ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор

30/04/2012 07:10:35


Гузориши Шамсиддин Каримов,
раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон
дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон
ба таърихи 3 марти соли 2012

 

Мӯҳтарам вакилон ва меҳмонони Форум!

        Раванди ташаккул ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти аслии замони муосир аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ниҳодҳои демократии он ба императиви замони нав мубаддал гардидааст. Имрўз дар тамоми гўшаву канори дунё ҳаракат ба сўи таҳкими бештари низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккул, такомул ва вусъати ҳамаҷонибаи он аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти низомҳои сиёсии миллӣ ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҳам раванди демократисозии ҷомеа ва давлатдории миллии нав ҷараён дорад.

     Созмонҳои ғайридавлатӣ қисмати муҳими сохторҳои мавҷудаи ҷомеаи шаҳрвандии имрўзи Тоҷикистонро ташкил дода, дар раванди бозсозии кишвар саҳми босазо доранд. СҒД ҳам миқдоран ва ҳам аз нигоҳи сифат рўз то рўз такмил меёбанд. Аввалин СҒД дар Тоҷикистон дар шаклҳои гуногун дар замони бозсозӣ (охири солҳои 80-уми садаи ХХ) арзи вуҷуд намуданд. Солҳои 90-ум давраи ташаккул ва инкишофи СҒД ба шумор мераванд. Аммо давраи инкишоф ва такомули касбии СҒД дар Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум сурат гирифтааст. Агар дар ибтидои фаъолияти худ СҒД фaқат машғули фароҳам сохтани кўмакҳои башардўстона бошанд, пас, дар давраи баъдии инкишофи худ бештар ба масъалаҳои марбут ба инкишоф ва такомули ҷомеа ва шаҳрвандони он таваҷҷўҳ кардаанд. Таҳия ва пешбурди барномаҳои маърифатӣ моҳияти асосии фаъолияти СҒД-ро ташкил медиҳад. Аммо СҒД Тоҷикистон имрўз ба фактори муҳими иқтисодӣ низ мубаддал гашта, аз тариқи эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва бозомўзии соҳибкорон дар раванди инкишофи иқтисодии кишвар, амалӣ сохтани барномаҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан поён овардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар нақши арзанда ва шоистаи таҳсин доранд.

       Фаъолияти СҒД-ро дар маҷмўъ ба ду гурўҳи калон метавон тақсимбандӣ кард: 1) хизматрасониҳо ва 2) дифоъ аз ҳуқуқи инсон // эдвокаси. Дар ҳамин замина, асоси кори СҒД-ро барнома ва фаъолиятҳои маърифатӣ ташкил медиҳад. Яъне, баланд бардоштани сатҳи маърифати умумии шаҳрвандон, махсусан маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии онҳо аз тариқи барномаҳои таълимию бозомўзӣ ва ба ҳамин тартиб фаъол сохтани ҳар як шаҳрванд дар ҳалли масъалаҳои рўзмарраи зиндагӣ рисолати аслии СҒД аст. СҒД паёмбари бозсозиҳои боровари кишваранд. Имрўз дар асл соҳае нест, ки намояндагони СҒД дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат намеварзида бошанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомўз ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст. Аввалин марказҳои бозомўзи замонавӣ, кор бо занону кўдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани аввалин кўмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кўтоҳмуддат бо истифода аз васоити пешқадами рўз барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо, мусоидат ба истифодаи комил аз шаклҳои алтернативии нерўи барқ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар ва саросари минтақа – чунинанд номгўйи нопурраи фаъолиятҳое, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми 20 соли охир ба он сару кор доранд.

        Динамикаи инкишофи СҒД аз нигоҳи миқдор ба қарори зайл аст: Агар дар давоми солҳои 1991- 2001 миқдори умумии иттиҳодияҳои ҷамъиятии расман номнависшуда андаке бештар аз 800 адад бошад, охири соли 2005 ин миқдор бештар аз 2600, дар соли 2006 – 2800, дар соли 2007 – 3130 ва дар оғози соли 2012 бештар аз 2500 ададро ташкил додааст. Боиси хурсандист, ки миқдори созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон рўз то рўз меафзояд ва инро ҳамчун падидаи мусбат бояд арзёбӣ кард.

        Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ташаккул ва инкишофи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) ва фаъоляити босамари онҳо асосан вуҷуд дорад. Дар қатори Сарқонуни (конститутсияи) кишвар, кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии бунёдӣ, аз қабили Кодексҳои меҳнат ва андоз, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» метавон зикр кард, ки дар ин замина дар Тоҷикистон низоми қонунгузории муайян ташаккул ёфта, қисмате аз онҳо ба ҳайси қонунҳои махсус шинохта шудаанд ва мақоми махсус касб кардаанд.

      Таи солҳои ахир як миқдор қонун ва санадҳои ҳуқуқие қабул шуданд, ки барои фаъолияти СҒД доираи васеи фаъолиятро таъмин намуданд. Масалан, таҳрири нави қонун дар бораи сабти давлатӣ тарзу низоми бақайдгириро хеле осон ва дастрас кард. Дар ҳамин замина низоми «равзанаи ягона» дар назди Кумитаи андози ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки шоистаи таҳсин аст. Мутаассифона, иттиҳодияҳои ҷамъитӣ аз ин доира берун мондаанд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ новобаста ба хусусияти ғайритиҷоратӣ доштанашон ҳанўз ҳам маҷбуранд, ки барои аз қайди давлатӣ гузаштан маблағи муайянро пардохт намоянд ва то як моҳ интизорӣ кашанд, дар ҳоле ки сабти номи сохторҳои тиҷоратӣ ройгон аст ва дар давоми ҳамагӣ 3 рўз масъалаи аз қайди давлатӣ гузаштани онҳо ҳал мешавад.

      Тағйирот дар Кодекси андози ҷумҳурӣ имкон дод, ки то 10 % даромади соҳибкорон ва шахсони алоҳида аз фоида ба ҳисоби СҒД ҷиҳати дастгирии онҳо ба таври мақсаднок гузаронида шавад. Аммо ин нишондоди қонун дар амал кор намекунад. Тоҷирон ва соҳибкорони кишвар ҳанўз ҳам ҳавасманди ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ нестанд ва дар мавриди дастгирии молии СҒД, ҷудо кардани маблағҳои алоҳида барои тавсиаи барномаҳои иҷтимоан муҳим ташаббус нишон намедиҳанд. Дар натиҷа соҳибкорони кишвар ва сохторҳои хусусӣ ҳанўз ҳам ба сарчашмаи боэътимоди таъминоти моддии СҒД ва инкишофи устувори онҳо мубаддал нагаштаанд, ки ислоҳ ва таҷдиди назар мехоҳад. Умедворам, ки вакилони форуми имрўза дар ин бобат ба таври ҷиддӣ табодули назар мекунанд.

      Мушкилии дигар, ки ҳамин солҳои ахир ба миён омадааст, қабул накардани ҳисоботҳои сифрии СҒД аз тарафи баъзе аз садоратҳои нозироти андози ноҳияҳост. Қонунгузории мавҷуда иҷозат медиҳад, ки СҒД дар сурати дастрас набудани маблағ ба мақомоти марбута ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намоянд, аммо дар амал намояндагони нозироти андоз ин нишондодро иҷро намекунанд. Ин боиси он гаштааст, ки миқдори муайяни СҒД фаъолияти худро расман қатъ намоянд. Мо ба ин фикр ҳастем, ки барҳам додани СҒД на фақат ба миқдор, балки ба сифати раванди инкишофи устувори СҒД ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ва бояд пеши чунин як падидаи носолим ва нораво аз тарафи мақомоти марбутаи салоҳиятдор гирифта шавад.

       Фазои умумӣ дар мавриди фаъолияти озоди СҒД дар маҳалҳо дар муқоиса бо солҳои пешин ногувортар шудааст. Ба сабаби бюрократия ва ришвахории баъзе аз кормандони сохторҳои давлатӣ СҒД на ҳамеша метавонанд барномаҳои худро саривақт амалӣ гардонанд, мақомоти маҳаллӣ аз СҒД талаб мекунанд, ки барномаҳои худро ҳамеша бо онҳо мувофиқат кунонанд. Ҳукумати ноҳияҳо ва мақомоти андоз онҳоро водор мекунанд, ки ба рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавии онҳо обуна шаванд, дар ҳоле ки барои анҷоми ин кор СҒД маблағ надоранд. Ҳанӯз ҳам камбуди ҳуқуқшиносоне, ки риштаи СҒД-ро ихтисоси худ қарор дода бошанд, равшан эҳсос карда мешавад. Зарурат аст, ки барномаҳои махсуси таълимӣ ҳам барои ҳуқуқшиносоне, ки дар ин соҳа мехоҳанд кор кунанд ва ҳам барои худи кормандони сектори СҒД барои баланд бардоштани сатҳи маърифати хуқуқиашон ташкил карда шавад. Хуб мешуд, агар ташкилотҳои маблағгузор ба ин масъала бештар таваҷҷўҳ мекарданд ва Вазорати мўҳтарами маорифи ҶТ низ ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ин масъаларо аз мадди назар дур намекард.

        Имконоти ташкилии СҒД таи солҳои ахир ба мушкилиҳо мувоҷеҳ гашта бошад ҳам, онро метавон мусбат арзёбӣ намуд. Пеш аз ҳама, ҳадафҳо ва самтҳои фаъолияти онҳо амиқтару равшантар ва мушаххастар шуданд. Дараҷаи маҳорат ва донишҳои касбии кормандони доимӣ ба маротиб боло рафтааст. Беҳбуд дар банақшагирии корҳо низ ба назар мерасад, агарчанде таҷрибаи таҳияи стратегия инкишофи ташкилот барои чанд сол ҳанўз ҳам нокифоя боқӣ мондааст. Доираи гурӯҳҳои мақсаднок афзуда, иттиҳодияҳои нав арзи вуҷуд карданд. Дар ин маврид Барномаҳои рушди ноҳияҳо, ки аз тарафт Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таҳия ва амалӣ мешаванд, то андозае мусоидат намудаанд. Дар ин барномаҳо масъалаи ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рушди ноҳия махсус қайд гардида, мусоидат ба инкишофи онҳо таъкид шудааст. Масалан, дар БР ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2011-2015 зикр гардидааст, ки аҳолии ноҳия дар ҳалли проблемаҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҳудуди ноҳия якчанд ташкилотҳои ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд: «Меҳрубон», «Занони Қубодиён», «Занони деҳот», «Фирўз», «Фирўза», «Мадад», «Роҳбалад», «Ниссо», «Шаҳноза», «Шоҳрўз» ва «Ҷавонони ҷануб», ки фаъолияти онҳо дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ноҳия назаррас мебошад.

       СҒД ба масъалаи фаъол нигоҳ доштани мақомоти роҳбарикунанда ва риояи усулҳои шаффофият ва ҳисобгузорӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Ба ин сиёсати созмонҳои маблағгузор, аз як тараф, ва боло рафтани дараҷаи касбии худи СҒД, аз тарафи дигар, мусоидат кардааст. Амо ин масъала ҳанўз ҳам ҳалли пурраи худро наёфтааст, чун дар аксари СҒД фаъоли Тоҷикистон ҳайати роҳбарикунанда аз 3 нафар беш нест. Ба таври умум, масъалаи кадрҳо, афзоиши сафи кормандони доимӣ ва базаи моддию техникии СҒД ғамхорӣ мехоҳад. Масъалаи гузоришҳо андаке бошад ҳам, беҳтар гаштааст. Аксари кулли СҒД ҳисоботи солонаи худро ба мақомоти назораткунанда (Вазорати адлия, Кумитаи андоз, Маркази эҳсоияи ҷумҳурӣ) дар вақташ пешкаш мекунанд, созмонҳои алоҳида гузоришҳояшонро дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба нашр мерасонанд.

       Аммо ҳолати ташкилии СҒД якранг нест. Бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва дараҷаи пасти сатҳи зиндагии мардум ҳанӯз ҳам имконият намедиҳад, ки СҒД дар инкишоф ва такомули касбии хеш аз манбаъҳои дохилӣ ва дастгирии васеи мардум баҳраманд шаванд. Мақомоти маҳаллӣ ҳамкорӣ ва дастгирии СҒД-ро маркази таваҷҷўҳ қарор надодаанд. Соҳибкорони алоҳида ба CҒД кумак мерасонанд, аммо ин падида ҳанӯз ба як низоми муайян (систематикӣ) надаромадааст. Мутаассифона, созмонҳои маблағгузор низ солҳои ахир барои инкишофи ташкилию техникӣ ва касбии СҒД (инкишофи институтсионалӣ) маблағ ҷудо намекунанд, масъалаи бозомӯзи кормандони СҒД ва махсусан созмонҳои навтаъсис, такмили ихтисоси онҳо аз мадди назар дур мондааст. Лозим аст, ки созмонҳои маблағгузор барномаҳои пештараи худро дар мавриди камолоти касбии СҒД барқарор намоянд. Пешниҳоди ТҶ «Фидокор», масалан, дар ин маврид ин аст, ки бояд як барномаи умумимиллии дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарчи тезтар рўи кор ояд.

       Ба таври умум, имконоти молии СҒД боиси ташвиш ва нигаронии шадид аст. Мутаассифона, сарчашмаи асосии маблағгузории фаъолиятҳои СҒД Тоҷикистон то ҳанўз ташкилот ва кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Дастгирии молии сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони кишвар ахён-аҳён сурат гирифта, ҳанўз ба ҳукми анъана надаромадааст, хусусияти муташаккилона ва бонизом (систематикӣ)-ро ба худ касб накардааст. Танҳо корхонаҳои алоҳидаи хусусӣ, аз қабили «Бабилон», «Тселл» барономаҳои алоҳидаи моҳияти иҷтимоӣ доштаро рўи кор гирифтаанду халос. Аз тарафи дигар, лозим аст, ки аз тариқи такмили низоми андози кишвар соҳибкоронро ҳавасманд бояд кард, то ҳамкориҳои иҷтимоиро бо СҒД вусъат бахшида, ба сарчашмаи боътимоди таъминоти моддию молӣ ва инкишофи устувори онҳо мубаддал гарданд.

        Ба назари мо, ин масъалаи аввалиндараҷа ва аҳамияти давлатидошта аст. Дастгирии мунтазам ва бонизоми махсусан давлат имкони инкишофи устувори СҒД-ро таъмин намуда, аз як тараф, ба ҳамкориҳои бештари иҷтимоии байни давлату СҒД, ҳусни тафоҳум, бовариву эътимод ва равнақи равандҳои бозсозӣ ва, аз дигар тараф, ба кам шудани тобеият ва вобастагии СҒД аз сохторҳои маблағгузори хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Дар маҷмўъ, чунин бархўрд боиси таҳкими бештари низом ва равандҳои давлатдории миллӣ мегардад. Ниҳоят, афзоиши сафҳои СҒД, гуфтугўии ҳамешагии тарафҳо ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ошкорбаёнӣ ба паст шудани шиддат ва фазои муташанниҷи сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва пешгирии ҳамагуна низоъҳои номатлуб оварда мерасонад. Аз ин рў, давлат бояд ҳавасманди он бошад, ки фаъолияти СҒД-ро ҳамчун қисми муҳими таркибии сиёсати миллии хеш баррасӣ намуда, барои эҷоди фазои комил ва солими ҳуқуқӣ аз тариқи қабули Қонун дар бораи СҒД, Барномаи (стратегияи) миллии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, Барномаи (стратегияи) миллии дастгирии СҒД дар Тоҷикистон, Барномаи (стратегияи ) миллии ҳамкориҳои иҷтимоии давлат бо СҒД иқдом намояд.

        Дар ҳамин қарина боз як мавзўи дигар лозим ба ёдоварист. Ин масъалаи пардохти андозҳост. СҒД Тоҷикистон имрўз дар асл яке аз андозсупорандагони фаъол ва пурмаҳсули кишвар ҳастанд. Албатта, масъалаи андоз аз даромад ҷойи баҳс надорад. Аммо пардохтҳои иҷтимоӣ ба андозаи 25 % барои СҒД як бори гарон аст. Аввал ин ки ин маблағро мо надорем, чунки ташкилотҳои маблағгузор розӣ намешаванд, ки мо ин маблағро ба дархостҳое, ки барои грант пешниҳод мекунем, дохил намоем. Агар дохил кунем, ҳаҷми грант ба маротиб меафзояд, ки ин дар асл грант гирифтанро номумкин ва ғайриимкон месозад. Ба фикри мо, бо назардошти он, ки мо сохторҳои ғайритиҷоратӣ ҳастем ва ин маблағҳоро асосан барои ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор медиҳем, лозим аст, ки Кумитаи андози ҷумҳурӣ ин мавзўъро таҷдиди назар намояд ва фоизи ин пардохтҳоро то 15-17 % поён оварад. Чунин бархўрд ва ҳалли масъала ба табиат ва моҳияти иҷтимоии давлат низ бештар созгор хоҳад буд.

      Аз назари мо, ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо СҒД ва дастгирии моддии онҳо бояд ба як қисми муҳим ва таркибии фаъолияти вазоратхонаҳо ва сохторҳои дигари давлатӣ мубаддал гардад. Аз тарафи дигар, бояд дар шаҳрвандон фарҳанги дурусти муомулоти касбӣ ҳангоми доду гирифт ва иҷрои хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи СҒД парвариш дода шавад. Мутаассифона, ҷомеаи имрӯзи мо барои пардохти хизматҳое, ки барояшон фароҳам оварда мешавад, ҳанӯз ҳам омода нест.

      Масъалаи таъмини фазои солими ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои доираҳои васеи шаҳрвандони кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҒД-ро ташкил медиҳад. Дар кишвари мо низоми қонунгузории мавҷуда барои пешбурди барномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқ тахассус дода шудаанд, мамониат намекунад. Гузашта аз он, кӯшишҳои СҒД дар ҳалли мушкилиҳоииқтисодию иҷтимоӣ аз тарафи давлат ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам маҳаллӣ дастгирӣ карда мешавад, аммо масъалаҳои марбут ба манфиатҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва махсусан ҳуқуқи интихоботи шаҳрвандон аз доираи ин ҳамкориҳо берун мондааст. Бояд эътироф кард, ки масъалаи иштироки фаъолонаи СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар бо ҳарду пояш мелангад. Албатта, созмонҳои алоҳида ҳангоми таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои ҳаётан муҳим ҷалб карда мешаванд, аммо хеле кам. Дар ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор оид ба занон ва Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ як миқдор коршиносони СҒД оид ба гендер, ҳуқуқи зан ва ҷавонон шомил карда шудаанд. Дар ҳайти раёсати ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон // омбудсмени Тоҷикистон низ то андозае ҳамкориҳо бо СҒД ба назар мерасад. СҒД ҳамасола дар таҳияи гузоришҳои алтернативӣ ширкат меварзанд ва саҳми худро мегузоранд. Аммо, такроран таъкид мекунам, ки ин ҳама кофӣ нест ва таҷдиди назар мехоҳад. Ба назар мо, вақти он расидааст, ки СҒД, имконот ва тавоноии зеҳнӣ, ақлу заковат, донишу маҳорат ва таҷрибаи бои онҳо дар ҷараёни таҳия ва қабули муҳимтарин санадҳои тақдирсози кишвар, низоми қонунгузорӣ ва ғайра мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.

      СҒД барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва дастгирии васеътари манфиатҳои шаҳрвандон иттиҳодияҳо ташкил мекунанд, ки Асотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Имрўз бештар аз 100 СҒД фаъол ва пешқадами ҷумҳурӣ дар атрофии ин ташкилот муттаҳид шудаанд. Ҳамагӣ чанд рўз пештар гузориши расмии Ассотсиатсия оид ба нақши СҒД дар раванди бозсозии кишвар дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии ҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он як теъдод пешниҳодҳои муфид ба хотири беҳбуди кор ва фаъолияти босамари СҒД зикр ва ба эътибори роҳбарияти сиёсии кишвар ироа шудаанд. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки тирамоҳи хамин сол мулоқоти навбатии СҒД бо Президенти кишвар доир гардида, чунин мулоқотҳо бо роҳбаррияти сиёсии кишвар ҳамасола баргузор карда шаванд. Гумон меравад, ки ассотсиатсияи мо ба иттиҳоди бештар ва такомули касбии СҒД кишвар мусоидат хоҳад кард. Умед аст, ки дар ин Форум масъалаи иштироки воқеии СҒД Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар, махсусан дар интихоботи соли ояндаи Президент, мушкилиҳои инкишофи касбӣ ва устувори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра бо иштироки васеи намояндагони Парламент, Ҳукумат, соҳибкорон, ВАО ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

      Хизматрасонӣ аз вазифаҳои аслии СҒД ба шумор меравад ва СҒД ба ин масъала бояд таваҷҷўҳи махсус дошта бошанд. Бояд гуфт, ки таи солҳо ахир доираи базаи моддию иҷтимоии СҒД барои хизматрасонӣ ва адои супоришҳои иҷтимоӣ васеътар шудааст, чун онҳо аз доираи фаъолиятҳои анъанавии худ берун рафтаанд. Акнун СҒД на фақат дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, кор бо ҷавонон, варзиш, ҳимояи ҳуқуқ, кӯдакону кӯҳансолон фаъолият мекунанд, балки ба дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ низ даст задаанд. Масалан, фаъолияти онҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ (дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ), кор бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, анҷоми фармоишоти мухталифи иҷтимоӣ дар асоси литсензия ва ғайра ба таври қобили мулоҳиза ҷоннок шудааст. ТҶ «Мултикид», масалан, бо лисентзияи Вазорати маориф корро дар мавриди таҳияи барномаҳои таълимӣ ва кор бо кўдакон бомуваффақият давом дода истодааст.

      Марказҳои ҷамъиятии машварати ҳуқуқӣ ба кор оғоз кардаанд, ки бо сифати беҳтар ва нархи арзони хизматҳояшон аз сохторҳои давлатӣ фарқ мекунанд. Созмонҳои алоҳида аллакай доираи муайяни миҷозони худро пайдо кардаанд. Махсусан, дар мавриди ҳамкориҳои иҷтимоӣ оид ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, таълим ва бозомӯзи кормандони давлатӣ, таҳия ва пешбурди курсҳои махсус оид ба компютер, омӯзиши забонҳо, таълими калонсолон (дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои алоҳида) муваффақанд.

Аммо хизматрасониҳо на ҳамеша дархӯри мардуманд. Яъне, корҳое ки мо анҷои медиҳем, хизматҳое ки мо ба мардум пешкаш мекунем, на ҳамеша ҷавобгӯи талабот ва ниёзҳои шаҳрвандонанд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки то ҳанӯз миёни мову соҳибкорон алоқаи мустаҳкам барқарор нашудааст ва, аз тарафи дигар, сатҳи хизматрасониҳои мо ва аз ҳамин тариқ ба даст овардани маблағҳои иловагӣ беҳтар нашудааст. Аз назари мо, барои тағйири чунин як вазъияти номуносиб ва ҳолати носолим бояд, пеш аз ҳама, бозори мавриди ниёзи мардум дар мавриди зарурати онҳо ба навъҳои мухталифи хизматрасонӣ омӯхта шавад, баррасӣ гардад, натиҷаҳои ба дастомада ба иттилои СҒД расонда шавад. Аз тарафи дигар, маълум, ки хизматрасониҳои пулакӣ ба сабаби камбизоатӣ ва сатҳи пасти зиндагии мардум чандон инкишоф наёфтааст, аммо бояд дар ин самт ҳам корҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад, то СҒД дар баробари сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун сарчашмаи боэтимоди хизматрасонӣ дар миёни мардум шинохта ва эътироф гарданд.

      СҒД рў ба инкишоф ҳастанд. Чуноне ки дар боло ишора рафт, микдори СҒД расман номнависшуда имрўз 2500 ададро ташкил медиҳад. Инкишофи ниҳод ва сохторҳо воқеан ҳам рӯ ба беҳбуд овардааст. Марказҳои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ (7 адад) ҳамчун муҳимтарин ҳалқаи коршоям ва соҳибэътибор боқи мондаанд, дараҷаи фаъолияти кориашон ба маротиб боло рафтааст. Дар асл онҳо ба пешраву пешсафон дар минтақаҳои марбута мубаддал ва эътироф шудаанд. Дар баробари ин як теъдод иттиҳод ва шабакаҳои нав низ арзи вуҷуд кардаанд, ки барои табодули назар, самаранокии кори СҒД мусоидат мекунанд. Тақрибан 100 адад марказҳои ҳуқуқӣ ва техникие, ки UNDP таъсис додаст, силсилаи марказҳои мухталиф оид ба ҳуқуқи зан ва кӯдакон, оид ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, иттиҳодҳои «От юридического равенства к фактическому» (91 СҒД), «Дети Хатлона (7 СҒД), Ассотсиатсияи СҒД оид ба ҳуқуқи кӯдак (14 СҒД), Асотсиатсия оид ба таълими калонсолон ( 21 СҒД) ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Таъсиси Ассотсиатсия ва торномаи миллии СҒД Тоҷикистон, ба роҳ мондани табъу нашри маводҳо ба забони тоҷикӣ таҳти унвони «Китобхонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» низ дараҷаи инкишофи касбии СҒД ва инкишофи устувори онҳоро боло бурд.

       Мутаассифона, дараҷаи шинохти СҒД аз тарафи ҷомеа чандон тағйир наёфт. Мақом ва нақши СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар боло нарафт, агарчи доираи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва дараҷаи шинохт ва эътирофи онҳо аз тарафи ҳукумат ба тарзи қобили мулоҳиза афзуд. Иштироки СҒД дар барномаҳои давлатӣ фаъолтар шуд, аммо СҒД ҳанӯз ҳам натавонистаанд, ки соҳибкорони кишварро ҷиҳати дастгирии фаъолиятҳои худ ҳавасманд гардонанд. Ба узвияти Шўрои ҷамъиятии ҶТ қабул шудани АМСҒДТ аз падидаҳои мусбат аст. Аммо ҳамкориҳо бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО бо ҳарду пояш мелангад. Лозим аст, ки шабакаи миллии иттилоотию таҳлилӣ таъсис ва инкишоф дода шавад, дар телевизионҳои миллӣ ва маҳаллӣ таъсиси барномаи махсус таҳти унвони «Гуфтугўҳо//Сўҳбатҳо оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар рўзномаҳои давлатӣ бошад, таъсиси гўшаи махсус таҳти унвони «Аз ҳаёти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз тарафи мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирад.

 

ПЕШНИҲОДҲО


1. Баргузор намудани мулоқоти намояндагони СҒД Тоҷикистон боПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирамоҳи соли равон ва минбаъд ба ҳукми анъана даровардани вохўриҳои ҳамасола бо роҳбарияти сиёсии кишвар;
2. Дар якҷогӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Шўроиҷамъиятии ҶТ ва академияи илмҳои ҶТ гузаронидани конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Давлати устувор ва ҷомеаи шаҳрвандии устувор» («От сильного государства - к сильному гражданскому обществу») барои таҳлили ҳолати кунунии раванди бозсозии кишвар ва таҳияи дурнамои инкишоф ва таҳкими ҷомаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон;
3. Дар низоми роҳбарии кишвар, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дармаҳалҳо, таъсис ва мавриди истифода қарор додани мақоми мушовирони ҷамъиятӣ (общественные советники) аз ҳисоби беҳтарин намояндагон ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони маъруфи ҷамъиятии кишвар;
4. Ба таври мунтазам гузаронидани сўҳбатҳои мизи мудавварва форумҳои шаҳрвандӣ ҳамчун майдони (минбари) судманди муколама ва гуфтугўи умумимиллӣ барои таҳия ва муайян намудани роҳҳои ҳалли ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД ва муайян сохтани самтҳои афзалиятноки чунин робитаҳои мутақобила ва ҳамкориҳо;
5. Ба ҳукми анъана даровардани таҷриба ва амалияи музокира вамуҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоан муҳим ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (общественные инициативы) ҳам дар парламенти миллӣ ва ҳам дар сатҳи мақомоти намояндагии маҳаллӣ;
6. Ташаккул ва инкишофи шабакаи миллии иттилоотию таҳлилӣ,ки назорати (мониторинги) ҷараёни татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни тарафҳоро таъмин намояд; дар телевизиони миллӣ ва маҳаллӣ таъсиси барномаи махсус таҳти унвони «Гуфтугўҳо//Сўҳбатҳо оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ»; таъсиси гўшаи махсус таҳти унвони «Аз ҳаёти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар рўзномаҳои давлатӣ;
7. Баланд бардоштани нақши СҒД ҳамчун механизми пешгирӣ азбаҳсу мунозираҳои номатлуби иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳалли низоъҳои моҳияти иҷтимоидошта аз тариқи такмили фазои ҳуқуқӣ ва амалӣ сохтани ташаббусҳо ва муносибатҳои аҳамияти иҷтимоан муҳим; ҷалби СҒД дар амалӣ сохтани ташаббусҳои Ҳукумат доир ба муборизаи зидди коррупсия, бюрократизм ва мониторинги лоиҳаҳои инвеститсионӣ;
8. Дар сохтор ва мақомоти асосии давлатӣ вусъат додани таҷрибаитаъсис ва мавриди истифода қарор додани шӯроҳои ҷамъиятӣ, мақомоти машваратию маслиҳатӣ, комиссияҳо, гурӯҳҳои кории ҷамъиятӣ барои қонунофарӣ, ширкат дар таҳияи барномаҳои рушди давлатии умумимиллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ;
9. Ба роҳ мондани таҷриба ва амалияи таҳия ва қабули созишномаҳооид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо сохторҳои давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, иштироки фаъолонаи СҒД дар таҳияву муҳокима, амалӣ сохтан ва назорати ҷамъиятии қонунҳо ва қарорҳои ҳаётан муҳим дар ҳамаи самтҳо;
10. Мусоидат ба такмили сарчашмаҳои маблағгузории СҒД ҷиҳатиинкишофи устувори онҳо ва ба роҳ мондани низоми доимӣ ва систематики маблағгузории фаъолияти СҒД аз тариқи будҷаи давлатӣ ва соҳибкорон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам маҳаллӣ;
11. Танзими низоми андозбандии бахши ғайритиҷоратӣ ва ба андозаито 15-17% поён овардани ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоии СҒД, ки аз ҳисоби грантҳои кишвар ва ташкилотҳои маблағгузор пардохта мешаванд;
12. Такмили тартиби ба қайди давлатӣ гирифтан ва барҳам доданиСҒД аз тариқи эҷоди низоми «равзанаи ягона» дар Вазорати адлияи кишвар;
13. Таҳия ва қабули консепсия ва стратегияи миллии рушди ҷомеаишаҳрвандӣ, аз ҷумла «Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ», Барномаи миллӣ «Оид ба дастгирии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ», «Қонун дар бораи СҒД», «Қонун оид ба ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва СҒД», ки барои рушди ояндаи СҒД чун ниҳоди босамари шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд;
14. Барои ҳамоҳангсозии босамари фаъолияти ташкилотҳоиҷамъиятии кишвар таъсиси Маркази миллии СҒД//«Хонаи СҒД» ва дар назди он мавриди истифода қарор додани хазинаи ташаббусҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ба хотири таъмини воқеии иштирок ва мусоидати СҒД дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақаҳо;
15. Барои хизматҳои шоёни СҒД ва беҳтарин кормандони ниҳодҳоиҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли мушкилиҳои мавҷуда муқаррар намудани мукофотҳои давлатӣ;
16. Ҷоннок сохтани ҳамоҳангӣ ва ҳамкории соҳибкорон ва сохторҳоитиҷоратӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ баҳри беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии кишвар аз тариқи таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаҳои муштарак дар бобати навъҳои мухталифи хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
17. Ба эътибор гирифтани махсусиятҳои миллии Тоҷикистон азтарафи созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҳангоми барномасозӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо ва мусоидат ба иштироки воқеии СҒД дар ин замина аз тариқи таъмини ҳуқуқҳои баробар ба сохторҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ;

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном