ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

30/04/2012 07:22:46


Пешгуфтор
(преамбула)

 

Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) ва робитаи мутақобилаи онҳо асосан вуҷуд дорад. Дар қатори Сарқонуни (конститутсияи) кишвар, кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии бунёдӣ, аз қабили кодексҳои меҳнат ва андоз метавон зикр кард, ки дар ин замина дар Тоҷикистон низоми қонунгузории муайян ташаккул ёфта, қисмате аз онҳо ба ҳайси қонунҳои махсус шинохта шудаанд ва мақоми махсус касб кардаанд.

Ба ҳамин муносибат,

  • Дар асоси нишондодҳои Сарқонун ва дигар қонунҳои ҶумҳурииТоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ, санадҳои байналхалқии_ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
  • Бо назардошти он, ки Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб дарамалӣ сохтани Эъломияи ҳазорсолаи СММ оид ба муваффақ гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки мавзўи ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ як қисми муҳимми он ба шумор меравад, фаъолона ширкат меварзад;
  • Бо эътирофи тамоилҳои иҷтимоию сиёсӣ ва хостаҳои рушдисолими давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ҷаҳонигароӣ, ки дар он бе ҳамкории иҷтимоӣ байни давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаракати бомуваффақонаи ислоҳоти давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамоҳангсозӣ, тавозун ва таҷаммўи робитаҳои мутақобилаи онҳо ғайри имкон аст,

консепсияи мазкур қабул карда мешавад.

 

Мавзўъ, мақсад ва вазифаҳои консепсия

 

Консепсияи мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва тартиби фаъолияти низоми ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан созмонҳои ғайридавлатиро (СҒД) ҳамчун шакли муҳимми танзими ташаббусҳо ва муносибатҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки барои таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоии сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад, бо мақсади ноил гаштан ба осоиш ва тавофуқи иҷтимоӣ, гуногунандешӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муайян месозад.

Мақсади асосии консепсия:

  • Рушд, таҳким ва тавозуни робитаҳо оид ба ҳамкориҳоимутақобилаи давлат, сохторҳои он ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан СҒД дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоан муҳим, ҳамоҳангсозии рушди мавзун ва бонизоми кишвар, ки барои ҳар як инсон ва шаҳрванд аз тариқи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароит ва имкониятҳои воқеии ширкат намуданро дар идораи корҳои давлат ва ҷомеа эҷод мекунад.

Вазифаҳои консепсия:

  • Бунёди низоми устувори муносибатҳои мавзун,баробарҳуқуқ ва ҳамкорӣ байни давлат ва СҒД;
  • Ташаккули фазои мусоид барои робитаҳои мутақобилаибайни давлат ва СҒД, заминаҳои хуқуқӣ барои рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни онҳо;
  • Мусоидат дар таъмини ширкати воқеии СҒД дар идораикорҳои давлат ва ҷомеа, дар ташаккул ва таҳкими давлатдории солим, ки ба ҳуқуқ ва демократия асос ёфта бошад;
  • Кўшиш барои ноил гардидан ба меъёрҳои олии сифатиҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ, тавозуни муносибатҳои меҳнатӣ, робитаҳои мутақобилаи байни корфармо ва кормандон, кам кардани тафовут байни даромади сарватмандон ва қишрҳои камбизоати аҳолӣ ҳамчун асоси ташаккул ва инкишофи бардавоми ҷомеаи шаҳрванӣ.

Мақсади ҳамкориҳои иҷтимоӣ:

  • Мусоидат ба танзими фаъолиятҳои иҷтимоан муҳимми ҳамкоронииҷтимоӣ, ки ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкили дурусти механизми босамари танзими ташаббусҳо ва муносибатҳои аҳамияти иҷтимоидошта дар байни онҳо равона гардидааст;
  • Тадбиқи ташаббусҳо ва муносибатҳои аҳамияти иҷтимоидошта,ки барои ташаккули солими ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷомеа ва давлат ба таври умум, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст;
  • Пешгирӣ аз баҳсу мунозираҳои номатлуби иҷтимоӣ ва мусоидатба ҳалли низоъҳои моҳияти иҷтимоидошта аз тариқи амалӣ сохтани ташаббусҳо ва муносибатҳои аҳамияти иҷтимоан муҳим.

Мафҳумҳои асосии консепсия:
ҳамкории иҷтимоӣ - ҳамкориҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ батаври умум, сохторҳои давлатӣ ва СҒД аз он ҷумла, ҳамчун иштироккунандагони ташаббус ва муносибатҳои аҳамияти ҷамъиятидошта, ки барои расидан ба тафоҳуми иҷтимоӣ, гуногунандешӣ ва шаффофият чун омили муҳимми ташккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст;

  • низоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ – усул ва тартиботе, ки бо ёрии онҳодар сохтор ва сатҳҳои гуногуни ҳамкориҳои иҷтимоии сохторҳои давлатӣ ва СҒД муносибатҳои мутақобилаи онҳо бо мақсади расидан ба мувофиқа, қабули қарорҳои якҷоя, татбиқи фаъолиятҳои мувофиқат кардашуда ва роҳ надодан ба низоъ ва ҳолатҳои муноқишавӣ созмон дода мешавад;
  • тарафҳои ҳамкориҳои иҷтимоӣ (минбаъд - тарафҳо)- сохторҳоидавлатӣ, мақомоти ҳам олӣ (Маҷлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати ҶТ) ва ҳам марказии идораи давлатӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо) ва сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, СҒД, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои онҳо дар симои шахсони ваколатдор ба тартибе, ки қонун муқаррар кардааст;
  • мақомоти низоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ – комиссия ва дигарсохторҳое, ки аз тарафи ҳамкорони иҷтимоӣ дар асоси баробарӣ ва усули ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ба хотири танзими масъалаҳо ва муносибатҳои иҷтимоан муҳим дар сатҳҳои марбута таъсис дода мешаванд;
  • мувофиқатнома ва қарардодҳо (шартномаҳо) доир ба ҳамкориҳоииҷтимоӣ - санадҳои ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои марбут ба ташаббусҳо ва муносибатҳои моҳияти иҷтимоидоштаи байни ҳамкорони иҷтимоиро танзим менамояд;
  • музокирот (гуфтушунид) доир ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ - тарзи коркард ва қабули қарорҳои якҷоя доир ба масъалаҳое, ки ба моҳият ва мундариҷаи ҳамкориҳои иҷтимоӣ алоқаманданд.

Самтҳои афзалиятнок дар татбиқи консепсия:
Мусоидат ба татбиқи Стратегияи миллии рушди ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2006-2015 (СМР) ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПК), ки расидан ба ҳадафҳои стратегии инкишофи кишвар дар бобати рушд, таҳким ва тавозуни ҳамкориҳои иҷтимоии байни дават ва СҒД-ро таъмин менамоянд;

  • Иштирок дар ислоҳоти институтсионалии рушди кишвар, ҳамнизоми давлатдорӣ ва ҳам сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо мақсади таъмини тавозун ва ҳамкориҳои ҳарчи бештари иҷтимоӣ байни онҳо;
  • Иштирок дар ҳалли проблемаҳои муосири иқтисодииТоҷикистон, ки ҳалли онҳо дар доираи қолаб ва сохторҳои фақат иқтисодӣ имконнопазир аст ва онҳо ба ислоҳоте зарурат доранд, ки аз доираи иқтисодиёт ва қолабҳои иқтисодӣ берун аст. Фаъолияти устувори иқтисодиёт бе ҳамкориҳои муассири иҷтимоии сохторҳои давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла СҒД ғайри имкон аст;
  • Иштироки ҳамаҷониба дар барқарор сохтан, рушд ва тавозунисохторҳои сиёсӣ, неъматҳои иҷтимоӣ ва иқтидори иқтисодии кишвар, ки дар он нақши калидиро ҳамкориҳои иҷтимоии байни институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва СҒД бояд анҷом диҳад;
  • Ташаккул ва иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати давлатӣ, киба рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус СҒД ва бунёди фазои мусоид барои инкишофи имконоти он равона гардидааст.

     Ин консепсия ҷиҳати татбиқи биниш ва арзишҳои мазкур оид ба ташаккул ва инкишофи ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД барои давраи то соли 2015 пешбинӣ шудааст.

      Шаклҳо ва воситаҳои асосии расидан ба мақсадҳоиҳамкориҳои иҷтимоӣ:

  • Таҳким ва рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар асоси принсипҳоидемократӣ, ки дар консепсияи мазкур инъикос ёфтаанд;
  • Гузаронидани музокирот (гуфтушунидҳо) ва машваратҳоитарафайн доир ба масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои иҷтимоии байни тарафҳои алоқаманд;
  • Таҳия ва ба имзо расонидани мувофиқатномаҳо ва шартномаҳомутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои якҷоя;
  • Ҳамдигарро хабардор сохтани тарафҳо оид ба иҷрои ўҳдадориҳоиқабулшуда;
  • Ташкили шароити мусоид барои таъмини робитаҳоимутақобилаи тарафҳо доир ба масъалаҳо ва рушди низоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ.

Усулҳои асосии ҳамкориҳои иҷтимоӣ:
баробарҳуқуқии тарафҳо (ҷонибҳо);

ба таври ҳатмӣ бастани мувофиқатнома ва шартномаҳо доир бамасъалаҳои ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни ҷонибҳо аз тарафи шахсони ваколатдор мутобиқи тартиботи муқарраргардидаи онҳо:

  • ваколатдории намояндагони тарафҳо;
  • эҳтироми манфиатҳои тарафҳо;
  • интихоби озод дар муҳокима ва баррасии масъалаҳое, кимундариҷаву мўҳтавои мувофиқатнома ва шартномаҳоро дар бар мегиранд;
  • ихтиёрӣ будани қабули ўҳдадориҳо аз ҷониби тарафҳо;
  • ҳатмӣ будани иҷрои муқаррароти мувофиқатнома ва шартномаҳое,ки тарафҳо қабул кардаанд;
  • масъул будани тарафҳо барои иҷро накардани ўҳдадориҳое, кидар мавриди қарорҳо, мувофиқатномаҳо ва шартномаҳо ба худ гирифтаанд;
  • таъмини назорат ва шаффофият дар байни ҳамдигар;
  • таъмини маълумоти воқеӣ, муназзам ва шаффоф оид ба фаъолиятитарафҳо.

     Сохтори асосии низоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар ҳамаи сатҳҳо комиссияҳои дутарафа ва бисёртарафа мебошанд. Аз ҷониби комиссияҳо музокирот (гуфтушунудҳо) пеш бурда шуда, мувофиқатнома ва шартномаҳо таҳия ва ба имзо расонда мешаванд, инчунин рафти иҷроиши онҳо баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор мегиранд.

     Фаъолияти комиссияҳо мутобиқи Низомнома оид ба комиссияҳои марбута доир ба танзими ташаббус ва муносибатҳои иҷтимоан муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи сохтори дахлдори давлатӣ дар мувофиқа бо СҒД ба тасдиқ расидааст, амалӣ карда мешавад.Тарафҳо муаззафанд, то аз тамоми имконоти мавҷуда барои танзим ва ҳалли сўъитафоҳум (ҳамдигарнофаҳмӣ), ки дар ҷараёни музокирот ва гуфушунидҳо ба миён омадаанд, истифода намоянд.

      Сўъитафоҳуме, ки дар рафти музокирот пайдо шудааст, бояд дар протоколҳо бо имзои тарафайн инъикос карда шавад.

 

Механизм ва роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокиииҷрои консепсия:
такмил ва мавзун сохтани қонунгузории миллӣ доир ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо назардошти санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;

  • такмили воситаҳои ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳоиҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла СҒД ва эҷоди фазои мусоид барои татбиқи босамари ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни онҳо дар асоси қонун ва махсусан дар асоси шартномаҳо;

баланд бардоштани нақши СҒД дар пешбурди ислоҳотиинститутсионалӣ дар Тоҷикистон;

  • демократӣ сохтан ва такмили низоми қонунгузорӣ, ки масъалаҳоимарбут ба ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД-ро, махсусан дар сатҳи маҳаллӣ, танзим мебахшад.

Барои расидан ба мақсад зарур аст:
ба таври мунтазам гузаронидани сўҳбатҳои мизи мудавварва форумҳои шаҳрвандӣ, ки ҳамчун майдони (минбари) судманди муколама ва гуфтугўҳои умумимиллӣ дар таҳия ва муйян намудани роҳҳои ҳалли ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД ва муайян сохтани самтҳои афзалиятноки чунин робитаҳои мутақобила ва ҳамкориҳо шинохта ва эътироф гардаанд;

  • дар сатҳи марказ ва минтақаҳо таъсис ва инкишофи сохтор вамеханизмҳои доимамалкунандаи ҳамкорӣ дар шакли шўроҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои маслиҳатию машваратӣ, комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ оид ба эҷоди қонунҳо, иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди давлатӣ, соҳавӣ (секторӣ) ва минтақавӣ;
  • ба ҳукми анъана даровардани таҷриба ва амалияимузокира ва муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоан муҳим ҳам дар парламенти миллӣ ва ҳам дар сатҳи мақомоти намояндагии маҳаллӣ;
  • ташаккул ва инкишофи шабакаи миллии иттилоотиютаҳлилӣ, ки назорати (мониторинги) ҷараёни татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни тарафҳоро таъмин намояд;
  • ҷонибдорӣ аз таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид баҳамкориҳои иҷтимоии давлат бо СҒД»;
  • инкишофи мунтазами муносибатҳои молиявию шартномавӣбайни сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан СҒД дар асоси ҳамкориҳои муштарак.

Мўҳлат ва давраҳои татбиқи консепсия

       Амалӣ сохтани чорабиниҳои мазкур доир ба рушди ҳамкориҳоииҷтимоии СҒД бо давлат барои солҳои 2012-2015 пешбинӣ шуда, ду давраро дар бар мегирад.

Давраи якум: солҳои 2012-2013

  • Таҳкими механизмҳои ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ваСҒД, таҳия ва қабули нақшаи умумии (комплексии) рушди ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • Такмили қонунгузории ҶТ доир ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ, аз онҷумла таҳияи лоиҳа, ҷонибдорӣ ва қабули қонун «Оид ба ҳамкориҳои иҷтимоии давлат бо СҒД».
  • Дар амалияи иҷтимоӣ ҷорӣ кардани шаклҳо ва механизмҳоигуногуни ҳамкориҳои иҷтимоӣ чун заминаи боэтимоди муколама ва музокира байни давлат ва СҒД;
  • Амалӣ сохтани барномаҳои иттилоотӣ оид ба афзалиятҳоиконсепсия.

Давраи дуюм: солҳои 2014-2015

  • Ноил шудан ба таъсис ва фаъолияти низомҳои соҳавӣ ваминтақавии доимамалкунандаи ҳамкорӣ дар шакли шўроҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои маслиҳатию машваратӣ, комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ дар сохтор ва мақомоти асосии давлатӣ;
  • Такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳамкориҳо дар асосиҚонуни нав оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ; инкишофи шаклҳо ва механизмҳои ташкилии рушди ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД;
  • Рушди ҳамкориҳои иҷтимоии гуногунҷабҳа дар бобатимуносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, меҳнатӣ ва фарҳангӣ; таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва СҒД дар идораи корҳои давлатӣ ва ҷомеа;
  • Ба ҳукми анъана ва амалияи иҷтимоӣ даровардани механизмҳоиназорати шаҳрвандӣ аз болои фаъолияти сохторҳои хокимияти давлатӣ ва қарорҳои қабулкардаи онҳо ба иртиботи ҳамкориҳои иҷтимоӣ.

Хулоса

     Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ худ як ҷараёни мутассил ва пайваста буда, вобаста ба тағйири талабот ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тамоилҳои рушди ҷаҳонӣ ва тақозои замон ташаккул меёбад.

     Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти муҳим дар раванди эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷамъият, рушди демократия, болоравии иқтисодӣ танҳо дар сурати иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла СҒД ва мавҷудияти ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои муҳимми ҳаёту фаъолияти ҷомеа имконпазир аст.

     Татбиқи консепсияи мазкур ба ташаккул ва инкишофи солими муносибатҳои баробароҳуқуқ ва ҳамкориҳои иҷтимоии воқеӣ байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

Консепсияи мазкур
аз ҷониби вакилони форуми чоруми миллии
созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон
ба таърихи 3 марти соли 2012 дар ш. Душанбе
қабул ва барои муҳокима ва такмили минбаъда
ба эътибори умум пешкаш шудааст.

 

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном