ПОРТАЛ

Национальной асcоциации НПО Таджикистана

Поиск

Фотогалерея

 

ПРОТОКОЛИ

Форуми сеюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон

 

     ш.Душанбе                                                                         14 октябри соли 2010

   Ширкат карданд:   50 нафар вакилон (замимаи 1)

                                   Меҳмонон ( замимаи 2)

  1. Сухани ифтитоҳии Шамсиддин Каримов, раиси Бунёди рушди       Тоҷикистон

- Ассалому алайкум мӯҳтарам вакилон ва меҳмонони Форуми сеюми миллии созмонҳои ғайридавлати Тоҷикистон!

Гузаронидани Форумҳои миллии СҒД Тоҷикиситон ба ҳукми анъана даромадаст. Инак, бори сеюм аст, ки мо, намояндагони СҒД кишвар дар пойтахти кишварамон шаҳри зебоманзари Душанбе ҷамъ меоем, то масъалаҳои марбут ба стратегияи инкишоф ва дурнамои рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври умум ва махсусан ниҳодҳо ва сохторҳои мавҷудаи онро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор диҳем.

Агар ду форуми аввала ба мавқеъ ва мақоми СҒД дар равандҳои демократии кишвар, қабули санадҳои муҳими тақдирсоз, аз қабили Барномаи миллии рушди СҒД барои давраи то соли 2014, Одобномаи СҒД Тоҷикистон, бозсозӣ ва арзёбии вазъи мавҷуда ва беҳтар сохтани мавқеъ ва иштироки воқеии СҒД дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бахшида шуда бошанд, форуми навбатӣ ният дорад таваҷҷӯҳи Ҳукумат, Парламент, соҳибкорони кишвар, ВИО, шаҳрвандони оддии кишвар, ҷомеаи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, созмонҳо ва кишварҳои маблағгузор ва умуман ҳар як шахсеро, ки тарафдор ва ҳавасманди инкишофи устувор ва шукуфоии Тоҷикистон аст, ба он ҷалб намояд, ки

  • Вақти давлатдории солим ва босифат (goodgovernance) фаро расидааст;
  • Чунин шакли давлатдории солим бе иштироки фаъоли СҒД ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст;
  • Тарафҳои алоқаманд бояд ба инкишофи устувор ва бонизоми СҒД мусоидат намоянд; «Хонаи СҒД» ҳамчун маркази иттиҳод ва ҳамоиши ҳама ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар зудтар рӯйи кор гирифта шавад;
  • Инкишофи устувори ҳам ҷомеа ва ҳам ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба инкишофи иқтисодӣ ба таври умум ва махсусан соҳибкорӣ сурат гирад;
  • Инкишофи устувор ва босуботи кишвар таҷдиди назарро дар бобати мавқеъ ва нақши мақомоти қудрати давлатӣ дар маҳалҳо тақозо менамояд. Дар ин ҳолат таваҷҷӯҳи махсус бояд ба мавқеъ ва мақоми ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳалла дода шавад
  • Чунин бозсозии умумии кишвар бояд бо назардошти иштироки воқеии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷумла СҒД танзим дода шавад.
  • Барномаҳои миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии фундаменталӣ, аз қабили «Консепсияи миллии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Барномаи миллии инкишоф ва дастгирии СҒД», «Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо СҒД», Қонуни ҶТ «Оид ба СҒД» ва ғайра бояд ҳарчи зудтар матраҳ ва қабул гарданд
  • Мулоқоти навбатии Президенти ҶТ бо намояндагони СҒД кишвар барои соли 2011 ба назар гирифта шавад.

                                                                                                       

Дӯстони азиз!

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои тақдирсози худ, аз қабили

Барномаи стратегии рушди миллӣ (NDS), Стратегияи миллии поён овардани сатҳи камбизоатӣ (PRS) , амалӣ сохтани барнома ва ҳадафҳои Глобал Милениум (MDGs) таи солҳои ахир корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. Мо барои фазои солим, сулҳу субот ва шароити мусоид ба кору фаъолияти озоди худ ба Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон ва махсусан роҳбарияти сиёсии он таҳти раҳбарии Президенти кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоем.

Мо бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки Парламенти миллии кишвар ва махсусан Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ дар симои як қатор вакилони мӯхтарам ҳамкориҳои худро бо СҒД ба маротиб афзудаанд ва дар эҷоди фазои муносиби ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузоранд, ташаккур!

Ҳамчунон мо аз фаъолиятҳои хастанопазир ва пайгиронаи Сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар сохторҳои маблағгузор ба хотири рушди босубот, дастгирии равандҳои марбут ба бунёди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ ва сипос менамоем. Як ҷаҳон ташаккур!

Аммо равандҳои инкишофи имрӯзи Тоҷикистон аз холигиҳо ва норасоиҳо орӣ нестанд. Албатта, раванди бозсозӣ ва махсусан дар шароити гузариш бе камбудӣ, бе мушкилӣ намешавад, он махсусиятҳои худро дорад. Аммо як чиз мусаллам аст: бояд тарафҳо ҳисси масъулият дошта бошанд, мақсад ва мароми тарафҳо равшан ва дастрас бошанд, мавқеъгириҳо устувор ва мантиқӣ буда, ҷавобгӯи ҳам стандартҳои байналмилалӣ ва ҳам манфиатҳои миллӣ бошанд. Ва аз ҳама мухимаш, ин равандҳо бо иштироки васеъ, воқеӣ, фаъол ва алоқамандонаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар танзим ва амалӣ карда шаванд. Чунин аст паёми мо. Паёми СҒД Тоҷикистон ба ҳама тарафҳои алоқаманд!

Дар ҳамин қарина имрӯз мову шумо, ҳам вакилон ва ҳам меҳмони мӯҳтарами Форуми навбатӣ бодя дар он бобат сӯҳбат намоем, ки чӣ тавр ва ба кадом қарор мо бояд инкишофи устувор ва босуботи СҒД кишварро таъмин намоем. Як роҳи чунин инкишоф аллакай барои мо равшан аст: аз тариқи ҳамкориҳои ҷиддии иҷтимоӣ. Роҳҳои дигар кадоманд? Чӣ бояд кард, ки ин ҳамкориҳо бардавом ва самаранок бошанд? Кадом сарчашмаҳои дохилии кишвар бояд истифода шаванд ва ба кадом қарор, ки СҒД Тоҷикистон мустаҳкам шаванд, инкишофи устувори онҳо таъмин гардад ва дар ҳамин замина ба ҳамкор ва шарикони воқеии ҳам давлат ва ҳам соҳибкорон мубаддал гарданд? Косепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД чӣ гуна бояд бошад? Фазои ҳуқуқӣ ба ин ҳама талабот ва навсозиҳо то чӣ андоза созгор ва ҷавобгӯй аст?

Чуноне ки мебинед, саволҳо зиёданд ва онҳо ҷавоб мехоҳанд. Умедворам, ки Форуми имрӯзи мо ба ин ва дигар саволҳо ба хотири саодат ва шукуфоии кишвар ва баланд бардоштани мақоми СҒД дар ин равандҳо мусоидат хоҳад кард. Ба ҳамин орзумандӣ иҷозат дихед Форуми сеюми миллии СҒД Тоҷикистонро дар шаҳри зебоманзари Душанбе, дар ин толори пуршукӯҳ ва бо иштироки ҳамаи мову шумо кушода эълон намоям.

Муаррифии вакилон ва меҳмонон

 

  • ВАКИЛОН – 50 нафар (Бадахшон, Суғд, Хатлон, НТҶ ва Душанбе)
  • МЕҲМОНОН

Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар

Рӯзадоров М.Р., мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ

Парламенти кишвар

Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

Акрамшо Фелалиев, узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

Сафоратхонаҳои

Амрико

Афғонистон

Эрон

Инглистон

Россия

Ёдгор Файзов, раиси бахши Тоҷикистонии Хазинаи Оғохон

Исомиддин Салоҳиддинов, раиси Бунёди байналмилалии «Пайванд»

Намояндагиҳои

AKF

DFID

OSCE

UNDP

USAID

«Пайванд»

 

Ҳамаатон ба Форуми сеюми миллии СҒД Тоҷикистон хуш омадед!

Мехоҳам бо истифода аз ин фурсати муносиб ба МДҶШ «Қалам», «Шаҳрванд», «Оштии миллӣ», «Консортсиум-Ташаббус» ва «Третий сектор» барои ҳамкориҳояшон дар таҳия ва омода сохтани ин Форум, ба Хазинаи Оғохон ва Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандии AKDN ва махсусан Оҷонсии Британияи Кабир DFID, ки маблағгузори асосии ҳамоиши имрӯза ҳастанд ва ҳамчунон ба ICNL барои дастгирӣ ва кумаки молии иловагӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намоям. Як ҷаҳон ташаккур!

            Ҳоло иҷозат диҳед тартиби пешбурди кори Форуми имрӯзаро бароятон пешниҳод намоям:

  • Барои гузоришҳо- то 10 дақиқа
  • Барои савол ва мулоҳизаҳо- то 5 дақиқа
  • Модераторҳо дар гурӯҳҳо интихоб шаванд

 

  1. Суханронии Муҳаббатшо Рўзадоров, мушовири Президенти ЉТ:

-Ҳозирони гиромӣ!

Сараввал аз номи Мушовирияти Дастгоҳи Иҷроиияи Президент ҳамаи иштирокдорони

Форуми сеюми миллии созмонҳои ғайридавлатиро хайрамақдам мегўям.Ва комилан умедвор ҳастем,ки имрўз масъалаҳои мубрами рушди ин бахши мухими ҷомеаи моро баррасӣ мекунед.Таваҷҷӯҳи Президент Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Созмонҳои ғайридавлатӣ бешак ба рушди ин бахш мусоидат мекунад.Аз ин рӯ, мо доимо бо Сарварони Ташкилотҳои ғайридавлатӣ мулоқотҳо доир намуда, самтҳои ҳамкориро муайян менамоем. Аз ҷумла, баргузории ин Форум бо маслиҳати тарафайн мувофиқа шуд. Мӯҳтарам Шамсиддин Каримов барои самарабахш гузаштани ин чорабинӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Ва амалан ҳам барои самтҳои афзалиятноки рушди шабакаи сеюм усулҳои самарабахшро пешниҳод менамояд. Созмонҳо ғайридавлатӣ воқеан ҳам дар инкишофи бомароми чомеа саҳми фаъол доранд. Аммо СҒД бо вуҷуди доштани имконоти моддӣ ба дастгирии Ҳукумат ниёз доранд. Аз ин рӯ, дар Дастгоҳи Иҷроияи Президент барои онҳо дарҳо ҳамеща боз буда, ба ҳар муроҷиати онҳо диққати доимӣ дода мешавад.

Имрӯз ҷомеи мо ба самти мусбат таъғиёр ёфт. Созандагихо бунёдкориҳо, икдомҳо ба манфиати Тоҷикистон бе ширкати СҒД ғайри имкон аст.Хушбахтона СҒД-ҳо дар амали намудани Барномаҳо,лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ,комуникатсионӣ,Хукукӣ,гендерӣ саҳми сазовор мегзоранд.Ба хусус кушиши ин ташкилотхо дар дехот хеле самарабахш аст.Диди сарварони СҒД-хо ба фаъолнокии шаҳравндии омма хеле дақиқ аст.Онҳо муаммоҳо,самт ва роҳхои ҳалли онҳоро хубтар медонанд.Ин кумаки амалӣ ба сохторҳои давлати мебошад.Маълумотҳо,санҷишу тадқиқоти лоиҳаҳо ки бо икдоми СҒД-ҳо амали мешаванд барои мо хеле мухим мебошанд.Имруз дар барномасозии инкишоф ,ислоҳоти иқтисодиёт ва маориф тавсиҳо, пешниҳодҳои СҒД ба эътибор гирифта мешавад. Ман имкони номбар кардани ҳамаи ин дастовардҳоро надорам. Аммо ҳамин кадарашро зикр менамоям, ки Шумо дар ҷомеа аллакай мақом ва манзалати хоса касб намудаед. Ин боиси хушнудист. Имрӯз аз дастовардҳои СҒД дар бахши тавсиаи ҷомеаи демократӣ чашм пӯшидан мумкин нест. Бо саъю талоши онҳо омма торафт фаъолтар ба такмили ҷомеа ба самти мусбат ҷалб мешавад. Президенти мамлакат мўҳтарам Љаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён, соҳибкорон, таи суханрониҳо дар ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ борҳо изҳор доштаанд, ки аз ҷумла бо мадади ташкилотҳои ғайридавлатӣ сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ширкати фаъоли хамаи чунбишу аҳзоб ба идоракунӣ таъмин гардид. Бояд тазаккур дод, ки бо икдоми СҒД таҷрибаи беҳтарини дигар кишварҳо дар бахши таҳкими ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурӣ татбиқ мешавад. Ҳамзамон СҒД-ҳо манбаи тайёркунии кадрҳо ва мутахассисони чавон мебошанд. Аксари кулли беҳтарин мутхассисон технологияи комуникатсия, донишҳои компютериро дар лоиҳаҳои СҒД омӯхтаанд. Мактаби пешқадами СҒД байни омма васеъ тарғиб мешвад. Ба наздикӣ китоби басо муҳими Шамсиддин Каримов таҳти унвони «Созонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» нашр шуд. Ин китоб роҳнамои мукаммали ҳамкориҳост. Мӯҳтарам Шамсиддин Каримов чанд нусхаро аз ин китоб ба Дастгоҳи Иҷроияи Президенти икшвар низ тақдим карданд.  Мо итминони комил дорем, ки самтҳо ва раванди ҳамкориҳои мо вусъат меёбанд ва ба манфиати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонмусоидат мекунанд. Барои шумо дар баррасии воқеии муаммоҳо ва роҳҳҳои нави инкишоф ва тараққиёти бештару беҳтари кишварамон пирӯзиҳо таммано дорам.

 

  1. Суханронии Олимҷон Салимзода, Раиси кумитаи МН МО ҶТ оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

         -Мўҳтарам иштирокдорон!

         Ҷанобон ва хонумҳо!

Маҷлиси намояндагони МО аз ҳамкории Парлумон бо СҒД ва дигар созмону чунбишхо қаноатманд аст. Нишасти имрӯза нишони ин ҳамкорӣ аст. Агар ҳадафи ҳамаи мо ободӣ ва инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бояд чомеаи шахрвандиро такмил дихем .Ҳадафи асосии бунёди давлати демократию дунявӣ бе ширкати СҒД амалӣ намегардад. Имрўз Форум маҳз барои пиёда кардани ин ҳадаф ҷамъ омадаст. Аз ин рӯ, ман аз номи Раёсати МН МО ба ҳамаи иштирокдорон, созмондиҳандагон, мушахассан мӯҳтарам Шамсиддин Каримов, намояндагони Сарпарастҳо, сафоратҳо ва шарикон арзи сипос менамоям.

Чанде пеш ман дар ҳайати кории иштироки Президенти кишвар дар Нишасти Остона

иштирок кардам. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мавриди амнияти ҳамзистии минтақавии рушди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи хукуку озодиҳои инсон пешниходҳои мушахас намуданд. Воқеан дар ин самт Љумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррас дорад. Қабул гардидани як миқдор қонунҳои муҳим, аз қабили Қонунҳо дар бораи Итиҳодияҳои ҷамъиятӣ, Танзими демогарфӣ, Урфу анъанаҳо, Мубориза бо хариду фурӯши одамон, Фармоишҳои иҷтимоӣ аз чониби чомеаи ҷахонӣ чун гоми пешқадам қабул гардиданд. Агар мо дар 10 соли охир қиёс кунем, дар ин самт Ҷумҳурии мо назар ба дигар давлатҳои минтиқа дастоварди бештар дорад.

Дар ин Саммит аз 26 мамлакати дунё сарон омаданд ва ба муаммои Ҷумҳурӣ шинос гардиданд. Президент бо далелҳо монеаҳо ва проблемҳоро ошкоро қайд намуд. Ман шахсан аз хамкорӣ бо СҒД хурсанд ҳастам. Ҳангоми таҳия ва эҷоди қонунхо мо аз машварату маслихати собиқадорон Гулҷаҳон Бобосодикова, Шамсиддин Каримов, Муаттар Ҳайдарова фаровон истифода мебарем. Ва бояд тазаккур дод, ки пешниҳоду маслиҳати онҳо қобили дастгирист. Худи Президент доимо таъкид мекунанд, ки ягон қонун догма нест. Ҳамеша тибқи замон қонунҳо таъгйир меёбандва ин таъгиротро бештар шумо ворид карда метавонед. Мо аз ташкилотҳои байналмилал, аз ҷумда Бунёди Оғохон, ташкилотҳои Бритонияи Кабир, Олмон, Швейсария арзи сипос менамоем. Мо аз таҷрибаи Полша дар бораи ҳамкорихои иҷтимоӣ огоҳӣ ёфтем. Бо ҳамроҳии Нодира Давлатова ва Латиф Хадяев бо дастгирии Бунёди Оғохон дар Полша роҳҳои ҳамкории навро омӯхтем.Он рӯз дур нест,ки мо аз таҷрибаи Полша бештар комёбиҳоро ба даст меорем.

Мо барои ҳамкоррии доимӣ омода ҳастем. Ҳамроҳи ман дар инҷо вакил - шахси маъруф Акрамшо Фелалиев низ ҳузур доранд. Ман итминони комил дорам,ки Форуми якрӯзаи Шумо муаммоҳои даҳсоларо ҳаллу фасл хохад кард. Барои шумо пирӯзиҳо таманно дорам.

  1. Суханронии Ёдгор Файзов, раиси Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон

-Ҷанобон ва хонумҳо!

Мӯҳтарам иштирокдорон!

Аввалан самимона ба Ҳукумати ҶТ, Ассосиатсияи милии СҒД, Сафорати Британияи Кабир, шарикон ва сарпарастон арзи сипос менамоям. Бунёди Оғохон солҳои зиёд барои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили рукнҳои идоракунии ҷомеа лоиҳа ва барномаҳо амалӣ менамояд. Созмонҳои ғайридиавлатӣ барои таҳкими сектори хусусӣ мусоидат менамоянд. Ва мақомоти роҳбарии Бунёди Оғохон ба ин имконоти комили ташаккули ҷомеа аҳамияти доимӣ медиҳад. Зеро дар ин шабака ташаббус, иқдом, навоварӣ мавҷуд аст. Созмонхои ҷамъиятӣ ба соҳаҳои хеле муҳими ҳаёт бо кӯшишу мароми қобили қабул даст мезананд. Ва дар ин роҳ муваффақ низ ҳастанд. Лоиҳаҳо ва барномаҳо барои давлат дар амалӣ кардани як қатор барномаҳои иҷтимоӣ кумак менамоянд. Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷумхурӣ 1600 СҒД қайд гардидаст, аммо ҳар сол сад СҒД ташкил мешаваду аз фаъолият боз мемонад. Чаро ин созмонҳо мавчудияти худро хифз карда наметавонанд? Шумо имрӯз дар ин форум бояд сабабҳои онро маълум намуда, роҳҳои устувории созмонҳоро пайдо кунед. Ман ба рӯзномаи Форум шинос шуда, бо мамнуният гуфта метавонам, ки дар ин ҷо баррасии вокеӣ ва судманд сурат мегирад. Аммо мехостам, ки бештар ба масъалаҳои зайл таваҷҷӯҳ кунед:

  • Устувории молиявию моддии созмонҳои ҷамъиятиро таъмин намудан зарур аст;
  • Идоракунии лоиҳаҳоро пурқувват гардонда, барои ҳамкории иҷтимоӣ самтҳои афзалиятнок ҷудо намоянд;
  • Манбаъҳои иловагии лоиҳаҳо аз ҳисоби сохторҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.
  • Лоиҳаҳо ва барномаҳои дохилӣ бояд аз ҳисоби бизнес сармоягузорӣ шаванд. Масалан, дар Давлати Исломии Афгонистон ширкати мобилии «Рушонбесим» кор мекунад. Аз ҳисоби ин ширкат чандин инфросохторҳо сармоягузорӣ мешаванд, ки асосан марбут ба бахши иҷтимоӣ мебошанд. Тақрибан дар деҳот як миллион доллар маблағи ин ширкат ба самти иҷтимоӣ равон шудааст. Ин аз як тараф мардумро бо воситаи алоқа таъмин мекунад, аз тарафи дигар, ба рушди иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
  • Истифода аз сектори тиҷорат бештар ба роҳ монда шавад. Ин шабака метавонад мустақиман лоиҳаҳои иҷтимоиро маблағгузорӣ намояд.

Ман умедворам, ки имрӯз дар ҳамкорӣ ва бо иштироки донорҳо, сохторҳои давлатӣ, бо кори пурсамари Ассотсиатсияи миллии СҒД муаммоҳои кориро мусбат ҳал менамоед. Ман дар рафти форум имкон дорам пешниҳодҳои шуморо якҷоя баррасӣ намоям ва ба саволҳои шумо ҷавоб гӯям. Ташаккур ба таваҷҷӯҳатон.

  1. Гузориши Муҳаммадлатиф Ҳадяев, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон (Замимаи 3 )
  2. Гузориши Нодира Давлатова, роҳбари Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандии Бунёди Оғохон дар ҶТ (Замимаи 4)
  3. Гузориши Муаттара Ҳайдарова, намояндаи ICNL/LLC дар Тоҷикистон, роҳбари «Љомеа ва Њуқуқ» (Замимаи 5)
  4. Гузориши Додарбек Cайдалиев, роҳбари МДҶШ «Шаҳрванд» (Замимаи 6)
  5. Гузориши проф. Абдушукур Назаров, директори Маркази тайёркунии кормандони мунитсипалӣ (Замимаи 7)
  6. Гузориши Бурибек Бурибеков, роҳбари МДҶШ «Қалам» (Замимаи 8)
  7. Гузориши Маҳмудҷон Додобоев, директори генералии радио ва телевизиони мустақили «Ҷаҳоноро» (Замимаи 9)
  8. Гузориши Фотима Шарифова, роҳбари МДҶШ «Занони Шарқ» (Замимаи 10)
  9. Гузориши Рустам Бобоҷонов, роҳбари барномаи ҳуқуқи инсон (UNDP) (Замимаи 11)
  10. Гузориши Модавлат Ҷумъабекова, корманди ТҶ «Кишоварз» (Замимаи 12)
  1. Саволҳо, муҳокимаҳо ва баромадҳо

 

Шамсиддин Каримов, баранда:

-Мӯҳтрам вакилон ва меҳмонон, гузоришҳо ба охир расиданд. Ҳоло дар мавриди гузоришҳо метавонед мулоҳизаҳои худро иброз доред. Пешниҳод аст, ки аввал саволҳо пурсида шаванд, нуктаҳои баҳсталаб равшан карда шаванд ва баъд аз он ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба гузоришҳо мегузарем. Албатта, пешниҳод ва андешаҳои шумо барои натиҷагирии дуруст ва муайян кардани самтҳои фъолияти ояндаи мо кумак мекунанд. Марҳамат.

  • Наҷмиддин Шоҳинбодов, танзимгари барномаҳои МДҶШ «Консортсиуми ташабусҳо»

-Мӯҳтарам Раис!

Ҳамкорони гиромӣ!

Сараввал ба Ассосиатсияи миллии СҒД, Бунёди рушди Тоҷикистон ва сарпарастон арзи сипос менамоям, ки чунин фурсати табодули таҷриба ва афкорро муҳайё сохтанд. Воқеан пул ва сарпараст хеле тарсончак аст. Дар нимаи дуюми рӯз аксари донорҳо фирор карданд ба ҷуз мӯҳтарам Ёдгор Файзов. Имрӯз саҳми Бунёди Оғохон дар ташаккули маърифати шаҳрвандӣ хеле калон аст. Мӯҳтарам Файзов хеле бамаврид қайд карданд, ки созмонҳҳои ҷамъиятӣ сабт мешаванду барҳам мехӯранд. Дуруст аст. Ман дар даст ду китоб дорам. Яке маълумотномаи созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар он 1300 созмонҳо сабт шудаанд. Дар дасти дуюм Маълумотномаи телефонҳо дорам. Дар ин ҷо низ аз 5000 номгӯй фақат чанд телефон кор мекунанд. Яъне, СҒД ва телефон ба пул ниёз доранд. Яке аз сабабҳои нустувории молиявии СҒД ин танқисии молиявӣ мебошад. Барои тақвияти он бояд грантҳои дохилӣ ҷалб шаванд. Ба ин масъала бояд шабакаи тиҷорату соҳибкорӣ чалб шавад. Ман кори форумро самарабахш арзёбӣ мекунам, зеро 50 СҒД барои ҳамкории иҷтимоӣ омода ҳастанд.

 

  • Талъат Нӯъмонов, раиси Маркази ИКТ:

Мо бояд икдомҳо ва ташабусҳоро тақвият диҳем. Ассотсиатсия ба таври куллӣ барои ҳамкории иҷтимоӣ замина фароҳхам овардааст. Бояд ҳамкории минтақавӣ дар ҳамаи созмонҳо ба роҳ монда шавад. Мо барои ҳамкорӣ ва иҷрои фармоишҳои иҷтимоӣ низ заминаҳои хуби ҳуқуқӣ дорем. Як масъалаи дигар. Мо бояд дар мавриди истифодаи истилоҳи ягона оид ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба хулоса оем ва онро ба ҳукми қонунӣ дароварем. Истилоҳи «созмони ғайридавлатӣ» , ки шумо пешниҳод кардаед, ба назарам, равшанӣ мехоҳад.

 

  • Шамсиддин Каримов:

Дар мавриди ин мавзӯъ мо чандин маҷмӯаҳои махсусро дар доираи «Китобхонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба нашр расондаем. Ин маводро шумо метавонед дар торномаи Ассотсиатсияи миллии СҒД дастрас намоед. Аз ҷумла, аз нигоҳи забоншиносӣ ва ҳуқуқ истилоҳи номбурда асоснок карда шудааст. Аммо маълум, ки ин истилоҳ ҳанӯз истилоҳи ҳуқуқӣ нест.

 

  • Валихоҷаева Н:

Ман бо барномаҳои Бунёди Оғохон шинос шудам. Ҳамзамон бо чанд сарпарастони хориҷи ҳамкорӣ мекунам. Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон бояд барои пайдо кардани лоиҳаҳо, донорҳо хамдастӣ кунад. Дар водии Ҳисор проблемаҳо ва муаммоҳои иҷттимоӣ зиёданд. Барои ҳалли онҳо дастури машваратии доимӣ зарур аст.

 

  • Х. Расулова, муовини сарвари Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа»:

Форум ба таври мушаххас самтҳои ҳамкориро муайян намуд. Мо акнун дар симои Анҷумани миллии СҒД шарик ва машваратдеҳи хуб пайдо кардем. Аммо имрӯз таваҷҷӯҳ бештар ба дехот бояд шавад. Ба грантҳо, лоиҳаҳо деҳот бештар ниёз дорад. Ҳамзамон барои шаффофияти фаъолият бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар инҷо зикр шуд, ки созмонҳо зуд-зуд барҳам мехуранд. Сабабаш, ба назари ман, шаффоф набудани фаъолият мебошад.

  • Мансур Маҳмудов, «Ташаббусҳои устувори кишоварзӣ барои инкишоф»:

- Пешниҳодҳо ва таклифҳои Форуми дуюм то чӣ андоза амалӣ шудаанд?

  • Шамсиддин Каримов:

- Форуми дуюм, ки дар моҳи декабри соли 2009 доир гардида буд, масъалаҳои марбут ба вазъи умумии инкишофи СҒД кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Ду ҳуҷҷати муҳим қабул гардид: 1) Изҳороти вакилони Форуми дуюми миллии СҒД Тоҷикистон ва 2) Муроҷиатнома ба Президенти ҶТ. Корҳои зиёде дар ин замина ба анҷом расидаанд: Ассотсиатсияи миллии СҒД тақвият дода шуд, сафи аъзои он то ба 116 адад расидааст, дар сатҳи Мушовири Президенти кишвар моро қабул карданд ва ибтикорҳои моро дар мавриди таъсиси «Хонаи СҒД Тоҷикистон», мулоқоти навбатӣ бо Президенти кишвар қабул карданд; таъсиси шӯроҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи ноҳияҳо ва вилоятҳо асосан ба анҷом расидааст, шинохти СҒД маҳаллӣ ва эътирофи онҳо аз тарафи сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ беҳтар гардид. Сатҳи ҳамкориҳои иҷтимоӣ боло рафта истодааст. Албатта, иҷрои хостаҳои Форум вақти зиёдеро мехоҳад. Уме даст, ки ҳайти нави Ассотсиатсия амалӣ шудани ин қарорҳоро зери назорати худ мегирад.

  • Амонулло Мӯссоев, директори «Маркази инкишоф»:

- Ширкати сохторҳои давлатӣ дар чунин Форум ба манфиати кор аст. Имрӯз бояд СҒД дар таҳияи қонунгузорӣ, тайёр кардани лоиҳаҳои қонунҳо фаъолона иштирок кунанд. Он гоҳ қонунхо воқеӣ ва мутобиқи зиндагӣ эчод мешаванд. Мо борҳо дар бораи хизмати алтернатив дар урду, суғуртаи шахсӣ, идораи нотариалии хусусӣ лоиҳа пешниҳод намудаем. Дар мулоқоти Президент бо соҳибкорон мо пешниҳод кардем, ки ин лоиҳаҳо амалӣ шаванд. Президент ба вазири адлия супориш доданд, ки инро ҳал намояд. Аммо то ҳол вазир супориши Президентро ҳал накардааст. Ташаббусҳои қонунгузории омма комилан такмил мехоҳад. Форуми имрӯза бисёр масоили мубрамро барои ҳаллу фасл таҳия намудаст.

 

  • Наргис Тоймастова, «Намояндагии ибтикороти умумиҷаҳонӣ оид ба равоншиносӣ»:

-Ба ман гузориши профессор Назаров хеле маъкул афтод. Бубинед, созмони онҳо тавонист пас аз анҷом ёфтани грант бо усули худ хароҷоти мавҷудияташро нигоҳ дорад. Чунин таҷриба бояд дар ҳама ҷо ҷорӣ гардад.

  • Тозагул Самадова, роҳбари «Наҷиба»:

- Ман дар доираи як лоиҳа сарпарастонро аз Ирон ва Афғонистон даъват намудам. Онҳо пурра омода ҳастанд, ки бо мо ҳамкорӣ намоянд. Аммо бархӯрди Раиси ноҳия бо онҳо хеле дағалона буд. Умуман имрӯз хеле хуб мешуд, агар роҳбарони сатҳи поёнии ҳукумат ва махсусан дар маҳалҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо СҒД бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.

  • Авазхон Сироҷев, "Садои кӯҳсор":

- Дар суханронии худ Шоҳинбодов бо шӯхӣ гуфтанд, ки донорҳо гурехтанд. Албатта, ин шӯхӣ буд. Ман барои тақвияти фикрам аз як филм иқтибос меорам. Марде зани хушрӯйро таъриф мекунад. Зан мегӯяд: Медонам, ту дурӯғ мегӯӣ, аммо ин бароям хеле гуворо аст. Ҳамин тавр ҳам маъракаи таблиғотии фаъолияти СҒД воқеӣ бояд таблиғ шавад. Барои ҷалби донорҳо мо бояд намоиши дастовардҳои СҒД-ро ташкил кунем. Он гоҳ худи донор барои дастгирии молӣ созмонҳоро интихоб мекунад.

  • Муаттар Ҳайдарова, роҳбари «Ҷомеа ва Ҳуқуқ»:

- Ташкилоти мо барои чандин сол аст, ки барои эҷоди фазои комили ҳуқуқӣ ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона кор мекунад. Мо дар ин муддат қонунҳо ва санадҳои зиёдеро барои муҳокимаи Парламент, баррасӣ ва мулоҳизаҳои ҷамъиятӣ тайёр кардаем. Кормандони ташкилот ҳамеша омода ҳастанд, ки ба саволҳои шумо ҷавоб диҳанд ва ё дар ҳалли мушкилиҳо дасти мадад дароз намоянд. Мавзӯи баҳст Форуми имрӯза дар ҳамин қарина хеле муҳим ва мубрам аст. Бояд самтҳои асосии фаъолият ва заминаҳои воқеии ҳамкориҳо ва аз ҳамин тариқ фаъол сохтан ва мавриди истифода қарор додани сарчашмаҳои дохилии дастгирии молӣ ҷиддӣ баррасӣ шаванд.

 

  • Ашӯрбекова Рухшона, директори «Сано»:

-Иттиҳодияи чамъиятии мо се сол боз фаъолият мекунад. Мо аз Анҷуман миллии СҒД ва шахсан Каримов барои дастгирӣ миннатдорем. Аммо дар инҷо хеле хуб қайд шуд, ки сохторҳои хукматӣ ба фаъолияти созмонҳо шинос нестанд. Барои гирифтани ичозатномаҳо монеаҳо эҷод мекунанд.

  • Халилов А., роҳнамои «ГИВ- аксент»:

-Ман гарчанде ба Форум даъват нашуда бошам ҳам, фурсат пайдо карда иштирок кардам, зеро Форум ҳалли бисёр маъалаҳои муҳимро ба миён гузоштааст. Имруз созмонҳо бояд ба таблиғи фаъолияти хеш ҷиддӣ машғул шаванд. Аз мавҷудияти онҳо бахши тиҷорат ва соҳибкорон маълумоти кофӣ надоранд. Барои ин ҳам ба ин шабака маблағгузорӣ намекунанд ва ё хеле кам алоқа нишон медиҳанд.

  • Рухшона Шобиддинова, директори «Олами кӯдакон»:

- Сараввал ба ташкилкунандагон барои дастгирӣ ва ташкили Форум арзи сипос мекунам. Тифли мо низ чорсола шуд. Мо дар ин муддат фақат аз инҳо дастгирӣ дидем. Дар ин ҷо дар мавриди устод Камол Шанбезода суханони хуб гуфтанд. Вокеан имрӯз созмонҳое, ки ба тарбияи маюбон ва тифлон машгуланд, мӯҳтоҷи дастгирӣ мебошанд.

  • Шамсиддин Каримов:

- Пешниҳод аст, ки дар ҳамин ҷо баромадҳо ва мулоҳизарониҳоро қатъ намоем. Таклиф ин аст, ки ҳамаи ширкаткунандагон ба ду гурӯҳ тақсим шаванд. Ба гурӯҳҳо пешниҳодд карда мешавад, ки лоиҳаи Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД, ки гурӯҳи коршиносон дар се фарзия омода сохтаанд, мавриди омӯзиш ва муҳокимаҳо қарор диҳанд.

           Баъд вакилон ва меҳмонони Форум ба ду гурӯҳи корӣ тақсим шуданд ва лоиҳаи Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва СҒД-ро муҳокима ва баррасӣ намуданд (Замимаи 13). Роҳбарони гурӯҳҳо гузориш доданд ва пешниҳодҳои онҳо мавриди баррасӣқарор гирифт. Муаттара Ҳайдарова ин қисмати маҷлисро роҳбарӣ намуд. Дар охир бо назардошти пешниҳодҳои гурӯҳҳо Форум чунин қарор кард:

 

  1. Гузоришҳо ва пешниҳодҳои Форум дар шакли протокол дар фарзияи электронӣ барои шиносоӣ ва баррасии бештар ва ҷалби мулоҳизаҳои доираи васеътари алоқамандон ба ҳама дастрас карда шавад (аз тариқи Торнома ва почтаи электронӣ);
  2. Маводи Форуми сеюми миллии СҒД Точикистон дар шакли мукаммал барои дастрасии комил дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба нашр расонда шавад;
  3. Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки баъди муҳокимаҳои умумӣ шакли ниҳоии Консепсияи миллии ҳамкориҳои иҷтимоиро на дертар аз моҳи июни соли 2011 ба Ҳукумат ва Парламенти Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намояд.

 

 

Раис:                                                                        Шамсиддин Каримов

Котиб:                                                                    Наҷмиддин Шоҳинбодов

                                            

14 декабри соли 2010,

ш. Душанбе

Новости

Пред След

Республиканский Форум «Улучшен…

  В городе Душанбе 5 марта 2018 года, - более 125 человек при запланированном 80 человек, в том числе представители Парламента Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел РТ, Министерства экономики и торговли... Подробнее »

Республиканский Форум «Улучшение доступа женщин-предпринимателей Таджикистана к безопасности и пути его совершенствования»

Международный день девочек

Международный день девочек   Вот уже второй год подряд в районе Рудаки широко и торжественно отмечается Международный день девочек. В этом году он проходил под девизом "Я горжусь, что я девочка!".  Цель... Подробнее »

Международный день девочек

USAID опубликовал 18-ое издани…

        ПРЕСС РЕЛИЗ Растущий разрыв в устойчивости гражданского общества в регионе: USAID опубликовал 18-ое издание Индекса устойчивости организаций гражданского общества в регионе Центральная и Восточная Европа и Евразия   23 июля 2015г. г. Душанбе. Сектор... Подробнее »

USAID опубликовал 18-ое издание Индекса устойчивости организаций гражданского общества в регионе Центральная и Восточная Европа и Евразия

USAID опубликовал 17-ое издани…

  USAID опубликовал 17-ое издание отчета по Индексу устойчивости ОГО по региону Европа и Евразия за 2013г.  Организации гражданского общества в Европе и Евразии в основном извлекают пользу от... Подробнее »

USAID опубликовал 17-ое издание отчета по Индексу устойчивости ОГО по региону Европа и Евразия за 2013г.

Круглый стол представителей НП…

Круглый стол представителей НПО с Партией исламского возрождения Таджикистана   18 марта 2014 года в Душанбе прошел очередной круглый стол НПО с представителями политических партий Таджикистана. Встреча прошла в рамках проекта, инициированного Национальной... Подробнее »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

  ПРЕСС-РЕЛИЗ   21-23 мая 2014 года в Астане, во Дворце Независимости РК состоится Международный Форум Женщин «G-global– роль женщин в новой экономике» в рамках VII Астанинского экономического форума (АЭФ).   Астанинский экономический форум... Подробнее »

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Укрепление взаимодействия с гр…

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана   ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ  Организации гражданского общества (ОГО) в Таджикистане продолжают усердно работать, несмотря на различные сложности, внося свой вклад в экономическое развитие и подотчетное оказание услуг. Всемирный... Подробнее »

Укрепление взаимодействия с гражданским обществом Таджикистана

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ…

ТАҚВИЯТИ НЕРӮИ СҒД ДАР БОБАТИ МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ЛОИҲАҲОИ ҶАМЪЯИТӢ   Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон лоиҳаеро таҳти унвони «Танзими сӯҳбатҳои мизи мудаввар барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири пешбурди талабот ба тарзи... Подробнее »

ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ СОЗМОНҲ…

 ДАСТГИРИИ ҲУҚУҚӢ  БАРОИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ Ҳуҷҷатгузорӣ ва тибқи низоми мавҷуда сари вақт омода сохтани маълумоту ҳисобот ба мақомоти марбута яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Арзишмандии ҳуҷҷат... Подробнее »

НПО Хорога организовали большо…

НПО Хорога организовали большой благотворительный концерт 16.08.2010 19:58:16         10 августа на центральном стадионе Хорога, при участие певцов и актеров областного музыкально -драматического театра, отдела культуры, и местных молодежных групп города, состоялся... Подробнее »

НПО Хатлона готовы к сотруднич…

НПО Хатлона готовы к сотрудничеству с журналистами 10/8/2009 4:16:21 PM       Общественная организация «Академия массовой коммуникации» продолжила проведение круглых столов по теме: «Взаимодействие НПО и СМК». Очередной круглый стол состоялся 25... Подробнее »

Первое укрепление взаимодейств…

Первое укрепление взаимодействия НПО и журналистов 08.10.2009 16:40:31        Руководитель информационно-аналитического отдела Хукумата Согдийской области Илхом Джамолиён, выступая перед участниками, обозначил необходимость проявления инициативы к взаимодействию с НПО в первую очередь... Подробнее »

Взаимодействие НПО и СМК

Взаимодействие НПО и СМК 08.10.2009 16:48:14 Общественная организация «Академия массовой коммуникации» в рамках проекта «Взаимодействие НПО и СМК» в августе начала проведение круглых столов. Первый круглый стол на тему: «Взаимодействие НПО... Подробнее »

Встреча представителей НПО с п…

Встреча представителей НПО с президентом Санкт-Петербургского центра Стратегия 18.11.2009 23:05:57       17 сентября состоялась встреча представителей общественных организаций Таджикистана с президентом Санкт-Петербургского центра СТРАТЕГИЯ А.Ю.Сунгурова в Душанбе. Встреча была организована... Подробнее »

Общественные организации столи…

Общественные организации столицы изучили основы PR 18.11.2009 23:49:35 Взаимодействие общественных организаций с журналистами, организация пресс-конференций, создание пресс-релизов и другие основы связей с общественностью были рассмотрены на очередном круглом столе общественными организациями... Подробнее »

Общественные организации столицы изучили основы PR

Оценка индекса устойчивости НП…

Оценка индекса устойчивости НПО в Таджикистане за 2009 19.11.2009 0:34:19       12 ноября 2009 года в городе Душанбе состоялась очередная ежегодная встреча руководителей и представителей ведущих неправительственных организаций страны для... Подробнее »

Социальная Ярмарка «От самопом…

Социальная Ярмарка «От самопомощи к широкой роли в обществе» 03/12/2009 21:31:20 В Душанбе прошла центрально-азиатская социальная ярмарка групп самопомощи членов сети «Ишеним». Центрально-азиатская сеть «Ишеним» была основана в 1998 году неправительственными организациями... Подробнее »

Участники Второго Национальног…

Участники Второго Национального форума НПО Таджикистана обратятся к президенту и парламенту республики 14/12/2009 21:16:34 Душанбе. 10 декабря. «Азия-Плюс» - Второй Национальный форум неправительственных организаций (НПО) Таджикистана, организованный при финансовой поддержке Швейцарского... Подробнее »

ВТОРОЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ ФОРУМ НПО …

ВТОРОЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ ФОРУМ НПО ТАДЖИКИСТАНА 15/12/2009 20:19:41       10 декабря в городе Душанбе состоялся очередной, по счёту уже Второй национальный форум неправительственных организаций (НПО) Таджикистана. В работе форума приняли участие... Подробнее »

Резолюция второго национально…

Резолюциявторого национального Форума неправительственных организаций Таджикистана 17/12/2009 14:51:48 История формирования и совершенствования НПО неразрывно взаимосвязана с новым периодом нашей страны. Именно благодаря обретению реальной государственной и национальной независимости стало возможным заметное... Подробнее »

Обращение делегатов второго на…

Обращениеделегатов второго национального Форума неправительственных организаций Таджикистана Президенту Республики Таджикистан 17/12/2009 15:25:51 Уважаемый Эмомали Рахмон! Несомненно, одно из важнейших достижений нашей страны в годы государственной независимости, заметного подъема национального самосознания является развитие... Подробнее »

Гражданский сектор Таджикистан…

Гражданский сектор Таджикистана требует места в парламенте и права участия в мониторинге инвестиций 22/12/2009 23:33:27 Лидеры неправительственных организаций провели в Душанбе второй национальный форум НПО Таджикистана, на котором заявили о своей... Подробнее »

«КРУГЛЫЕ СТОЛЫ» ПО СОЦИАЛЬНОМУ…

"КРУГЛЫЕ СТОЛЫ» ПО СОЦИАЛЬНОМУ ПАРТНЕРСТВУ" 24.12.2009 22:20:07        На днях в городах Кулябе и Дангаре состоялись серии «круглых столов» по социальному партнерству с участием представителей неправительственных организаций, исполнительных органов государственной... Подробнее »

ПРОБЛЕМЫ УСИЛЕНИЯ СОЦИАЛЬНОГО …

ПРОБЛЕМЫ УСИЛЕНИЯ СОЦИАЛЬНОГО ПАРТНЕРСТВА ОБСУЖДАЛИСЬ В ДУШАНБЕ 30.01.2010 17:50:44         С 26 по 29 января 2010 г. в Душанбе состоялись серии «круглых столов» по социальному партнерству с участием представителей... Подробнее »

ПРОБЛЕМЫ УСИЛЕНИЯ СОЦИАЛЬНОГО ПАРТНЕРСТВА ОБСУЖДАЛИСЬ В ДУШАНБЕ

ГОСУДАРСТВЕННЫЙ СОВЕТНИК ПРИНЯ…

ГОСУДАРСТВЕННЫЙ СОВЕТНИК ПРИНЯЛ ПРЕДСЕДАТЕЛЯ НАЦИОНАЛНОЙ АССОЦИАЦИИ НПО ТАДЖИКИСТАНА 08.02.2010 17:01:22        5 февраля текущего года состоялась встреча государственного советника Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и общественных отношений Саимурода... Подробнее »

СОЦИАЛЬНОЕ ПАРТНЕРСТВО - ГАРАН…

СОЦИАЛЬНОЕ ПАРТНЕРСТВО - ГАРАНТИЯ ВЗАИМОВЫГОДНОГО СОТРУДНИЧЕСТВА 23.02.2010 15:36:47        Фонд развития Таджикистана в рамках проекта «Усиление гражданского общества через консолидации и координации институтов гражданского общества», финансируемого Правительством Великобритании (DFID) через... Подробнее »

СОЦИАЛЬНОЕ ПАРТНЕРСТВО - ГАРАНТИЯ ВЗАИМОВЫГОДНОГО СОТРУДНИЧЕСТВА

В Душанбе вышла в свет моногра…

В Душанбе вышла в свет монография «Особенности развития жанров в региональных телекомпаниях Таджикистана» 25/02/2010 05:29:11 В Душанбе вышла в свет монография молодого учёного-исследователя Мухайё Орифовой "Особенности развития жанров в региональных телекомпаниях... Подробнее »

НПО «Бинокор» построила малую …

НПО «Бинокор» построила малую ГЭС в Файзабадском районе 25/02/2010 20:57:13 В 2009 году решением Правительства страны была принята долгосрочная программа по строительству малых ГЭС на период с 2009 по 2020 годы,... Подробнее »

НПО «Бинокор» построила малую ГЭС в Файзабадском районе

Совершенствование правовых зна…

Совершенствование правовых знаний в районе Рудаки 03/03/2010 21:32:13 Международная общественная организация «Право и Благоденствие» в рамках проекта «Власть народу. Управление во благо уязвимых групп населения» финансируемого Министерством международного развития правительства Великобритании... Подробнее »

В Душанбе вышел в свет справоч…

В Душанбе вышел в свет справочник средств массовой коммуникации Таджикистана на таджикском языке 18/03/2010 19:15:53 Справочник средств массовой коммуникации (СМК) Таджикистана на таджикском языке «Маълумотномаи васоити иртиботи оммаи То?икистон» вышел сегодня... Подробнее »

Общественные слушания по социа…

Общественные слушания по социальному партнерству 30/03/2010 21:17:52 Вопрос об активном участии граждан в ходе подготовки и принятия важных документов имеет огромное значение в процессе становления и развития гражданского общества. В Таджикистане... Подробнее »

Красный Полумесяц отправил неп…

Красный Полумесяц отправил непродовольственную помощь пострадавшим в Истаравшане 22/04/2010 18:07:35 Согдийский областной филиал общества Красного Полумесяца Таджикистана отправил партию помощи жителям Истаравшана, пострадавшим от ливневых дождей, сообщил «АП» координатор по управлению... Подробнее »

Продаю ребенка…недорого!

Продаю ребенка…недорого! 08.05.2010 16:37:56 Уже 12-й час ночи, а они всё не спали. Сила голода не давала сну одолеть намаявшихся за день детей. Чтобы как-то отвлечь их от мысли еды, мать... Подробнее »

Прошу заменить 12 лет заключен…

Прошу заменить 12 лет заключения на смертную казнь 08.05.2010 16:55:31 Когда судья зачитывал приговор, в зале стояла гробовая тишина. Шум работающего кондиционера сливался со звуком жужжания неугомонно мечущейся крупной мухи. Она... Подробнее »

Достижение устойчивого развит…

Достижение устойчивого развития Варзобского района Республики Таджикистан через разработку программы экологического управления 13.05.2010 21:59:17       30 апреля 2010г. ОО «Фонд поддержки гражданских инициатив» провел заключительный семинар, посвященный реализации проекта «Достижение... Подробнее »

Партнёрство – ради развития

Партнёрство – ради развития 22.05.2010 14:25:18        21 мая 2010 года в городе Пенлжикенте в конференц зале Исполнительного Органа Государственной Власти в рамках проекта «Усиление гражданского общества через консолидацию и... Подробнее »

Партнёрство – ради развития

СОЦИАЛЬНОЕ ПАРТНЕРСТВО в ГБАО

СОЦИАЛЬНОЕ ПАРТНЕРСТВО в ГБАО 06/07/2010 09:31:42 Фонд развития Таджикистана в рамках проекта «Усиление гражданского общества через консолидации и координации институтов гражданского общества», финансируемого Правительством Великобритании (DFID) через Фонда Агахана, продолжает проведение... Подробнее »

СОЦИАЛЬНОЕ ПАРТНЕРСТВО в ГБАО

КРУГЛЫЙ СТОЛ ПО РЕЗУЛЬТАТАМ ВТ…

КРУГЛЫЙ СТОЛ ПО РЕЗУЛЬТАТАМ ВТОРОГО НАЦИОНАЛЬНОГО ФОРУМА НПО ТАДЖИКИСТАНА 06/07/2010 10:10:37 29 июля 2010. В Кулябе состоялся круглый стол, посвященный результатам Второго Форума НПО Таджикистана, проходившего в декабре 2009 года в... Подробнее »

Представители НПО, государстве…

Представители НПО, государственных организаций, бизнес структури СМИ ГБАО обсудили вопросы социального партнерства 16/08/2010 19:33:40 Накануне в Хороге прошел круглый стол, на котором, представители НПО, государственных и бизнес структур, а также СМИ... Подробнее »

КОНСУЛЬТАТИВНАЯ ВСТРЕЧА ПО ВНЕ…

КОНСУЛЬТАТИВНАЯ ВСТРЕЧА ПО ВНЕШНЕЙ ПОМОЩИ В ГБАО 16/08/2010 19:50:37 7-9 июля представители организации гражданского общества страны провели консультативную встречу, на которой были обсуждены вопросы повышения эффективности внешней помощи в достижении результатов... Подробнее »

Образование взрослых

Образование взрослых 02/09/2010 03:33:33         На прошлой недели в городе Хороге, прошла Неделя образования взрослых. Она была организованного по инициативе Школы профессионального и непрерывного образования Университета Центральной Азии (ШПНО УЦА), Центра поддержки... Подробнее »

Образование взрослых

Представители НКО изучили перс…

Представители НКО изучили перспективы участие граждан в решения проблем общества 02/09/2010 03:38:17         На семинаре представителей некоммерческих организаций (НКО) ГБАО, состоявшейся накануне в Хороге, были изучены новое в законодательстве РТ об деятельности... Подробнее »

Учительские и родительские орг…

Учительские и родительские организации намерены объединиться 02/09/2010 03:48:07         Учительские и родительские организации ряда школ ГБАО, намерены, объединится в единую ассоциацию.           С этой цели, в минувшую субботу в Хороге состоялся семинар-встреча представителей... Подробнее »

Обращение ОО «Центр по Психиче…

Обращение ОО «Центр по Психическому здоровью и ВИЧ/СПИД» 06/10/2010 10:39:27         Уважаемые коллеги и друзья!         В феврале текущего года со стороны, бывшей сотрудницы Центра Лилии Исламовойпо средствам Интернет и электронной рассылки было... Подробнее »

Закон об НПО: Азербайджан прои…

Закон об НПО: Азербайджан проиграл еще одно дело в Европейском Суде 20.08.2011 17:58:25 Магомед Гулузаде, Наталия Боржелли   Вступление 9-го октября 2009 года Азербайджан проиграл дело в Европейском Суде по правам человека (ЕСПЧ) в силу... Подробнее »

Вход