ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

28/01/2011 07:10:04


1

 (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили он маҳсули ақл буд.»)

 Нил Том, ҷомеъашинос

           Яку якбора аз хулосаи амиқ шурӯъ мекунам. Пажӯҳиши Шамсиддин Каримов «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, соли 2010) дар мавриди ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ ва самту мақоми он дар давраи гузариш кашфиёти илмии солҳои охири илми ҷомеъашиносӣ мебошад. Ва иттилоъ медиҳем, ки дар кишварҳои Булғория, Маҷористон ва назди Балтик аз тадқиқоти Шамсиддин Каримов фаровон иқтибос мекунанд. Акнун барои собит сохтани ин арзёбии баланд чанд паҳлӯи мусбату манфии китобро шарҳ медиҳам.

         Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як ҷомеъаи муттамаркази ҳифзи иҷтимоӣ- ҳуқуқии 250 миллион одамон пора -пора шуд. Ҳатто дар дохили ҷумҳуриҳои пароканда ваҳдату якпорчагии шаҳрвандӣ заиф гардид. Одам дар ҷомеъаи бефишангу беомил ба даргириҳо, моҷароҳо дучор шуданд. Дар як қатор ҷумҳуриҳо неруҳои сиёсӣ иқдом ба даст гирифта ба аз навсозии ҷомеъаи муттамаркази шаҳрвандӣ шурӯъ карданд. Табиист, ки ин ҳизбҳо ба сабаби надоштани такягоҳ дар ҷомеъа муваффақ нашуданд. Аз таҷрибаи кишварҳои иттиҳоди сотсиалистии Аврупо аён шуд, ки дар он ҷое, ки нахуст созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд, аҳзоб қувват гирифт. (Таҷрибаи Лаҳистон, таъсиси ҷунбиши «Солидарность») Пас аз 9 сол пешвои Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсуф иқрор кард, ки мо дар эҳсосоти мубориза бо режими тоталитарӣ қувваи ҷомеъаи шаҳрвандӣ – созмонҳои ғайриҳукуматиро истифода накардем.

         Мутаассифона, мо чун ҷомеъаи сотсиалистӣ сохтмони созмонҳои ғайридавлатиро низ аз Ғарб ворид кардем. Аз соли 1993 бо кӯмаки ташкилотҳои байналхалқии Амрико дар ҷумҳурӣ нахуст созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд. Комилан ҳақ ба ҷониби Шамсиддин Каримов ҳаст, ки ӯ ин содиротро такони ҷиддӣ дар тақвияти ҷомеъаи нави шаҳрвандии ҷумҳурӣ мешуморад. Аммо замина ва такягоҳҳои миллӣ- таърихиро инкор намекунад. Ва хеле муфассал аз таърихи таъсис ва вуҷуд доштани назарияи ҷомеъаи шаҳрвандӣ шарҳ медиҳад. Дар қиёс бо ҷомеъашиносони аврупоӣ тадқиқоти классикони мо пурратар ва қадимтар аст. Аммо ба сабаби он, ки пажӯҳиш ва осори бузургони мо барои аврупоиҳо дастрас набуд, дар аксари кашфиётҳо онҳо муаллифи асосӣ гардиданд.

        Яке аз муҳимтарин паҳлӯи тадқиқоти Шамсиддин Каримов ин муайян кардани шароитҳои таърихию сиёсӣ ва мушкилоти ташаккул ва мақоми СҒД дар Тоҷикистон мебошад. Қабл аз ин дар гузоришҳо, тадқиқотҳои Ашӯрбой Имомов, дар хотираҳои Сафаралӣ Кенҷаев, Иброҳим Усмонов, К. Шарифзода, Абдунабӣ Сатторзода як идда омилҳо ва сабабҳо аниқ шуданд. Аммо ба таври воқеъӣ мушаххасан саҳм ва мақоми аввалин ҷунбишу созмонҳо муайян набуд. Ҳар кас аз диди самимияти хеш мақоми онҳоро арзёбӣ мекард. Бори нахуст Шамсиддин Каримов дар мавриди аввалин ҷунбишу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баҳои воқеъӣ ва ҳақназар медиҳад. Воқеъан ҳам мо аз назари иштибоҳоти охирини ҷунбиши «Растохез» хидмати таърихӣ, миллии ин ҷунбишро хати батлон кашидем. Маҳз ҳамин ҷунбиш фаъолнокии сиёсӣ - ҷамъиятии миллии моро бедор кард. Ва дар сафи пеши ин ҷунбиш беҳтарин захираи ақлонии замон ҷалб шуд. Устоди равоншод Тоҳири Абдуҷҷаббор, муаллифи аввалин Эъломияи Истиқлол дар ин ҷунбиш мағзҳои миллатро гирд овард. Имрӯз аз тарҷумаи ҳоли сиёсии ҷумҳурӣ ин хидматҳоро кӯр кардан -инкори таҳдоби сиёсии кишвар аст.

         Ҳанӯз ҳам дар нишасту маҳфилҳо баҳс дар атрофи самтҳои асосии фаъолият ва ҳамкории иҷтимоӣ ба кӯргиреҳи ҳамдигарнофаҳмӣ рафта мерасад. Шарикон даҳ сол пеш–СҒД - Ҳукумат—тиҷорат ҳамкории иҷтимоиро яктрафа маънидод мекарданд. Дар тафсири Шамсиддин Каримов хеле возеҳ калиди ин ҳамкориҳо нишон дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо иқдом ва пешниҳодҳои Шамсиддин Каримов Қонуни ҶТ «Дар бораи фармоишҳои давлатӣ» ба тасвиб расид. Тарҳи Шамсиддин Каримов дар мавриди усулҳои ҳамкорӣ, аз собиқаи мамолики дар ин соҳа пешсаф - Лаҳистон, Латвия, Украина эҷодкорона гирифта шудааст. Дар ин бобат яке аз собиқадорони СҒД Додарбек Сайдалиев ба маврид зикр мекунад, ки дар ҳамкории иҷтимоии сеҷониба манфиати яктарафа ҷӯстан мумкин нест. Ин ҳамкорӣ танҳо бояд манфиати давлат ва миллатро ҳифз кунад. Бояд иқрор кард, ки дар солҳои навадум ҳамкории иҷтимоии СҒД – Ҳукумат, Бизнес масали Крилов «Қӯ, моҳӣ ва харчанг»-ро мемонд. Таъсиси Анҷумани Миллии Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, Бунёди Рушди Тоҷикистон, Марказҳои дастгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Хуҷанд, («Консорсиуми ташаббус»), Кӯлоб («Шаҳрванд»), Қӯрғонтеппа («Фидокор» ), Ғарм («Оштии миллӣ»),.Хоруғ ( «Қалам»), Душанбе ( «Третый сектор»), Академияи коммуникатсияи ҳамагонӣ, Асотсиатсияи миллии ВАО ( НАНСМИТ), Ташкилотҳои байналмилалии Барномаи маърифати шаҳрвандии Бунёди Оғохон, Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ба ҳамкории иҷтимоӣ роҳи васеъ кушоданд. Ҳамкории се тарафа танҳо бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ - сарпарастон муфид амалӣ мегардад. Яке аз аввалин роҳбарони ташкилоти байналхалқӣ аз ҷумлаи тоҷикон- Дилором Атобоева мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо сарпарастон набояд ба маблағдеҳ ва корфармо табдил дода шавад. Ҳар як грант бояд устувории молиявии созмонҳоро таъмин намояд. Воқеъан бо иқдоми Атобоева бори аввал дар ҷумҳурӣ конфронси ҳамкории иҷтимоӣ баргузор гардид. Ва Мувофиқаномаи чор тарафа қабул шуд. Пионери шабакаи саввум дар Бадахшон -Бӯрибеки Бӯрибек ақидаи ҳамкоронашро тақвият дода, илова мекунад. ки дар ҳамкории иҷтимоӣ меъёри ягонаи бархӯрд мавҷуд нест. Сарпарастон кӯмакро на барои ташкилу таъсис, балки барои инкишофи дарозмӯҳлат медиҳанд. Ва Бӯрибеков дар ин хусус барномаи Шамсиддин Каримовро ҷонибдорӣ менамояд.

         Дар ҳамкории иҷтимоӣ шарикон бояд аз айбҷӯӣ, рақобат ва манфиати яктарафа озод бошанд. Мушкилот ба ҳама баробар тақсим шавад. Аз ин рӯ Шамсиддин Каримов дар боби мушкилот як қатор пешниҳодҳои муфид ва мушаххас дорад.

        Ҳар қадар ҷомеъа фаъол гардад, ҳамон қадар бори гарони ҳукумат сабук мешавад. Ҳар қадар созмонҳои ғайридавлатӣ зиёд гарданд, ҳамон қадар ҳукумат баҳраманд мегардад. Хушбахтона, барои инкишофи ин шабака дар ҷумҳурӣ ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ, маънавӣ, моддӣ фароҳам мебошанд. Фақат шабакаи саввум ба масоили якуми иҷтимоӣ даст занад - дастовардҳо афзунтар хоҳанд шуд.

       Китоби олими ҷомеъашинос Шамсиддин Каримов пажӯҳиши арзанда ва омӯзандаи даҳсолаи охир аст.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

 

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном