ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

ИЗҲОРОТИ
вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон

17/12/2009 14:51:33


       Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва соҳибистиқлолии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ ва ба арсаи вуҷуд қадам гузоштани аввалин ниҳоду сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир гашт. Инак, бо гузашти солҳо СҒД Тоҷикистон ташаккул ёфтанд, ҳадаф ва мақсаду мароми онҳо равшантар ва мушаххастар гардид, шеваи корашон такомул ёфт, дар асари кору фаъолияти хастанопазири худ чеҳраи тоза ба худ касб карданд, ҳамчун фаъолтарин созандагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари кишвар шинохта ва қадр карда шуданд. Дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ садҳо нафар намояндагони сарсупурдаи ин сохторро метавон дучор омад, ки дар роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар дасту ба даст бо намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ самаранок меҳнат мекунанд, дар роҳи баланд бардоштани сатҳи рифои мардум ва амали сохтани барномаҳои стратегии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон саҳм мегиранд. Натиҷаи фаъолияти СҒД имрӯз на танҳо садҳо барномаҳои пурмаҳсули маърифатӣ дар бахшҳои мухталиф, кӯмакҳои беғаразона ба ҳоҷатмандон ва кўҳансолон, ташвиқи тарзи солими ҳаёт миёни ҷавонон ва кўдакон, балки таъмини ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кор ва меҳнати шоиста низ мебошад. Воқеан, имрўз соҳае нест ки дар он намояндагони СҒД фаъолият надошта бошанд.

         Мо, вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои созандаро шарти муҳим дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ шинохта, тазаккур медиҳем, ки дар марҳалаи кунунии инкишофи кишвар вазифаи асосии тамоми қувваҳои солими ҷомеа муттаҳид шудан баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодиест, ки дараҷаҳои баландтар ва сифатан беҳтари зиндагии мардум аз он вобаста аст. Аз тарафи дигар, чунин як ҳамкорӣ бидуни муттаҳидии се бахши ҷомеа: - давлат, соҳибкорон ва СҒД имконнопазир аст.

        Мо ҳавасмандӣ ва омодагии хешро дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба тасдиқ менамоем. Боварии комил дорем, ки созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон қисми муҳим ва ҷудонопазири равандҳои демократии кишвар, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошанд. Таҷрибаи кор ва захираҳои кории ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонад ва бояд дар роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоиву сиёсии кишвар истифода шавад. Ба ҳамин муносибат мо, вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон пешниҳод менамоем:

1. Ба созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон:

  • ба ҳукми анъана даровардани гузаронидани Форуми шаҳрвандии СҒД ҳамчун майдони судманд ва саҳнаи босамари гуфтугӯйи умумимиллӣ барои муайян намудани роҳҳои ҳалли ҳамкориҳои байни давлат, соҳибкорӣ ва СҒД;
  • мусоидати бештар ба рушди фаъолияти иҷтимоӣ ва масъулияти шаҳрвандии аҳолӣ аз тариқи барномаҳои махсус;
  • дар сатҳи марказ ва маҳалҳо вусъат додани роҳу воситаҳои доиамалкунандаи ҳамкоририҳо дар шаклҳои шӯроҳои ҷамъиятӣ, мақомоти машваратию маслиҳатӣ, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ барои қонунофарӣ, ширкат дар таҳияи барномаҳои рушди давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ
  • дастгирӣ ва пуштибонии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамчун мақоми муттаҳидсозанда ва пешбарандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар;

эҷоди барномаҳои мукаммали корӣ бо мақсади ҳамкории судманди СҒД ва ВИО, ки имконоти фарогирии васоити иртиботи бештареро фароҳам меоваранд;

  • ташаббуси коркард ва қабули созишнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ бо сохторҳои давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ
  • иштироки фаъолона дар таҳияву муҳокима, амалӣ сохтан ва назорати ҷамъиятии қонунҳо ва қарорҳои ҳаётан муҳим дар ҳамаи самтҳо.

2. Ба Ҳукумат ва Парламенти Тоҷикистон:

  • таҳияву тасдиқ ва мавриди истифода қарор додани консепсия ва стратегияи миллии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
  • таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаи миллӣ «Оид ба дастгирии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ»;
  • таҳия ва қабули қонунҳое, ки барои рушди ояндаи СҒД чун ниходи босамари шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд, аз қабили Қонун дар бораи СҒД ва ғайра, истифодаи иқтидор ва имконоти ғании СҒД дар низоми қонунгузории миллии кишвар;
  • ба вуҷуд овардани хазинаи ташаббусҳои созмонҳои ғайридавлатӣ
  • ҷоннок намудани фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ба таври васеъ ҷалб кардани намояндагони созмонхои ғайридавлатӣ дар фаъолияти ин Шӯроҳо;
  • таҳия ва мавриди истифода қарор додани механизми ҷалби созмонҳои ғайридавлатӣ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар ҳама сатҳ
  • таъмини иштироки васеъ ва воқеии СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар, таҳия ва қабули қорорҳои умумимиллӣ
  • мавриди истифодаи васеъ қарор додани принципҳои ҳамкории иҷтимоӣ дар раванди фаъолияти сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ
  • истифодаи бештари таҷриба ва захираҳои кории созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути ҷалби СҒД ба барномаҳои умумимиллӣ
  • равнақ додани шакл ва намудҳои дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ тавассути барномаҳои бурсӣ
  • мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидори созмонҳои ғайридавлатӣ, Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар мавриди назорати ҷамъиятии фаъолияти шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ
  • таваҷҷӯҳи махсус ба инкишофи устувор ва касбии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамчун мақоми муттаҳидсозандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар.

3. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо:

  • таъсис ва мавриди истифода қарор додани Шӯрои созмонҳои ғайридавлатӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо;
  • истифодаи васеи таҷриба ва захираҳои кории созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути ҷалби СҒД ба барномаҳои маҳаллӣ
  • ҷалби созмонҳои ғайридалатӣ ба ҷараёни озмунҳо доир ба хизматрасониҳои гуногун ва иҷроиши корҳо дар доираи барномаҳои мушаххаси мақомоти маҳаллӣ
  • рушди низоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ
  • барои хизмати шоён муқаррар намудани мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба беҳтарин кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

4. Ба тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон:

  • мусоидат ба ҳамоҳангӣ ва ҳамкории сохторҳои тиҷоратӣ ба созмонҳои ғайридавлатӣ баҳри беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар;
  • таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаҳои муштарак дар бобати навъҳои мухталифи хизматрасонӣ ба аҳолӣ
  • ёриву дастгирӣ ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар шаклҳои сохторҳои ғайритиҷоратие, ки дар роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар хизмат менамоянд;
  • тарғиботи васеи фаъолияти эҳсонкорӣ дар ҳалқаи тоҷирон ва шаҳрвандон;
  • мавриди истифода қарор додани тамоми намуд ва навъҳои эҳсонкорӣ.

5. Ба созмонҳои байналмилалӣ:

  • ба эътибор гирифтани махсусияти миллии Тоҷикистон ҳангоми барномасозӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо ва истифодаи васеи СҒД маҳаллӣ дар ин ҷараён;
  • мусоидат ба ташаккул ва инкишофи устувори СҒД аз тариқи барномаҳои муштарак ва мақсаднок;
  • ба эътибор гирифтани манфиатҳои СҒД ҳангоми таҳия ва қабули қарордодҳои байнидавлатӣ ва таъмини воқеии иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалӣ сохтани онҳо;
  • ҷалби васеъи созмонҳои ғайридалатии Тоҷикистон ба ҷараёни озмунҳои бурсӣ
  • таъмини ҳуқуқҳои баробар ба созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳангоми иштирок дар озмунҳои бурсӣ
  • ба расмият шинохтан ва эътирофи Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамчун мақоми муттаҳидсозандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар.

 

      Изҳороти мазкур ба таърихи 10 декабри соли 2009 аз тарафи вакилони Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон қабул гардидааст.

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном