ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

13/05/2010 21:52:07


       Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ метавон ном бурд. Ба ҳар ҳол, ин даврае буд, ки дар ташаккул ва инкишофи баъдии СҒД ҳамчун ниҳодҳои пурсамари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такомули равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон қадаме назаррас ба бор овард. Метавон гуфт, ки дар ҳаёти СҒД Тоҷикистон акнун марҳилаи ташаккули он ба поён расида, давраи нав - давраи инкишофи устувор ва такомули маҳорати касбии СҒД фаро расидааст.

      Гузаронидани Форумҳои миллии СҒД Тоҷикистон (майи 2008, декабри 2009), муҳокима ва қабули Барномаи миллии инкишофи СҒД барои солҳои 2008-2015, Одобномаи СҒД Тоҷикистон, таъсиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон, Муроҷиатнома ба Президенти Љумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои қобили мулоҳизаи сектори сеюм дар давраи сипаришуда аст. Миқдори зиёди СҒД фаъолиятҳои худро дар роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум бомуваффақият давом доданд. Онҳо дар амалӣ сохтани барномаву нақшаҳои муҳими давлатӣ низ сахмгузор буданд, ҳамкориҳояшонро бо сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони кишвар вусъат бахшиданд. Мазмун ва сифати барномаҳои маърифатии онҳо барои аҳолии шаҳру деҳот ба маротиб афзуд, натиҷаҳои мусбат ба бор овард.

      Хурсандибахш аст, ки аксари ин дастовардҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ, иштироки фаъоли намояндагони парламент ва дастгирии бевоситаи худи созмонҳои ғайридавлатӣ дар маҳалҳо ва дар сатҳи миллӣ сурат гирифтаанд. Бомуваффақият анҷом бахшидани чунин чорабиниҳои муфид, аз як тараф, гувоҳи мавҷуд будани иродаи неки сиёсӣ дар сатҳи олии кишвар оид ба равандҳои демократӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, аз тарафи дигар, нишондиҳандаи равшани такомули маҳорат ва инкишофи касбии худи ин созмонҳо дар роҳи инкишофи бардавом ва устувори онҳост, ки дар давоми 15 соли ахир бемайлон ҷараён дорад.

      Аммо холигиҳо ҳам кам нестанд. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон сиёсати ягонаи стратегияи миллӣ оид ба инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ ҳанўз ҳам вуҷуд надорад. Барномаи миллии инкишоф ва дастгирии сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, консептсияи стратегияи миллӣ ва самтҳои афзалиятнок дар ин ҷабҳа, роҳҳалҳои амалӣ сохтани онҳо ҳанўз ҳам рӯйи кор наомадаанд. Лозим аст, ки ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҳарчи зудтар дар партави нишондодҳои Президенти ҷумҳурӣ ва паёмҳои ҳамасолаи ў ба Парламенти мамлакат оид ба мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равандҳои демократӣ дар кишвар тарҳрезӣ ва мавриди истифода қарор гиранд. Қабули ҳамчунин як аснод имконият медиҳад, ки мавқеъ ва муносибати мақомоти расмии ҷумҳурӣ дар мавриди ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳравандӣ равшан карда, самтҳои асосӣ ва афзалиятнок дар ҳамкориҳои иҷтимоии тарафайн ташхис ва ба низоми муайян дароварда шавад. Имрўз дар Тоҷикистон масъалаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҷойи баҳс надорад – ин нуктаро ҳам давлат ва ҳам тамоми нерўҳои мавҷудаи сиёсию ҷамъиятии кишвар дастгирӣ ва пайравӣ мекунанд. Дар ин маврид, ба ибораи дигар, иттифоқи назар вуҷуд дорад, аммо, мутаассифона, роҳҳалҳои амалӣ сохтани ин ҳама ва таҳкими воқеии чунин як ҷомеа ҳанўз ҳалли худро наёфтааст.

        Яке аз масъалаҳои мавриди назар дар ҳамин замина ин инкишофи устувор ва бардавоми СҒД аст. Маълум, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад бе мавҷудияти чунин ниҳод ва сохторҳо арзи вуҷуд намояд, чун робитаи қавии байни давлату ҷомеа ва дигар сохторҳои мавҷударо фақат онҳо метавонанд барқарор кунанд ва тақвият бахшанд. Лозим аст, ки дар ҳамин қарина афзоиши бемайлони СҒД дар ин зинаи инкишофи ҷамъият аз нигоҳи миқдор таъмин ва дастгирӣ бояд карда шавад. Ба ибораи дигар, миқдор ҳанўз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон миқдори умумии онҳо дар муқоиса бо солҳои пешин ба маротиб камтар шудааст - бештар аз 3700 СҒД дар соли 2007, на бештар аз 1700 адад дар охири соли 2008 ва 2000 адад дар соли 2009. Даъвои баъзе аз мунаққидон, ки беҳтараш «кам бошаду хуб бошад» мегўянд, ҳанўз хеле бармаҳал аст. Давраи гузариши СҒД Тоҷикистонро аз миқдор ба сифат на бояд ба таври сунъӣ тезонд.

       Барои инкишофи устувори СҒД сарчашмаҳои боэътимоди маблағгузорӣ лозиманд. Ҳолати имрўза бошад, дар ин маврид боиси ташвиш ва нигаронист. Ҳанўз ҳам, мутаассифона, созмонҳои байналмилалӣ сарчашмаи асосии кўмакҳои молии СҒД ба шумор мераванд. Соҳибкорони кишвар худ ба ёрию мадад мўҳтоҷанд, хайрияву саховат ва ҳунарпарварӣ миёни аҳолии мамлакат ҳанўз ба ҳукми анъана надаромадааст. Дар чунин як ҳолати фавқулодда давлат метавонад ва вазифадор аст, ки ба СҒД дасти мадад дароз намояд. Қабули ҳарчи тезтари санадҳои ҳуқуқии махсус, ба монанди «Қонун дар бораи СҒД», танзими расмии маблағгузории СҒД аз тариқи будҷаи давлатӣ дар сатҳи миллӣ ва дар маҳалҳо, ба таври васеъ мавриди истифода қарор додани Ќонуни ЉТ «Оид ба фармоиши иҷтимоии давлатӣ» ба инкишофи устувор ва маҳорати касбии СҒД такони бузурге бахшида, аз тарафи дигар, ба таҳкими бештари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва сохторҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

       Муносибати соҳибмансабони давлатӣ нисбат ба СҒД ва намояндагони онҳо солҳои ахир хеле беҳтар шудааст. Ҳамкориҳои мақомоти қудрати маҳаллӣ дар баъзе аз ноҳияҳои мамлакат шоистаи тақдир аст. Ташкили шўроҳои ҷамъиятӣ дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ, ба таври васеъ истифода бурдани фаъолони СҒД дар фаъолияти чунин шўроҳо ва ҳатто ба корҳои масъули давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо аз падидаҳои хубанд. Аммо, мутааасифона, чунин падидаҳои мусбат хусусияти умумимиллӣ нагирифтаанд, ба як низоми муайян надаромадаанд. Ҳанўз ҳам муносибати аксари намояндагони сохторҳои давлатӣ ба СҒД агар нобоварона набошад ҳам, ҳатман нописандона ва ғайрисамимона аст, ки ин ҷоиз нест. Мушкилот ин аст, ки СҒД дар маҷмўъ ҳамчун шарикони баробарвазн ва боэтимод дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа ҳанўз ҳам ба таври ҷиддӣ қабул ва эътироф нашудаанд. Ин ҳолатро фақат қабул ва мавриди истифодаи амалӣ қарор додани санадҳое, ки дар боло ишора рафт, тағйир дода метавонаду халос.

      Масъалаи иштироки СҒД дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва идораи давлатӣ низ аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб аст. Дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ ин масъала бебаҳс аст. Ҳатто дар баъзе аз кишварҳои собиқ шўравӣ бо ин мақсад кумита ва шўроҳои махсус дар назди мақомоти қудрати давлатӣ таъсис дода шудаанд, ки иштироки бевосита ва самараноки СҒД ва фаъолони онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва идораи давлатӣ таъмин менамояд. СҒД ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Қиризистон, Афғонистону Россия, масалан, ҳатто намояндагони худро дар парламентҳои миллии ин кишварҳо доранд. Ин масъаларо нодида гирифта намешавад, чун СҒД имрўз ба яке аз пурсамартарин ва бонуфўзтарин институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мубаддал гаштаанд. Ин нерўи созанда ва боровар аст. Хотирнишон кардани фақат ҳамин нукта кофист, ки онҳо қариб дар ҳама гўшаву канори кишвар амал мекунанд ва робитаи хубу қавӣ бо аҳолӣ низ доранд.

       СҒД аз аҳзоби сиёсии кишвар фарқ мекунанд ва дар ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар ва муносибаташон ба мақомоти давлатӣ мавқеъ ва назари мутафовит аз аҳзоби сиёсӣ доранд. СҒД ҳаргиз барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ фаъолияти худро созмон нахоҳанд дод. Ҳадафи асосии СҒД дар ин замина эҷоди фазои солими иҷтимоӣ /сотсиализатсия/ аз тариқи барномаҳои маърифатист, на сиёсатгароӣ /политизатсия/. Аз ин рў, давлат ва мақомоти давлатӣ барои онҳо на ҳамчун ҳарифони сиёсӣ, балки танҳо ба сифати шарикони ҳамкор ва сарчашмаи мадад ва дастгирӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки усулан ба талаботи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такомули равандҳои демократӣ ҷавобгў аст. Барои СҒД давлат ҳамеша ҳамчун созмоне, ки дорои тавоноӣ ва имконоти бепоён аст, аммо ҳамеша ба азнавсозиҳо зарурат дорад, матраҳ мешавад ва дар ин ҷараёни бардавом СҒД ҳамеша сарчашмаи нотамом ва боътимоди такмил ва инкишофи давлат дар роҳи шукуфоии миллӣ ва демократияи воқеӣ боқӣ хоҳанд монд. Хулоса, барои демократия ва озодиҳои демократӣ муҳим аст, ки дар ҷамъият ва давлат низоми махсуси меъёрҳое, ки тавонад пеши мутлақият ва тамаркузи аз ҳад зиёди қудрати давлатиро боз дорад, эҷод карда шавад. Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи устувори СҒД ҳамчун муассиртарин ниҳодҳои он аз ҷумлаи меъёрҳои боэътимод ва дар таҷрибаи ҷаҳонӣ санҷидашуда ба шумор мераванд ва чун Тоҷикистон аз чунин равандҳои тақдирсоз берун нест, барои муваффақ шудани роҳбарият ва сокинони кишвар ба дастовардҳои бештар дар ин марҳилаи муҳим мусоидат хоҳанд кард. Аслан дар ҳаёти созмонҳои ғайридавлатии кишвар марҳалаи нави тақдирсозе фаро расидааст. Лозим аст, ки дар ин марҳалаи ниҳоят муҳим тамоми тарафҳои ҳавасманд ҷамъ оянд ва аз тариқи гуфтугӯйҳои ҷиддӣ роҳу равиши фаъолият ва ҳамкориҳои созандаи худро ба хотири шукуфоии бештари кишвар мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ҳамин замина мо умедворем, ки таи солҳои 2010-11 мулоқоти намояндагони созмонхои ғайридавлатии кишвар бо Президенти Љумҳурии Тоҷикистон доир гашта, ин мулоқот боиси такони дигари ҷиддӣ дар ташаккул ва инкишофи устувор ва касбии СҒД хоҳад гардид.

Шамсиддин Каримов,
раиси Ассотсиатсияи миллии
СҒД Тоҷикистон

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном