ПОРТАЛИ

Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон

30/04/2012 08:05:32

 

   ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012

 

   Ширкат карданд дар маҷмўъ 74 нафар: 
                                           • 54 нафар вакилон 
                                           • 20 меҳмонон

 

1. Сухани ифтитоҳии Шамсиддин Каримов, раиси АМСҒД Тоҷикистон

 

       - Ассалому алайкум, вакилони мўҳтарам ва меҳмони олиқадри Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон!

       Инак, мо бори чорум дар ин шаҳри зебоманзари Душанбе ҷамъ омадаем, то Форуми навбатии худро доир намоем. Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон масъалаҳои марбут ва вазъи кунунӣ, мақом ва мавқеи СҒД дар раванди бозсозии ҷомеа, нақш ва саҳми онҳо дар ҳалли дурусти мушкилиҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии имрўзи кишвар, ҳолат ва раванди инкишоф ва мушкилоти мавҷударо дар роҳи такомули касбии СҒД мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамо ва самтҳои асосии фаъолияти СҒД кишварро барои оянда муайян хоҳад кард.

     Форуми навбатии мо ИМРӮЗ дар нахустин рўзҳои баҳор ва арафаи Наврўзи оламафрўз доир мегардад, ки ин ҳам рамзист. Зеро фаъолиятҳои СҒД ба он равона карда шудаанд, ки рушди босуботи кишвар таъмин, мушкилиҳои иҷтимоии ҷомеа ҳаллу фасл, сатҳи маърифати умумии шаҳрвандон баланд, роҳҳои осоиштаи инкишоф ва шукуфоии бештари кишвари азизамон Тоҷикистон дар амал татбиқ карда шаванд. Иҷозат диҳед, бо истифода аз ин фурасти муносиб ҳамаи мову шуморо бо омад-омади баҳор ва ин рўзи фархунда самимона табрик гўям ва дар роҳи саодати бештари халқҳои кишварамон муваффақиятҳо орзу намоям.

Дўстони азиз!

      Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои тақдирсози худ, аз қабили Барномаи стратегии рушди миллӣ (NDS), Стратегияи миллии поён овардани сатҳи камбизоатӣ (PRS), амалӣ сохтани барнома ва ҳадафҳои Глобал Милениум (MDGs) таи солҳои ахир корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. Мо барои фазои солим, сулҳу субот ва шароити мусоид ба кору фаъолияти озоди худ ба Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон ва махсусан роҳбарияти сиёсии он таҳти раҳбарии Президенти кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоем.

       Мо бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки Парламенти миллии кишвар ва махсусан Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ дар симои як қатор вакилони мўҳтарам ҳамкориҳои худро бо СҒД ба маротиб афзудаанд ва дар эҷоди фазои муносиби ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузоранд, ташаккур!

      Ҳамчунон мо аз фаъолиятҳои хастанопазир ва пайгиронаи Сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар сохторҳои маблағгузор ба хотири рушди босубот, дастгирии равандҳои марбут ба бунёди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ ва сипос менамоем. Як ҷаҳон ташаккур!

     Аммо равандҳои инкишофи имрўзи Тоҷикистон аз холигиҳо ва норасоиҳо орӣ нестанд. Албатта, раванди бозсозӣ ва махсусан дар шароити гузариш бе камбудӣ, бе мушкилӣ намешавад, он махсусиятҳои худро дорад. Аммо як чиз мусаллам аст: бояд тарафҳо ҳисси масъулият дошта бошанд, мақсад ва мароми тарафҳо равшан ва дастрас бошанд, мавқеъгириҳо устувор ва мантиқӣ буда, ҷавобгўи ҳам стандартҳои байналмилалӣ ва ҳам манфиатҳои миллӣ бошанд. Ва аз ҳама мухимаш, ин равандҳо бо иштироки васеъ, воқеӣ, фаъол ва алоқамандонаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар танзим ва амалӣ карда шаванд. Чунин аст паёми мо. Паёми СҒД Тоҷикистон ба ҳама тарафҳои алоқаманд!

     Дар ҳамин қарина имрўз мову шумо, ҳам вакилон ва ҳам меҳмони мўҳтарами Форуми навбатӣ бояд дар он бобат сўҳбат намоем, ки чӣ тавр ва ба кадом қарор мо бояд инкишофи устувор ва босуботи СҒД кишварро таъмин намоем. Мушкилиҳо кадоманд ва дурнамои инкишофи СҒД Тоҷикистон ба кадом қарор аст? Як роҳи чунин инкишоф аллакай барои мо равшан аст: аз тариқи ҳамкориҳои ҷиддии иҷтимоӣ. Роҳҳои дигар кадоманд? Чӣ бояд кард, ки ин ҳамкориҳо бардавом ва самаранок бошанд? Кадом сарчашмаҳои дохилии кишвар бояд истифода шаванд ва ба кадом қарор, ки СҒД Тоҷикистон мустаҳкам шаванд, инкишофи устувори онҳо таъмин гардад ва дар ҳамин замина ба ҳамкор ва шарикони воқеии ҳам давлат ва ҳам соҳибкорон мубаддал гарданд? Косепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД чӣ гуна бояд бошад? Фазои ҳуқуқӣ ба ин ҳама талабот ва навсозиҳо то чӣ андоза созгор ва ҷавобгўй аст?

      Чуноне ки мебинед, саволҳо зиёданд ва онҳо ҷавоб мехоҳанд. Умедворам, ки Форуми имрўзи мо ба ин ва дигар саволҳо ба хотири саодат ва шукуфоии кишвар ва баланд бардоштани мақоми СҒД дар ин равандҳо мусоидат хоҳад кард. Ба ҳамин орзумандӣ иҷозат дихед Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри зебоманзари Душанбе, дар ин толори пуршукўҳ ва бо иштироки ҳамаи мову шумо кушода эълон намоям.

Муаррифии вакилон ва меҳмонон

  • ВАКИЛОН – 50 нафар (Бадахшон, Суғд, Хатлон, НТҶ ва Душанбе) 
  • МЕҲМОНОН 

Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар 

  • Рўзадоров М.Р., мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ 

Парламенти кишвар 

  • Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот 
  • Акрамшо Фелалиев, узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот 
  • Штефан Эрбер, раиси GIZ дар Тоҷикистон 
  • Ёдгор Файзов, раиси бахши Тоҷикистонии Хазинаи Оғохон 
  • Фарҳод Раҳимов, муовини авали Вазири маорифи ҶТ 

      Сафоратхонаҳои 

            Амрико 

            Афғонистон 

            Эрон 

            Инглистон 

            Россия 

      Намояндаҳои 

            Вазорати адлияи ҶТ 

            Вазорати маорифи ҶТ 

            Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати ҶТ 

       Намояндагиҳои 

            AKF 

            DFID 

            Eurasia Foundation 

            OSCE 

            UNDP 

            USAID

Ҳамаатон ба Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон хуш омадед!

 

        Мехоҳам бо истифода аз ин фурсати муносиб ба МДҶШ «Қалам», «Шаҳрванд», «Оштии миллӣ», «Консортсиум-Ташаббус» ва «Третий сектор» барои ҳамкориҳояшон дар таҳия ва омода сохтани ин Форум, ба Барномаи рушди СММ, ки маблағгузори асосии ҳамоиши имрўза ҳастанд ва ҳамчунон ба ICNL/DIHR барои дастгирӣ ва кумаки молии иловагӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намоям. Як ҷаҳон ташаккур!

 

       Пешниҳод аст, ки рўзномаи кори Форум дар ҳамон шакле, ки дар даст доред, тасдиқ карда шавад.

 

       Ҳоло иҷозат диҳед тартиби пешбурди кори Форуми имрўзаро бароятон пешниҳод намоям:

  • Барои гузориши асосӣ - то 20 дақиқа 
  • Барои гузоришҳои иловагӣ - то 10 дақиқа 
  • Барои савол ва мулоҳизаҳо - то 5 дақиқа 
  • Модераторҳо дар гурўҳҳо интихоб шаванд 

                   (рўзнома ва тартиби пешбурди кори Форум бо як овоз тасдиқ гардид)

 

2. Суханронии Муҳаббатшо Рўзадоров, мушовири Президенти ҶТ:

 

-Ҳозирони гиромӣ!

 

       Сараввал аз номи Мушовирияти Дастгоҳи Иҷроиияи Президент ҳамаи иштирокдорони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатиро хайрамақдам мегўям. Ва комилан умедвор ҳастем,ки имрўз масъалаҳои мубрами рушди ин бахши муҳими ҷомеаи моро баррасӣ мекунед.Таваҷҷўҳи Президент Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба созмонҳои ғайридавлатӣ бешак ба рушди ин бахш мусоидат мекунад. Аз ин рў, мо доимо бо сарварони ташкилотҳои ғайридавлатӣ мулоқотҳо доир намуда, самтҳои ҳамкориро муайян менамоем. Аз ҷумла, баргузории ин Форум бо маслиҳати тарафайн мувофиқа шуд. Мўҳтарам Шамсиддин Каримов барои самарабахш гузаштани ин чорабинӣ кўшиши зиёд ба харҷ дод. Ва амалан ҳам барои самтҳои афзалиятноки рушди шабакаи сеюм усулҳои самарабахшро пешниҳод менамояд. Созмонҳо ғайридавлатӣ воқеан ҳам дар инкишофи бомароми чомеа саҳми фаъол доранд. Аммо СҒД бо вуҷуди доштани имконоти моддӣ ба дастгирии Ҳукумат ниёз доранд. Аз ин рў, дар Дастгоҳи Иҷроияи Президент барои онҳо дарҳо ҳамеща боз буда, ба ҳар муроҷиати онҳо диққати доимӣ дода мешавад.

       Имрўз ҷомеи мо ба самти мусбат таъғиёр ёфт. Созандагиҳо, бунёдкориҳо, икдомҳо ба манфиати Тоҷикистон бе ширкати СҒД ғайри имкон аст. Хушбахтона, СҒД дар амалӣ намудани барномаҳо, лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, комуникатсионӣ, ҳукукӣ, гендерӣ саҳми сазовор мегзоранд. Ба хусус кўшиши ин ташкилотхо дар деҳот хеле самарабахш аст. Диди сарварони СҒД ба фаъолнокии шаҳрвандии омма хеле дақиқ аст. Онҳо муаммоҳо, самт ва роҳхои ҳалли онҳоро хубтар медонанд. Ин кумаки амалӣ ба сохторҳои давлатӣ мебошад. Маълумотҳо, санҷишу тадқиқоти лоиҳаҳо, ки бо икдоми СҒД амалӣ мешаванд, барои мо хеле мухим мебошанд. Имруз дар барномасозии инкишоф, ислоҳоти иқтисодиёт ва маориф тавсияҳо, пешниҳодҳои СҒД ба эътибор гирифта мешавад. Ман имкони номбар кардани ҳамаи ин дастовардҳоро надорам. Аммо ҳамин қадарашро зикр менамоям, ки Шумо дар ҷомеа аллакай мақом ва манзалати хоса касб намудаед. Ин боиси хушнудист. Имрўз аз дастовардҳои СҒД дар бахши тавсиаи ҷомеаи демократӣ чашм пўшидан мумкин нест. Бо саъю талоши онҳо омма торафт фаъолтар ба такмили ҷомеа ба самти мусбат ҷалб мешавад. Президенти мамлакат мўҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён, соҳибкорон, таи суханрониҳо дар ҷаласаи Шўрои Ҷамъиятӣ борҳо изҳор доштаанд, ки аз ҷумла бо мадади ташкилотҳои ғайридавлатӣ сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ширкати фаъоли ҳамаи чунбишу аҳзоб ба идоракунӣ таъмин гардид. Бояд тазаккур дод, ки бо икдоми СҒД таҷрибаи беҳтарини дигар кишварҳо дар бахши таҳкими ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурӣ татбиқ мешавад. Ҳамзамон СҒД манбаи тайёркунии кадрҳо ва мутахассисони чавон мебошанд. Аксари кулли беҳтарин мутхассисон технологияи комуникатсия, донишҳои компютериро дар лоиҳаҳои СҒД омўхтаанд. Мактаби пешқадами СҒД байни омма васеъ тарғиб мешвад. Ба наздикӣ гузориши муфассал ва ниҳоят арзишманди Шамсиддин Каримов, роҳбари АМСҒДТ дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии ҶТ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи васеъ гирифт. Баррасии ин масъала дар чунин як сатҳи баланд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки СҒД Тоҷикистон воқеан ҳам ба як ниҳоди муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар мубаддал шудаанд ва мавриди таваҷҷўҳи Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон қарор гирифтаанд. Мо итминони комил дорем, ки самтҳо ва раванди ҳамкориҳои мо вусъат меёбанд ва ба манфиати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонмусоидат мекунанд. Барои шумо дар баррасии воқеии муаммоҳо ва роҳҳҳои нави инкишоф ва тараққиёти бештару беҳтари кишварамон пирўзиҳо таммано дорам.

 

3. Суханронии Олимҷон Салимзода, Раиси кумитаи МН МО ҶТ оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

 

-Мўҳтарам иштирокдорон!

 Ҷанобон ва хонумҳо!

      Маҷлиси намояндагони МО аз ҳамкории Парлумон бо СҒД ва дигар созмону чунбишхо қаноатманд аст. Нишасти имрўза нишони ин ҳамкорӣ аст. Агар ҳадафи ҳамаи мо ободӣ ва инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бояд чомеаи шахрвандиро такмил дихем. Ҳадафи асосии бунёди давлати демократию дунявӣ бе ширкати СҒД амалӣ намегардад. Имрўз Форум маҳз барои пиёда кардани ин ҳадаф ҷамъ омадаст. Аз ин рў, ман аз номи Раёсати МН МО ба ҳамаи иштирокдорон, созмондиҳандагон, мушахассан мўҳтарам Шамсиддин Каримов, намояндагони Сарпарастҳо, сафоратҳо ва шарикон арзи сипос менамоям.

      Мо барои ҳамкоррии доимӣ омода ҳастем. Ҳангоми таҳия ва эҷоди қонунхо мо аз машварату маслихати собиқадорон Гулҷаҳон Бобосодикова, Шамсиддин Каримов, Муаттар Ҳайдарова фаровон истифода мебарем. Ва бояд тазаккур дод, ки пешниҳоду маслиҳати онҳо қобили дастгирист. Худи Президент доимо таъкид мекунанд, ки ягон қонун догма нест. Ҳамеша тибқи замон қонунҳо таъгйир меёбанд ва ин тағйиротро бештар шумо ворид карда метавонед. Мо аз ташкилотҳои байналмилал, аз ҷумда Бунёди Оғохон, ташкилотҳои Бритонияи Кабир, Олмон, Швейсария арзи сипос менамоем. Мо аз таҷрибаи Полша дар бораи ҳамкорихои иҷтимоӣ огоҳӣ ёфтем. Бо дастгирии Бунёди Оғохон дар Полша роҳҳои ҳамкории навро омўхтем. Он рўз дур нест,ки мо аз таҷрибаи Полша бештар комёбиҳоро ба даст меорем.

       Ҳамроҳи ман дар инҷо вакил - шахси маъруф Акрамшо Фелалиев низ ҳузур доранд. Ман итминони комил дорам,ки Форуми якрўзаи Шумо муаммоҳои даҳсоларо ҳаллу фасл хохад кард. Барои шумо пирўзиҳо таманно дорам.

 

4. Суханронии Юсуфхўча Қурбонхўчаев, сармутахассиси Барномаи рушди СММ

 

- Мўҳтарам вакилон ва меҳмонони Форуми чоруми миллии Смонони Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон!

       Боиси хурсандист, ки имрўз чунин ҳамоиш дра чунин як фазои созанда ва бо иштироки ҳайатҳои босалоҳият доир мегардад. Барномаи рушди СММ кайҳост, ки ҳамчун шарики боэтимоди Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар амалӣ сохтани барномаҳои тақдирсози кишвар фаъолона ширкат меварзад. Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ниҳодҳои он аз ҷумлаи он корҳои арзандаест, ки ба хотири шукуфоии бештари кишвар ва мардумони он мо ба он даст задаем. Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон имрўз воқеан ҳам ба як нерўи созанда ва мўҳташами ҷомеа табдил ёфтааанд ва дар ислоҳот ва бозсозиҳои кишвар саҳми босазо мегузоранд. Мо ифтихор дорем, ки дар созмон додани чунин як форуми муҳим аз тариқи фароҳам сохтани маблағи мавроиди зарурат ҳиссагузорӣ намудаем.

      Ба ҳамаи шумо дар анҷоми бомуваффақияти кори Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон барори кор мехоҳам!

 

5. Суханронии Фарҳод Раҳимов, муовини аввали Вазири маорифи Тоҷикистон

 

-Ҷанобон ва хонумҳо!

Мўҳтарам иштирокдорон!

     Иҷозат диҳед ба намояндагӣ аз Вазорати маорифи кишвар ба ҳамаи шумо дар кори Форуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки шумо имрўз доир намудаед, барори кор орзу намоям. Мо бо камоли қаноатмандӣ қайд менамоем, ки ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар якҷо бо сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маорифи кишвар дар баланд бардоштани маърифати умумии шаҳрвандон саҳм мегиранд. Барномаҳои таълимии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти умумии маорифи кишвар ва бозсозиҳои даврони истиқлолият басо муҳиманд.

      Дар Вазорати маорифи кишвар кайҳост, ки мулоқот бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мо хамеша омода ҳастем, то пешниҳодҳои шуморо ба эътибор гирем, дар амалӣ сохтани барномаҳои таълимии худ аз маҳорат ва малакаву донишҳои шумо истифода кунем. Хуб мешуд, агар шумо ҳам фаъолиятҳои худро бештар ба танзим меовардед, онро бо эҳтиёҷот ва самтҳои фаъолияти Вазорати маориф созгор мекардед ва барномаҳои муштаракро бештар мавриди баррасӣ қарор медодед. Ба ҳар ҳол, ташаккур барои ҳамкориҳои ҳамешагиатон. Саломат бошед!

   Ташаккур ба таваҷҷўҳатон.

 

6. Суханронии ҷаноби Муҳаммад Исо, муовини аввлаи сафири кабири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон

 

- Ассалому алайкум, ҳозирини мўҳтарам!

      Барои мо ҷойи мусаррат аст, кт имрўз дар ин нишасти бошукўҳ ва бо ширкати бисёр аз шахсиятҳои барўманд ва арзандаи кишвари Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ ифтихори ширкатро дорем. Суханрониҳои намояндагони Дастгоҳи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Парлдумони кишвар ва Вазорати маорифи Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин кишвар ба мақом ва нақши созандаи СҒД арзиш ва манзаллати махсус қоим медоранд.

     Дар кишвари мо Афғонистон ҳам СҒД аз аҳамияти махсус бархўрдоранд. Нақши онҳо дар амалӣ сохтани барнома ва лоиҳаҳои тақдирсози кишвар басо бузург аст. Давлати Афғонистон барномаҳои СҒД-ро ба таври васеъ чонибдорӣ менамояд. Як хусусияти муҳими СҒД Афғонистон он аст, ки аксари кулли барномаҳо, ки аз тариқи ташкилот ва давлатҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, маҳз бо иштироки бевоситаи сохторҳои ватанӣ, аз ҷумла СҒД пиёда карда мешаванд. Аслан ин натиҷаи сиёсат ва мавқеъгирии усулии давлати Афғонистон аст, ки аз тарафи Раиси Ҷумҳури кишвар оғои Ҳамид Карзай тарҳрезӣ шудааст ва дар ҷаласаву конфронсҳои зиёди байналмилалӣ ба таъкид пуштибонӣ шудааст.

     Бароятон муваффақияти комил ва пирўзиҳои бештар орзу мекунам!

 

7. Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон (Замимаи 10 )

8. Гузориши Муаттара Ҳайдарова, намояндаи ICNL/LLC дар Тоҷикистон, роҳбари «Ҷомеа ва Ҳуқуқ» (Замимаи 11)

9. Гузориши Анвар Камолиддинов, ходими калони илмӣ, намондаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ (Замимаи 12)

10. Саволҳо, муҳокимаҳо ва баромадҳо

Шамсиддин Каримов, баранда:

      -Мўҳтарам вакилон ва меҳмонон, гузоришҳо ба охир расиданд. Ҳоло дар мавриди гузоришҳо метавонед мулоҳизаҳои худро иброз доред. Пешниҳод аст, ки аввал саволҳо пурсида шаванд, нуктаҳои баҳсталаб равшан карда шаванд ва баъд аз он ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба гузоришҳо мегузарем. Албатта, пешниҳод ва андешаҳои шумо барои натиҷагирии дуруст ва муайян кардани самтҳои фъолияти ояндаи мо кумак мекунанд. Марҳамат.

  • Гулҷаҳон Бобосодиқова, «Занони маълумоти олидор»:

      - Лозим аст, ки барои шиносоии комил ва бештар, равшантар сохтани соҳаҳо ва самтҳои фаъолияти СҒД аз ВАО бештар истифода карда шавад. Мизҳои мудаввар доир карда шаванд. Вақти он расидааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва шинохти комили тарафҳо ҳокимони ноҳияҳо ва раисони вилоятҳо ба таври мунтазам бо намояндагони СҒД мулоқот нгамоянд. Таклифи АМСҒДТ дар мавриди доир намудани мулоқот бо Президенти кишвар басо бамаврид аст, аммо пеш аз мулоқот лозим аст, ки дар сатҳи ноҳияву вилоятҳо сўҳбатҳои мизи мудаввар гузаронда, доираи масъалаҳое, ки бояд дар мулоқот бо Президент матраҳ шаванд, равшан карда шаванд.

  • Додарбек Сайдалиев, «Шаҳрванд»:

      - Мо бояд икдомҳо ва ташаббусҳоро тақвият диҳем. Ассотсиатсияи миллии СҒД ба таври куллӣ барои ҳамкории иҷтимоӣ замина фароҳам овардааст. Аммо назари коршиносон дар бобати СҒД солҳои охир тағйир ёфтааст. Мутааассифона, ба таври манфӣ. Масъалаи иштироки СҒД дар ҳаёти сиёсии икшвар бояд равшан ва мушаххас карда шавад. Мафҳуми иттиҳодияҳои xамъиятӣ на танҳо созмонҳои ғайритиxоратӣ ва ғайрисиёсӣ, балки ҳаракату ҷанбаҳое, ки мақсаду аҳдофи воқеии худро зери шиорҳои иxтимоӣ рўпeш карда, бо ҷалби маблағҳои дохил ва хориҷ манфиатҳои сиёсии худро амалӣ мекунанд, фаҳмида мешавад. Бинобарин зарурати ворид сохтани тағuйироте, ки метавонад фарқро байни иттиҳодияҳои ҷамъиятии характери сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии тамоюли иxтимоӣ дошта, муайян кунад, пеш омадааст. Дуюм мушкилоте, ки метавонад ба коҳиш ёфтани обрў ва нуфузи СҒД мусоидат кунад, ин аст, ки аксари ТҒД доираи фаъолияташонро чунон васеъ кардаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо фарқ байни сохтори тиxоратӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ намондааст. Ба ин масъала бояд таваҷҷўҳи махсус дода шавад. Масъалаи пардоз ба андозаи 25% ҳамчун пардохти иҷтимоӣ аз ҳисоби грантҳо низ бори гарон аст, бояд ҳалли худро ёбад.

  • Ёдгор Файзов, «Хазинаи Оғохон»:

      - Иқдомҳои Форумро дар бобати ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақом ва нақши СҒД дар ҳалли мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар табрик мегўям. Аммо механизмҳои амалии ҳамкориҳо бояд ҳарчи зудтар муайян карда шавнд. Рости гап, ташкилотҳои маблағгузор андаке аз бефаъолиятӣ ва ё фаъолияти сусти ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар хаста шудаанд. Ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ бояд иқдомро ба даст гиранд, бо назардошти махсусиятҳои миллӣ ва зарурати кишвар барномаҳои ҷиддиро ба таваҷҷўҳи маблағгузорон пешниҳод намоянд. Стратегияи миллии инкишофи СҒД бояд муайян карда шавад. Кӣ бояд ин корҳоро анҷои диҳад? Ин вазъиятро бояд тағйир дод. АМСҒДТ метавонад ва бояд ин ҳолатро зери назорат гирад ва дар ҳалли дурусти ин масъала ба СҒД дар маҳалҳо кумак расонад. Барои ин тавоноӣ ва имконоти Ассотсиатсияро бояд инкишоф ва такмил дод. Лозим аст, ки сафҳои он аз ҳисоби ташкилотҳои фаъол зиёд карда шавад.

  • Ҳуриннисо Ғаффорзода, «Оштии миллӣ»:

        - Форум ба таври мушаххас самтҳои ҳамкориро муайян намуд. Мо акнун дар симои Анҷумани миллии СҒД шарик ва машваратдеҳи хуб пайдо кардем. Аммо масъалаи иштироки мо дар ҳаёти сиёсии кишвар бояд ҷоннок карда шавад. Чаро мо наметавониста бошем, ки дар равандҳои сиёсии кишвар саҳми бештар дошта бошем. СҒД Тоҷикистон ин тавоноӣ ва имконотро доранд ва аз ин бояд истифода шавад. Самти дигари фаъоляити мо метавонад кор ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамзабони Эрон ва Афғонистон бошад.

  • Дилором Атобоева:

        - Фаъолиятҳои СҒД таи солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза такмил ёфтааст. Аммо камбудиҳо ҳанўз ҳеле зиёданд. Масалан, ба таври умум навиштани ҳисоботҳои барномавиро то ҳол ёд нагирифтаанд. Барои фаъолияти босамари ташкилотҳо таҷҳизот намерасад, махсусан дар деҳот он нокифоя аст. Мутаассифона, дастгирӣ ва кумакҳои ташкилотҳои хориҷӣ ба ҳайси ягона сарчашмаи маблағгузории СҒД Тоҷикистон боқӣ мондааст. Барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ малакаи СҒД кам аст, он такмил мехоҳад. Лозима аст, ки фазои ҳуқуқӣ барои фаъолфити солими СҒД такмил дода шавад. Ҳуқуқшиносоне, ки соҳаи моро дуруст дарк намоянд ва хоҳиши дар ин самт кор кардан дошта бошанд, намерасанд.

  • Рухшод Ашўрбекова, «Сано»:

       - Дар Кўҳистони Бадахшон имрўз 220 адад ташкилотҳои ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд, ки дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии мавҷуда саҳми худро мегузоранд. Мушкил он аст, ки дар Бадахшон миқдори ками созмонҳои байналмилалӣ фаъолият пеш мебаранд. Бештар Хазинаи Оғохон ва чанд ташкилоти дигар, ки ин имконоти моро то андозае маҳдуд менамояд ва ин масъала бояд таҷдиди назар шавад. Дар ин ҷо хеле хуб қайд шуд, ки сохторҳои хукуматӣ ба фаъолияти созмонҳо шинос нестанд. Мо аз Анҷуман миллии СҒД ва шахсан Ш. Каримов барои дастгирӣ миннатдорем. Ман кору афъолияти Ассотсиастияи милллии СҒД Тоҷикистонро табрик мегўям ва аз ҳамаи ташкилотҳои алоқаманд даъват менамоям, ки узвияти ин Ассотсиатсияро қабул намоянд, то мо тавонем ҳама дастаҷамъона стратегияи худро муайян намоем, ҷиддитар ба пеш ҳаракат кунем ва манфиатҳои худро барои инкишофи устувор дифоъ намоем.

  • Ҳолгер Вайссе, GIZ:

        - Ширкати сохторҳои давлатӣ дар чунин Форум ба манфиати кор аст. Имрўз бояд СҒД дар таҳияи қонунгузорӣ, тайёр кардани лоиҳаҳои қонунҳо фаъолона иштирок кунанд. Он гоҳ қонунхо воқеӣ ва мутобиқи зиндагӣ эчод мешаванд. Агар кору фаъоляити СҒД назаррас ва пурсамар бошанд, маблағгузорон худашон ба назди онҳо меоянд ва аз хизматҳои онҳо истифода мекунанд. Бояд талаб ва пешниҳодҳои СҒД равшантар ва мушаххастар бошанд. Таъсиси АМСҒД Тоҷикистон ба хотири танзим ва иттиҳоди фаъоляитҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ иқдоми хуб аст. Бояд дар назди ин Ассотсиатсия як мақоми махсус оид танзими ин ҳама фаъолиятҳо ташкил карда шавад.

  • Қурбонгул Қосимова, «Заршедабону»:

        - Бо назардошти мақом ва нақши СҒД дар кишвар бояд масъалаи истилоҳоти марбуд ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин бобат мавриди назар қарор гирад. Мо бояд ба як хулоса оем, ки кадоме аз ин ибораву ифодаҳои мавҷуда мувофиқтар аст ва мо бояд онро ҳамчун истилоҳ мавриди истифода диҳем. Мушкили дигар ин ҳолати истифода аз фармоишҳои иҷтимоӣ аст, ки чандон равшан нест. Роҳҳалҳои амалӣ кардани он ба хотири инкишофи устувори СҒД бояд мушаххастар карда шаванд. Ташкили АМСҒДТ ва фаъолдиятҳои он дар ҳамин замина шоистьаитақдир аст ва минбаъд ҳам бояд дастгирӣ карда шавад.

  • Проф. Абдушукур Назаров, «Маркази ТКМ»:

         - Форуми мо дар як сатҳи баланд ва бо иштироки доираи васеи алоқамандон ҳам аз сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ гузашта истодааст, ки аз мақом ва манзаллати рўзафзуни СҒД кишвар гувоҳӣ медиҳад. Баргузории чунин форумҳо дар раванди инкишофи устувори ташкилотҳои ҷамъяитӣ ва таъйини стратегияи рушди онҳо аз аҳамияти махсус бархўрдор аст. Ба АМСҒДТ ва ташкилкунандагони ин нишасти пуршукўҳ исзҳори сипос менамоям. Мехоҳам махсус қайд намоям, ки барои инкишофи комили мо бояд масъалаи ҳамкориҳои тарафайнро дурурст ба роҳ монд. Имрўз хеле хуб мешуд, агар роҳбарони сатҳи поёнии ҳукумат ва махсусан дар маҳалҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо СҒД бештар таваҷҷўҳ зоҳир мекарданд.

Танаффус барои нони чошт.

Форум кори худро нимаи дуввуми рўз давом дод. Баранда Д. Атобоева.

  • Дилором Атобоева, баранда:

        - Мўҳтарам вакилон ва меҳмонони форум! Пешниҳод аст, ки барои 1,5 соати дигар мо баҳсу мунозираҳоро дар атрофи гузоришҳои асосӣ ва иловагӣ идома диҳем ва баъд аз он ба 4 гурўҳ тақсим шуда, мутобиқи рўзномаи маҷлис дар гурўҳҳои хурд кори худро давом медиҳем.

Марҳамат, кӣ баромад кардан мехоҳад?

  • Орзу Ғаниева, «Насл»:

         - Мавзўи баҳси Форуми имрўза дар мавриди ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва раванди устувори СҒД хеле муҳим ва мубрам аст. Бояд самтҳои асосии фаъолият ва заминаҳои воқеии ҳамкориҳо ва аз ҳамин тариқ фаъол сохтан ва мавриди истифода қарор додани сарчашмаҳои дохилии дастгирии молӣ ҷиддӣ баррасӣ шаванд. Хуурсандиовар аст, ки намояндаи мўҳтарами Вазорати маорифи кишвар имрўз дар ҷаласаи мо иштирок доранд ва ибрози назар намуданд. Дар вилояти Суғд Шўрои ҷамъиятии навтаъсис, ки бештар аз 40 ташкилотҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, хуб фаъоляит дорад. Кўмаки давлат дар бобати дастгирии СҒД на фақат дар шакли маблағ, балки метавонад дар шаклҳои дигар ҳам сурат гирад.

  • Рухшона Шобуддинова, «Наҷоти кўдакон»:

        - Сараввал ба ташкилкунандагон барои дастгирӣ ва ташкили Форум арзи сипос мекунам. Тифли мо низ чорсола шуд. Мо дар ин муддат фақат аз инҳо дастгирӣ дидем. Ман кори Форумро таҳният мегўям, ки дар чунин шакли олӣ ва ҷиддӣ пеш рафта истодааст. Ба Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон ва раиси он Ш.Каримов як ҷаҳон ташаккур. Ба сафари мо, як гурўҳ намояндагони СҒД Тоҷикистон ба Амрико Ассотсиатсия хеле кумак кард. Пешниҳод мекунам, ки дар ин Форум ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак ва ҷавонон низ таваҷҷўҳ шавад. Пешниҳоди дигари ман ин аст, ки дар торномаи АМСҒДТ як саҳифаи махсус оид пешниҳодҳои СҒД ташкил карда шавад.

  • Маҳбуба Шарипова, «Майрам»:

        - Албатта, баргузор гаштани чунин як ҳамоиш, ки такони ҷиддӣ ба раванди инкишофи устувори СҒД аст, хеле муҳим аст. Чойи хурсандист, ки намояндагони зиёди сохторҳои давлатПарламент ва ташкилоту сафоратхонахориҷдар Форуми мо ширкат меварзанд. Аммо, Муаррифии вакилон ва меҳмононмутаассифона, намояндагони Ҳукумат барвақт толорро тар карданд. Мо медонем, ки онҳо ташвишҳои зиёд доранд, серкор ҳастанд, аммо хуб мешуд то охир ба мулоҳибаромадҳои иштирокдороМуаррифии вакилон ва меҳмононМуаррифии вакилон ва меҳмононМуаррифии вакилон ва меҳмононни Форум гўш медоданд. Чаро ҳукуматҳои маҳаллӣ то ҳол барн/ppомаҳои инкишофи худро дар якҷоягӣ бо СҒД тарҳрезӣ ва амалӣ намекунанд? Чаро мониториги ьарномаҳои дпавлатӣ бо иштироки СҒД ба роҳ монда нашудааст? Иштироки ВАО низ дар шарҳу тафсир ва таблиғи барномаҳои созандаи СҒД таҷдиди назар ва беҳбуд мехоҳад.

  • Дилором Атобоева, баранда:

        - Мешавад, ки як мактуби махсус аз тарафи вакилони Форум таҳия ва ба эътибори ташкилотҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ирсол карда шавад, то тавонем таваҷҷўҳи онҳоро ба фаъоляитҳои СҒД маҳаллӣ бештар ҷалб намоем.

  • Шамсиддин Каримов. АМСҒДТ:

         - Ба назарам, масъалаи иштироки СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар хеле муҳим аст. Воқеан ҳам СҒД наметавонанд берун аз қаринаи ҳаёти сиёсии кишвар фаъолият дошта бошанд. Маълум, кии баланд бардоштани сатҳи маърифати умумӣ, шандию сиёсии аҳолии кишвар аз тариқи барномамаърифати яке аз самтҳои муҳими фаъолияти СҒД –ро ташкил медиҳад. Аммо набояд фаромўш кард, ки сиёсат асоси фаъолияти мо нест. Мо сохтори сиёсӣ нестем. СҒД аз дигар шаклҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ//иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масалан аз ҳизбҳои сиёсӣ усулан фарқ мекунанд. СҒД ғаразҳои сиёсӣ надоранд, мақсаду мароми онҳо мусоидат ба равандҳои мусбат ва солим ба хотири беҳбуди ҳаёти мардумони кишвар аст. Аз ин рў, СҒД на ҳамчун ҳариф, балки ба ҳайси шарик ва ёвари боэътимоди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ шуда, дар беҳтару бештар амалӣ намудани барномаҳои стратегӣ ва тақдирсози кишвар мадад мерасонанд. Оид ба ин масъала бояд ҷиддандешид. Ин ҷо раиси Хазинаи Оғохон мўхтарам Ёдгор доёрович саволдҳои дуруст ва ниҳоят мубрамро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, стратегияи мили инкишофи сҒД кишварро кӣ бояд муайян намояд ва он чӣ гунна бояд сурат гирад? Фикр мекунам, АМСҒДТ меавонад ва бояд ин корро ба ўҳда гирад. Масъалаи истилоҳот, ки ин ҷо бардошта шуд, мо пешникардаем, ки ифодаи «созмони ғайридавлатӣ» баррасӣ ва гардад. Бубинем, кумитаи истилоҳол ва дигар шахсони расмӣ дар ин бобат чӣ мефармоянд. Ниҳоят, мулоқот бо Президенти кишвар воқеан ҳам муҳим аст. Дар назар аст, ки он тирамоҳи ҳамин сол доир карда шавад. АМСҒДТ дар якҷоягбо Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва Шўрои ҷамъиятии ҶТ ин коро ба зима хоҳад гирифт. Бspan style=арои омодагии комил АМСҒДТ нақша дорад, ки дар чорчўбаи як барномаи нав дар тамоми манотиқи кишвар силсилаи сўҳбатҳои мизи мудаввар доир намояд ва масъалаҳои асосии мавриди назарро муайян ва равшан созад.

  • Пайшанбе Хўчаназаров, «Маслиҳат»:

         - Ташкилоти мо дар бобати ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо мақомоти маҳаллӣ таҷрибаи бой дорад. Махсусан, дар мавриди ҳамкориҳо бо кишвари ҳамсояи ҳамсарҳад Афғонистон мо корҳои хуберо анҷом додаем, ки ҳоло мехоҳам ба таври мухтасар онро ба шумо намоиш диҳам (PowerPoint Presentation). Дигар ин ки мо аз фаъолияти АМСҒД Тоҷикистон ҳамчун маркази танзимгари фаъолиятҳо хеле қаноатмандемва омода ҳастем, то ҳамкорӣ намоем.

  • Сабоҳат Алимова, «Аврора»:

         - Ман чанде пештар дар яке аз чорабиниҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвр иштирок доштам, ки ба масъалаи кор ва ҳуқуқи кўдакон ихтисос дода шуда буд. Ба назарам, фаъолияти ҳамаи мо дар бобати кор бо кўдакон тақвият ва таҷдиди назар мехоҳад. Ин масъала, мутаассифона, ҳанўз ҳам мавриди назари ҷиддии мақомоти маҳаллӣ қарор нагироифтааст.

  • Муҳаммадлатиф Ҳадяев, «Сивилизатсия»:

         - Мутаассифона, сафи аъзои СҒД тар кишвар кам шуда истодааст. Ин масъала бояд мавриди таҳлил ва омўзиш қарор гирад. Фазои ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ ва махсусан фазои мусоиди кор барои СҒД дар ноҳияҳо дар муқоиса бо солҳои пешин ногувортар аст. Мушкилии идигар ин аст, ки сиёсат ва стратегияи созмонҳои байналмилалдар мавриди ҳамкориҳо бо СҒД маҳаллноравшан боқӣ мондааст.

  • Дилбар Халилова, «Фидокор»:

         - Дараҷаи дониш ва малакаву маҳорати СҒД Тоҷикистон таи солҳои ахир ба маротиб боло рафтааст. Агар касе бигўяд, ки СҒД маҳаллӣ заифанд, иштибоҳ мекунад. Мо аз ўҳдаи бисёр корҳо мебароем, фақат ба мо бовар кардан даркор аст. АМСҒД метавонад дар мавриди пештарӣ кардани беҳтарин кормандони СҒД кишвар номзадҳоро баои мукофотҳои олии давлатӣ пешбарӣ намояд. Муқаррароти мавҷударо дар ин бобат як бори дигар ба диққат омўхта, ин корро кардан мумкин. Сертфикатсияи ҷамъиятие, ки аз тарафи Хазинаи Оғохон дастгиршуда буд, бояд давом дод, аммо дар шакли дигар. Мо ба чунин сертификатсия зарурат дорем. Аммо он бояд хуб натиҷагирӣ шавад, таҳлилва дастовардҳо дар миёни ҳама ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар мавриди баррасӣ ва муҳокимаи умумӣ қарор гиранд. АМСҒД метавонад ин корро анҷом диҳад.

  • Шарофат Умарова, «Меҳрангез»:

        - Барои беҳбуди кори СҒД ва инкишофи устувори онҳо, аз назари манн, бояд самтҳои афзалиятнок дар маҷмўъ ва самтфаъолияти худи СҒД равшан ва мушаххас карда шаванд. Ин ба фоидаи кор хоҳад буд.

  • Мавҷуда Раҳмонова, RCVC:

        - Дуруст аст, ки дар Форуми имрўза мо масъалаи инкишофи устуворро марвиди баррасӣ қарор додаем. Барои ин лозим аст, ки ҳама имконот ва махсусан имконоти дохилӣ васеъ истифода шаванд. Системаи мониторинги барномаҳо дар мо ҳанўз вуҷуд надорад, онро тарҳрезӣ ва мавриди истифода бояд қарор дод. Ман ҳам ба ин фикрам, ки сертификатсияи ҷамъяитии СҒД як идеяи хуб буд, онро давом додан лозим. Албатта, дар шакли нав ва мазмуни тоза. Шўрои ҷамъиятии ҶТ ин як минбари хуб барои нишон додани кори СҒД ва ҳамкориҳо бо давлат аст, аз ин бояд васеъ истифода кард. Гузориши Ш.Каримов дар ин Шўро оид ба СҒД Тоҷикистон хеле бамаврид буд. Масъалаи имиджи СҒД ва шинохти комил ва дурусти он ҳоро дар миёни мардум тақвият додан лозим аст.

  • Бурибек Бурибеков, «Қалам»:

        - Дар мавриди ин, ки СҒД бо ташкилотҳои баналмилалӣ чандон муносибати хуб надоранд, ба назарам, худи мо гунаҳгорем. Корро дар ин самт ҷоннок кардан лозим, то шинохти комил ва дурусти СҒД воқеан ҳам сурат гирад. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамяити махсус касб мекунад, Доираи ҳамкориҳои иҷтимоиро дар ин самт метавон васеътар кард. Коррупсия ва фасоди ҷомеа ба кор хуби мо ва ҳамкориҳо монеъ мешаванд. Сифати барномаҳои инвестиционандон хуб нест. Ин ҳамаро ба таваҷҷўҳ ва эътибори Ҳукумат расондан лозим. Ивазшавии кадрҳо дар мақомоти маҳаллӣ (ротатсия) кори моро вазнинтар мекунад, чун кормандони нави далватаз мақсаду маро ва мақоми СҒД чандон огоҳ нестанд.

  • Муҳаббат Пирназарова, «Третий сектор»:

        - Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар маркази фаъолияти СҒД кишвар боқӣ мондааст. Аммо дастгирии ташкилотҳои маблағгузор таи солҳои ахаир ба таврим назаррас коста шудааст, ки ба сифати кори СҒД таъсири манфӣ мерасонад. Пешниҳоди манн ин аст, ки дар доираи фаъолиятҳои АМСҒДТ ва дар ҳамкорӣ бо МДҶШ амалҳое чун «Як соат бо Парламент», «Як соат бо Ҳукумат», «Як соат бо соҳибкорон», «Як соат бо рўзноманигорон», «Як соат бо маблағгузорон» ва ғайра созмон ва пеш бурда шавад.

  • Манзура Ҷўраева, «Мултикид»:

       - Ташкилоти мо ифтихор дорад, ки чанде пештар узвияти АМСҒД Тоҷикистонро қабул кард. Фикр мекунам, дар якҷоягӣ бо АМСҒД мо метавонкм хостаҳои худро бештар ва беҳьар бароварда созем. Таҷрибаи кори чандинсолаи мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки агар пешниҳодҳо барои грант ва ё барномаҳои муштарак дар якҷоягӣ таҳия ва пешьаршаванд, бештар имкони муваффашуданро доранд. Инро аз мадди назар набояд дурр сохт. Тарбияи кадрҳои сектори сеюм беҳбудмехоҳад. Лозим аст, ки ДТИ назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъалахо бештар ва ҷиддан машғул шавад.

  • Бахтиёр Абдуҷабборов, «Фонди рушди ҷомеа»:

       - Аз назари ман, фазои мусоид барои фаъолиятҳои босамартари СҒДҳанўз ҳам беҳбуд мехоҳад. Инҷо дуруст қайд шуд, ки масъалаи сабти номи СҒД аз тариқи «равзанаи ягона» бояд мавриди мулоҳизаи тарафҳои алоқаманд қарор гирад ва ҳалли худро зудтар ёбад. Ҳамкориҳои иҷтимоӣ танҳо дар сурати кафолат ва ўҳдадориҳоитарафҳо сурат гирифта метавонад. Аз ин рў, лозим аст, ки СҒД дар навбати худ бояд сатҳи камолот ва маҳорати касбии хешро ба таври мунтазам боло бардоранд. Дар ин кор на фақат ташкилотҳои маблағгузор, балки АМСҒДТ низ метавоанд кумак ва мусоидат намояд.

  • Сайфулло Эргашев, «Маркази ҳуқуқи инсон»:

       - СҒД нангу номуси кишваранд, дар ҳалли масъалаҳои басо муҳими иҷтимофаъолона саҳм мегиранд. Дар бобати муносибатҳо бояд гуфт, ки СҒД бояд ҳамчун шарик ва ҳамкори давлат ва Ҳукумат баррасӣ шаванд ва аз ҳамин нигоҳ ба фаъолифтҳои онҳо баҳо дода шавад. АМСҒД метавонад танзинари ин ҳама муносибатва василаи шинохти комил ва дурусти СҒД дар баробари сохторҳои ҳам дохилию ҳам хориҷӣ бошад. Бех роҳ барои таъмини инкишофи устувори СҒД ин маблағгузории фаъолиятҳои онҳо аз тариқи будҷаи давлатист.

  • Дилором Атобоева, баранда:

       - Пешниҳод аст, ки дар ҳамин ҷо баромадҳо ва мулоҳизарониҳоро қатъ намоем. Таклиф ин аст, ки ҳамаи ширкаткунандагон ба чор гурўҳ тақсим шаванд. Ба гурўҳҳо пешниҳодд карда мешавад, ки дар доираи мавзўъҳои мавриди баҳсашлн аз ҷумла лоиҳаи Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД ва Изҳороти вакилони форумро, ки гурўҳи коршиносон тарҳи онро омода сохтаанд, мавриди омўзиш ва муҳокимаҳо қарор диҳанд.

      Баъд вакилон ва меҳмонони Форум ба чор гурўҳи корӣ тақсим шуданд ва зимни муҳокимаи масъалаҳои ихтисосии гурўҳҳо ба лоиҳаҳои Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД ва Изҳороти вакилони форум тағйрот ва иловаҳо дохил намуданд . Роҳбарони гурўҳҳо гузориш доданд ва пешниҳодҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт . Дар охир бо назардошти пешниҳодҳои гурўҳҳо

Форум чунин қарор кард:

1. Гузоришҳо ва пешниҳодҳои Форум дар шакли протокол дар фарзияи электронӣ барои шиносоӣ ва баррасии бештар ва ҷалби мулоҳизаҳои доираи васеътари алоқамандон ба ҳама дастрас карда шавад (аз тариқи Торнома ва почтаи электронӣ);

2. Маводи Форуми чоруми миллии СҒД Точикистон дар шакли мукаммал барои дастрасии комил дар шакли маҷмўаи алоҳида ба нашр расонда шавад;

3. Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки баъди муҳокимаҳои умумӣ шакли ниҳоии Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоиро на дертар аз моҳи октябри соли 2012 дар рўзномаҳои маҳаллӣ ба нашр расонад.

Раис: Шамсиддин Каримов

 

Ҳайати таҳририя:

  • Атобоева Дилором 
  • Бурибеков Бурибек 
  • Пирназарова Муҳаббат 
  • Сайдалиев Додарбек 
  • Халилова Дилбар

 

3 марти соли 2012, ш. Душанбе

 

 

You have no rights to post comments

Навид

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Давомаш »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Таҷлили рӯзи байналмилалии дух…

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон   Инак, соли дуввум аст, ки рӯзи байналмилалии духтаракон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тантана ва шаҳомати махсус таҷлил карда мешавад. Барномаҳои имсола таҳти унвони «Ман ифтихор мекунам, ки... Давомаш »

Таҷлили рӯзи байналмилалии духтаракон

USAID нашри 18-уми “Индекси ус…

          ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ Тафовути афзудаи сатҳи устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа: USAID нашри 18- уми Индекси устувории СҶШ- ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард 23 июли с.2015, ш.Душанбе. Сектори созмонҳои љомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа соли 2014 гуногунранг мемонад. Аз як тараф Эстония, ки љои аввалро дар руйхати устувории СҶШ... Давомаш »

USAID нашри 18-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудава…

Силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудавар бо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикстон (АМСҒДТ) ахиран бо дастгирии молии Бунёди байналмилалии Эберт силсилаи сӯҳбатҳои мизи мудаварро бо ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар ба... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси ус…

  USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.  Мувофиқинашри охирини ҳисоботи USAID «Индекси устувории СҶШ» (ИУСҶШ) созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар манотиқиАврупо ва Авроосиё асосан... Давомаш »

USAID нашри 17-уми “Индекси устувории СҶШ-ро барои минтақаи Аврупо ва Авроосиё» аз чоп баровард.

Мулоқоти судбахш

Мулоқоти судбахш   Ба таърихи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони ташкилотҳои чамъиятии вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилоят доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Ассотсатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии... Давомаш »

Мулоқоти судбахш

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Давомаш »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Давомаш »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶО…

  ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ) БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН     ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СҶШ: 4.8 Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои гуногун, аз шӯроҳои коммуналиву маҳаллӣ сар карда, то ба иттиҳодияҳои расмӣ, ташкилотҳои... Давомаш »

ИНДЕКСИ УСТУВОРИИ СОЗМОНҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (СҶШ)  БАРОИ СОЛИ 2012 - ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Давомаш »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ   Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Давомаш »

Иқдоми нек дар бобати таҳкими …

Иқдоми нек дар бобати таҳкими ҳамкории СҒД ва хабарнигорон 18/10/2009 16:34:53  Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи иртиботи омма» дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма» аз моҳи августи соли ҷорӣ сар карда,... Давомаш »

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо …

СҒД-и Хатлон барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон тайёранд 18/10/2009 16:48:26      Ташкилоти Ҷамъиятии “Академияи иртиботи омма” мизҳои мудавварро дар доираи мавзӯи “Ҳамкории СҒД ва воситаҳои иртиботи омма”давом дод.Чунончи, мизи мудаввари навбатӣ 25 сентябри... Давомаш »

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои ирти…

Ҳамкории СҒД ва Воситаҳои иртиботи омма 28/10/2009 23:22:33         Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ин гузаронидани чорабиниҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагони ин ташкилотҳо ҷамъ шуда,... Давомаш »

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъият…

Мизи мудаввар.Ҳаракати ҷамъиятии кӯдакона – эҳёи таҷриба 18/11/2009 22:58:07         29 сентябри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ташаббуси ТҶБ «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон... Давомаш »

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Пр…

Вохӯрии намояндагони СҒД бо Президенти маркази Стратегияи Санкт Петербург 18/11/2009 23:10:31        17 сентябр вохӯрии намояндагони ташкилотҳои Ҷамъиятии ТоҶикистон бо Президенти маркази Стратегияи Санкт-Петербург А.Ю Сунгурова дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрӣ... Давомаш »

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД …

Арзёбии дараҷаи устувории СҒД дар Тоҷикистон барои соли 2009 18/11/2009 23:37:33        12 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии намояндагон ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии пешрави Тоҷикистон... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт …

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд 26/11/2009 00:27:10         Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо хабарнигорон, ташкили пресс-резлизҳо, пресс-конфронсҳо ва дигар асосҳои иртибот бо аҳли ҷомеа дар сӯҳбати мизи мудаввари навбатӣ, ки 5 ноябри... Давомаш »

Ташкилотҳои ҷамъиятии пойтахт асосҳои PR-ро омӯхтанд

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакр…

Ярмаркаи иҷтимоӣ «Аз худкӯмакрасонӣ ба нақши васеъ дар ҷомеа» 03/12/2009 21:59:11        Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи иҷтимоии осиёимиёнагии гурӯҳи худкӯмакрасонии аъзои шабакаи «Ишеним» баргузор шуд.        Шабакаи осиёимиёнагии «Ишеним» соли 1998... Давомаш »

Вакилони форуми дуввуми милии …

Вакилони форуми дуввуми милии СҒД Тоҷикистон ба Президент ва парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳанд кард 15/12/2009 20:01:23         Душанбе.10 декабр. «Азия-Плюс» - Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Дафтари ҳамкории... Давомаш »

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷи…

Форуми дуввуми миллии СҒД Тоҷикистон 15/12/2009 20:14:46          10 декабри соли равон дар Душанбе Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум 40 нафар вакилон ба намояндагӣ аз... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дую…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 17/12/2009 14:51:33        Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Тоҷикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли... Давомаш »

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форум…

МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  17/12/2009 15:25:45  Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!       Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ... Давомаш »

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА…

СӮҲБАТҲОИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ 29/12/2009 20:06:13         Ба наздикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони... Давомаш »

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷо…

Бахши шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойро дар парлумони кишвар ва ҳуқуқи мониторинги сармоягузориро талаб дорад 29/12/2009 21:12:56        Роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии кишвар Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе гузаронданд, ки дар он... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКА…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 31/01/2010 10:45:28        Дар давоми чор рӯзи моҳи равон (аз 26 то 29 январ) дар шаҳри Душанбе сӯҳбатҳои мизи мудаввар оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ баргузор гардиданд,... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИ…

МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ МИЛЛИИ СҒД-ро БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 08/02/2010 16:59:15        Ба таърихи 5 феврали соли равон мулоқоти мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ Саидмурод... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзо…

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод 22/02/2010 22:20:05        Мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар давраи соли 2009-2020, ки... Давомаш »

СҒД «Бинокор» дар ноҳияи Файзобод нерӯгоҳои хурди барқии обиро мавриди истифода қарор дод

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕ…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО 23/02/2010 15:49:48         СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ - ГАРАВИ ПЕШРАВИҲО

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард? 13/05/2010 21:52:07        Солҳои 2008 -2009 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон давраи махсус буд. Онро давраи дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, давраи мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

Хамкори – бахри рушди чомеа 22/05/2010 15:05:42       21маи соли 2010 дар толори конфронсии Макомоти Ичроияи Хокимияти давлатии шахри Панчакент дар доираи лоихаи «Тахкими чомеаи шахрванди аз тарики иттиходва танзими фаъолияти... Давомаш »

Хамкори – бахри рушди чомеа

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШО…

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН 06/07/2010 09:47:46        СҒД «Бунёди рушди Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз тарафи Вазорати Бритониё оид ба... Давомаш »

ҲАМКОРИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАДАХШОН

"Растохез" бонги бед…

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат 28/01/2011 07:10:04  (Андешаҳо дар мавриди китоби нави   «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили... Давомаш »

"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Дастгирии ВАО

Дастгирии ВАО 16/09/2011 09:39:52        Бо дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон барномаи минтақавии ташаббус ҷиҳати дастгирии васоити ахбори омма дар амал татбиқ карда мешавад.Тавре дар намояндагии USAID... Давомаш »

Лоиҳаи муфид

Лоиҳаи муфид 16/09/2011 09:42:10         «Густариши суботи Тоҷикистон», - лоиҳае, ки мақсад аз он таълим ва додани қарзҳои бебозгашт барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таҳти ҳамин унвон ҷиҳати рушди минбаъдаи созмонҳои... Давомаш »

«Мадина» кумак мекунад

«Мадина» кумак мекунад 16/09/2011 09:44:10         Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии... Давомаш »

Оид ба истифодаи дурусти захир…

Оид ба истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва Рио+20 30/04/2012 06:33:08 Камолидинов А., н.и.т. Ходими калони илмии Филиали Тоҷикистонии МИИ КБҲХО Мўҳтарам раиси маҷлис! Мўҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!         Мавзўе, ки ман ба таваҷҷўҳи шумо... Давомаш »

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва д…

СҒД Тоҷикистон: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи устувор 30/04/2012 07:10:35 Гузориши Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон дар Форуми чоруми миллии СҒД Тоҷикистон ба таърихи 3 марти соли 2012   Мӯҳтарам вакилон... Давомаш »

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷ…

Консепсияи рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30/04/2012 07:22:46 Пешгуфтор (преамбула)   Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоии давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД)... Давомаш »

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чорум…

ИЗҲОРОТИ вакилони Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 07:51:25        Раванди ташаккул ва таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти... Давомаш »

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии…

ПРОТОКОЛИ Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 30/04/2012 08:05:32      ш.Душанбе                                     3 марти соли 2012     ... Давомаш »

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми м…

ГУЗОРИШ оид ба Форуми чоруми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва натиҷаҳои он 30/04/2012 08:34:38  П Е Ш Г У Ф Т О Р        3 марти соли 2012 дар Душанбе Форуми чоруми... Давомаш »

Сабти ном