатҳои мардуми деҳот дар сатҳи пойтахт ҳимоят карда нашудаанд.

Такмили дифои манфиатҳо дар соли 2012 давом ёфт. Якчанд коалитсия, шабака ва иттиҳодияҳои аъзодори ботаҷриба бо ҳукумати миллӣ бомуваффақият кор карданд. Бо тар ғибу ташвиқи Коалитсияи СҶШ оид ба масоили занон Қонуни ҶТ “Дар бораи зӯроварӣ дар оила” кор карда, декабри соли 2012 аз тарафи ҳукумати миллӣ қабул карда шуд. Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолон то ҳол барои лоиҳаи Қонуни нав “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” баромад мекунад.

Аммо Шабакаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги натиҷаҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба хотири набудани маблағгузорӣ фаъолияти худро мавқуф гузоштааст.

СҶШ-ҳои пешрафта зиёдтар аз болои расонидани хизматҳои ҷамъиятӣ назорат намуда, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти идоракуниро дар сатҳҳои давлатӣ ва маҳаллӣ дастгирӣ менамоянд. Барои мисол, AНТИ мониторинги хизматрасониҳои тиббиро анҷом додааст, ва ташкилоти ҷамъиятии “Рушди деҳот” бошад, мониторинги идоракунии захираҳои заминиро оғоз намудааст. СҶШ -ҳо фаъолияти худро имсол дар масоили интихобот, шаффофият ва идоракунии солим афзудаанд. СҶШ-ҳо бо аъзоёни ҷамоатҳо машғулият ва машваратҳо гузарониданд, то ки ишт ироки овоздиҳандагонро зиёд кунанд, ба тарафдории интихобот ба шӯроҳои маҳаллӣ баромад карданд, барои дастрасии бештар ба иттилоот даъват карданд, мониторинги хизматрасониҳоро анҷом доданд, дар таҳияи буҷа иштирок карда, аз болои иҷрои он назорат карданд. Илова бар ин, СҶШ-ҳо муҳокимаи буҷаҳои маҳаллиро ташкил карданд ва Ассотсиатсияҳои волидайн ва омӯзгорон дар мониторинги буҷаҳои сохтори таҳсилотӣ иштирок намуданд. Дар моҳи августи соли 2012 Ассотсиатсияи ВАО-и мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Медиа Аля нс дар якҷогӣ бо ташкилоти “Хабарнигорони бесарҳад” ба муқобили сахтгирӣ нисбати ВАО -и интернетӣ баромад карданд.

Баъзе СҶШ -и пешрафта, ба монанди “Ҷомеа ва Қонун” ва Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, дар таҳияи пешниҳодоти тағйирот ба Кодекси андоз фаъолона иштирок намуданд, то ки бори андозро ба СҶШ-ҳо сабук кунанд.

 

ХИЗМАТРАСОНӢ : 4.4

СҶШ-ҳо расонидани хизматҳои гуногунро давом доданд. Аксарияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди таҳсилоти ғайрирасмӣ, та ндурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебдида ё ҳимояи ҳуқуқи башар ва қонунӣ мерасонанд. Баъзе ташкилотҳо дар соҳаҳои дигар, ба монанди инкишофи соҳаи барқ, об ва иқтисодиёт, хизмат мерасонанд. Аксарияти мол ва хизматрасониҳо ройгон буда, зарурат ва афзали ятҳои гурӯҳи мақсадноки СҶШ ва ҷамоатҳоро инъикос менамоянд.

Гарчанде ки баъзе СҶШ-ҳо хизматҳои худро мефурӯшанд, арзишҳояшон, маъмулан, аз нархибозор пасттаранд, чунки аҳли ҷомеа интизоранд, ки хизматҳои СҶШ бояд бепул бошанд. Бисёрии СҶШ-ҳо барои пешни ҳод намудани мол ва хизматҳо малакаи кофии маркетингиро надоранд.

Мақ омоти ҳокимияти давлатӣ дар сат ҳи миллӣ ва маҳаллӣ манфиати СҶШ-ҳоро дар расонидани хизматҳои асосии иҷтимоӣ эътироф мекунанд, гарчанде ки СҶШ -ҳо баъзан бар он ақидаанд, ки ҳукуматҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро танҳо барои қобилияти ҷалб намудани маблағҳои донор ӣ бештар қадр мекунанд. Се ниҳоди давлатӣ ба СҶШ -ҳо фармоиш ва грантҳои иҷтимоиро барои хизматрасонӣ ба ҷавонон, занҳо ва одамони пиронсол пешниҳод мекунанд. Бисёри созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳоро дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ пешниҳод менамоянд, ки он дар навбати худ тавассути тақдими бинои холӣ СҶШ-ро дастгирӣ мекунанд. Мақомоти давлатӣ, одатан, муваффақиятҳои СҶШ-ҳоро, ҳамчун дастовардҳои худ медонанд, ҳатто агар онҳ о аз ҳисоби сарпарастони байналмилалӣ маблағгузорӣ гардида бошанд.

 

ИНФРАСОХТОР: 4.6

Ҳафт Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSSCs) ва дигар ташкилотҳои миёнарави дастгирии СҶШ (ISOs) теъдоди маҳдуди хизматҳоро пешниҳод мекунанд, аз ҷумла, иттилоот, тех нологияҳои нав, таълими заминавӣ дар соҳаи банақшагирии стратегӣ, инкишофи фаъолияти ихтиёрӣ ва ҷалбнамоии маблағҳо. Дар шаш соли охир Марказҳои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ягон дастгирии марбут ба рушди иқтидори ташкилот нагирифтаанд. Бар ивази ин, донорон дастгирии мушаххасро барои зиёд намудани иқтидори СҶШ -ҳо дар риштаҳои махсус, ба монанди масъалаҳои ВНМО/БПНМ ва муҳоҷират пешниҳод намуданд.

Аксарияти тренерон хатмкунандагони барномаи Каунтерпарт барои тайёр намудани тренерон оид ба асосҳои СҒД мебошанд, ки дар охирҳои солҳои 1990-ум ва аввалҳои солҳои 2000 -ум гузаронида шудаанд. Онҳо метавонанд созмонҳои нав ва сатҳи миёнаро таълим диҳанд, аммо тренингҳои такмили ихтисосро гузаронида наметавонанд. Дар шаҳрҳои хурд СҶШ -ҳои пурқувваттарини маҳаллӣ вазиф аи Марказҳои захиравиро ба ӯҳда гирифтаанд. Ташкилотҳои маблағгузор ва дигар созмонҳо маблағгузориро ё дохил намудани қисмати бунёди иқтидор ва инкишофи институтсионалиро ба барномаҳои грантии худ қатъ кардаанд, ки қобилияти тақвияти иқтидори соҳа, хусусан инкишофи СҶШ-ҳои навро суст кардааст.

Шумораи ташкилотҳои грантдиҳанда дар соли 2012 ба сабаби камшавии маблағгузорӣ кам гардид. Мувофиқи баҳодиҳии Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ, танҳо чор фонди рушди сатҳи маҳаллӣ ва ISO дар соли 2012 дастраси грантҳои байналмилалӣ шуда, тавассути озмун онҳоро ба СҶШ-ҳои маҳаллӣ тақдим карданд, барои муқоиса, шумораи чунин ташкилотҳо дар соли 2011 бисто буд. Ягон ташкилот аз истифода аз захираҳои маҳаллӣ грант ҷудо накардааст.

Бисёри ташкилотҳои пешрафтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Марказҳои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба TNNGOA дар таҳияи Барномаи миллии СҶШ -ҳо оид ба ҳамкории иҷтимоии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳ шуданд. TNNGOA ҳамоно ба сифати бунёди умумидавлатӣ барои мубодилаи таҷрибаи пешрафта СҶШ-ҳо ва пиёда намудани манфиатҳои хеш дар сатҳи давлатӣ баромад мекунад. Дар соли 2012 TNNGOA, ки ҳоло қариб 200 аъзо дорад, гузаронидани форумҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба хотири баланд бурдани бохабарӣ аз эҳтиёҷот ва иқтидори СҶШ-ҳо дар тамоми кишвар давом дод. Он, ҳамчунин гузаронидани силсилаи мизҳои мудавварро

оид ба мусоидат ба иштироки СҶШ-ҳо дар мониторинги лоиҳаҳои аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ амалишаванда ва хизматҳои давлатӣ оғоз намуд. Кӯшишҳои TNNGOA ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии давлатии соҳаи СҶШ ва ҳамкории иҷтимоӣ равона гардидаанд.   Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ коалитсия ва иттиҳодҳои махсусро барои беҳтар ифода намудани манфиатҳои хеш ва ҳамчунин, намояндагонашон, таъсис медиҳанд. Созмонҳои ҷомеаи аҳрвандӣ, ба хусус дар соҳаҳои гендер, муҳити атроф, ҳуқуқи башар, ҷавонон, ВНМО/БПНМ, маблағгузории хурд, рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти бонкӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. Аммо иттиҳодияҳои нав, ба таври умум, ноустуворанд, танҳо ба шарофати дастгирии донорҳо кор мекунанд. Шабакаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодҳо ба ёрии техникӣ ва тренингҳо барои беҳтар намудани малакаҳои муаррифӣ ва ҳимоя кардани манфиатҳои аъзоёнашон эҳтиёҷ доранд. Ҳамкории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо соҳибкорон кам аст, аммо оҳиста-оҳиста меафзояд. Ҳамкории соҳавӣ бо сектори давлатӣ мӯътадил аст. Дар соли 2012 Коалитсияи СҶШ “Шаффофият баҳри рушд” бо Вазорати молия ҶТ ва соҳибкорони бахши истихроҷи саноатӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои Тоҷикистон барои ҳамроҳшавӣ ба Ташаббуси шаффофияти бахши истихроҷи соҳаи саноат (EITI ) кор кард.

 

НУФУЗИ ҶАМЪИЯТӢ: 4.5

Масоили СҶШ дар ҳолати ба ягон ҷанҷол ё сӯистеъмоли сиёсӣ ҷалб гардиданашон бештар дар васоити ахбори омма инъикос меёбанд. Нашрияҳои давлатӣ одатан ҳодисаҳои ҳангомаомези бо СҶШ вобастаро чоп мекунанд. Масалан, парванда ба муқобили ТҶ “ Ампаро” дар нашрияҳои мустақил ба таври васеъ баён гардид. Танҳо рӯзномаҳои либералии “Азия Плюс” ва “Вечерний Душанбе” масъаларо аз ҷабҳаҳои гуногун баён намуданд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва деҳавӣ, ба таври умум, ба воситаҳои ахбори омма дастрасӣ надоранд ва фа рогирии онҳо аз маҳдудиятҳои молиявӣ вобаста аст, чунки нашрияҳо фарқро дар байни хизмати ҷамъиятӣ ва рекламаи тиҷоратӣ намегузоранд. Бисёри нашрияҳои интернетӣ, ба монанди Азия Плюс, Авесто ва Радиои Озодӣ, суханҳои пешвоёни СҶШ -ро меоранд ва ба таҷрибаи онҳо такя мекунанд. Дар соли 2012 шумораи радиостансияҳои хусусӣ афзуд, ба хусус дар шимоли кишвар. Радиостансияҳо барои хабари ҷолиб рақобат мекунанд, барои ҳамин онҳо ба СҶШ -ҳо имконият медиҳанд, ки бо нархҳои арзон дар бораи фаъолияти худ маълумот диҳа нд.

Ҷамоатҳои деҳот ҳанӯз ҳам дар бораи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тасаввуроти номуайян доранд. Дар минтақаҳои шаҳрӣ, СҶШ-ҳо ҳамчун ташкилотҳои аз грант вобаста ва аз ҷониби донорон идорашаванда қабул карда мешаванд, чунки онҳо ба таври шаффоф фаъолият намекунанд. Гарчанде ки СҶШ -ҳо мувофиқи муқаррарот ҳисоботи расмии солонаи худро ба Вазорати адлия супоранд ҳам, танҳо якчанд СҶШ-ҳои пешқадам ҳисоботи худро дар сомонаи www.tajikngo.tj, портали СҶШ, ки аз тарафи Маркази “Технологияҳои иттилоот ва алоқа” (ICT) идора мегардад, дастраси ҳамагон гардонидаанд. Дар соли 2012-ум 234 ташкилоти ғайритиҷоратӣ ҳисоботи солона ё ягон маълумотеро дар бораи дастовардҳояшон дар портали СҶШ Тоҷикистон нашр намудаанд.

Ҳукумат баъзан б а созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандонашон ҳамчун манбаи дониш назар карда, онҳоро ба гурӯҳҳои корӣ даъват мекунад. Дар мавридҳои дигар, СҶШ -ҳо барои иштирок дар гурӯҳҳои кории давлатӣ танҳо бо талаби донорон даъват мешуданд. Баъзе мансабдорони давлатӣ ба портали СҶШ Тоҷикистон барои гирифтани маълумот дар бораи таҷриба ва дастовардҳои созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат мекунанд. Соҳибкорон умуман манфиати ҳамкориро бо СҶШ -ҳо намефаҳманд.

Аксарияти СҶШ-ҳо маводи босифатро барои рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ( PR) надоранд, то ки воситаҳои ахбори оммаро ба чорабиниҳо ҷалб намуда, обрӯи созмони худро бардоранд. Ҳузури СҶШ-ҳо дар интернет, аз ҷумла дар Фейсбук ва блогҳо, меафзояд. Бо вуҷуди ин, чунин фаъолият ба нуфуз/имиҷи онҳо кам таъсир мерасонад, чун танҳо ба як қисми аҳолӣ интернет дастрас аст.

Танҳо як қисми СҶШ-ҳои пешқадам, баъзе шабакаҳо ва иттиҳодҳо кодекси одобро таҳия кардаанд, аммо дар миқёси тамоми соҳа одобнома ҳанӯз вуҷуд надорад.

Индекси устувории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ   (CSOSI) воситаи муҳими таҳлили пешрафти сектори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, инчунин минтақаи АврОсиё маҳсуб меёбад. Тўли понздаҳ соли охир Индекси зерин дар бисту нуҳ кишвари дунё пешрафти сектори шаҳрвандиро пайгирӣ мекунад. Индекс фазои вуҷуддоштаро аз назари фазои ҳуқуқӣ, сатҳи тавоноии ташкилотӣ, имконоти молиявӣ, дифои манфиатҳо, хизматрасонӣ, инфрасохтор ва нуфуз дар ҷомеа месанҷад. Комёбӣ аз рўи ҷадвали ҳафтбалла баҳогузорӣ мешавад, ки 1 меъёрӣ ешравӣ ва 7 сатҳи поинтарини тараққиётро инъикос мекунад. Индекс аз тарафи Агентии Иёлоти Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои маҳаллии ҳар як кишвари санҷидашаванда таҳия шудааст.

Барои маълумоти бештар лутфан бо ТҶ «Маркази рушди мунисипалӣ » бо суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. дар тамос бошед.   Нашри англисии Индекси устувории созмонҳои ҷамъиятӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, инчунин минтақаи АврОсиё барои соли 2012-ро дар сомонаи зерин пайдо кардан мумкин аст: http://www.usaid.gov/europe -eurasia -civil -society

 

Индекси устувории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии

Тоҷикистон барои соли 2012

 

 

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном